Tajik

2 Timothy

4

1ПАС, туро ба қузури Худо ва Исои Масеҳи Худованд, ки зиндагон ва мурдагонро доварӣ хоҳад кард, ва ба зуҳури Ӯ ва ба Малакути Ӯ қасам медиҳам,2Ки каломро мавъиза кунӣ ва дар вақги муносиб ё номуносиб омода бошӣ, бо тамоми пурсабрӣ омӯзгорй ва мазаммат, манъ ва насиҳат кунӣ.3Зеро замоне фаро Ҳоҳад расид, ки таълимоти солимро қабул нахоҳанд кард, балки бар тибқи ҳавасҳои худ барои худ муаллимоне хоҳанд баргузид, ки нутқашон ба гӯшҳо хуш ояд;4Ва гӯшҳои худро аз ростӣ гардонда, ба қиссаҳо рӯ ҳоҳанд овард.5Аммо ту дар ҳама чиз ҳушьёр бош ва уқубат кашида, кори башоратдиҳандаро ба ҷо овар ва хизмати худро иҷро намо.6Зеро ки ман акнун қурбонии рехтанӣ мешавам, ва замони риҳлатам фаро расидааст.7Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам;8Ва акнун барои ман тоҷи адолат муҳайе гардидааст, ки онро Худованд, Довари одил, дар он рӯз ба ман хоҳад дод; ва на танҳо ба ман, балки низ ба ҳамаи онҳое ки зухури Ӯро дӯст доштаанд.9Саъю кӯшиш намо, ки ба зудй назди ман биёӣ.10Зеро ки Димос ин дуньёро дӯст дошта, маро тарк кард ва ба Таслӯникӣ равона шуд; Қрисқис ба Ғалотия рафт, ва Титус - ба Далмотия; танҳо Луқос бо ман аст.11Марқӯсро гирифта ҳамроҳат биёр, зеро ки ба ман барои хизматам муфид аст.12Ман Тӯхиқӯсро ба Эфсӯс фиристодам.13Хднгоми омаданат ридоеро, ки ман дар Трӯас назди Қарпӯс мондаам, биёр, китобҳоро низ, алалхусус онҳоеро, ки ба коғази пӯстӣ навишта шудаанд.14Искандари мисгар ба ман бисьёр бадй кард. Худованд мувофиқи аъмолаш подоше ба ӯ хоҳад дод.15Ту низ аз ӯ эҳтиет шав, зеро ки ӯ ба паёми мо сахт муқобилият кард.16Дар муҳокимаи аввалинам ҳеҷ кас тарафи маро нагирифт, балки ҳама маро тарк карданд. Бигзор ин барояшон гуноҳ ҳисоб нашавад!17Аммо Худованд ёри ман буд ва маро қавй кард, то ки ба воситаи ман башорат тамоман эълон гардад, ва ҳамаи халқҳо онро бишнаванд; ва ман аз даҳони шер раҳо шудам.18Ва Худованд маро аз ҳар амали бад халосӣ дода, барои Малакути Осмонии Худ маҳфуз хоҳад дошт. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.19Ба Прискила ва Акило ва аҳли хонаи Анисифӯрус салом расон.20Арастус дар Қӯринтӯс монд; ва Трофимӯсро дар Милитус бемор вогузоштам.21Саъго кӯшиш намо, ки пеш аз зимистон биёй. Ӯвулус ва Пудис, ва Линӯс ва Клавдиюс, ва ҳамаи бародарон ба ту салом мерасонанд.22Исои Масеҳи Худованд бо рӯҳи ту бод. Файз бо шумо бод. Омин.