Tajik

Titus

1

1ПАВЛӮС, бандаи Худо ва ҳаввории Исои Масеҳ, ба ҳасби имони баргузидагони Худо ва дониши ростие ки дар диндорист,2Ба умеди ҳаёти ҷовидонӣ, ки Худо, ки наметавонад дурӯғ бигӯяд, онро аз азал ваъда кардааст,3Ва дар замони муайян каломи Худро дар паёме зоҳир намудааст, ки он бо амри Наҷотдиҳағдаи мо Худо ба ман супурда шудааст, -4Ба Титус, фарзанди ҳақикиам, ки ҳар дуи мо дар як имон муштаракем, файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳи Худованд бод.5Барои он туро дар Крит мондаам, ки корҳои нотамомро ба анҷом расонй ва дар ҳамаи шаҳрҳо пиронро таъин намоӣ, чунон ки ба ту амр фармудаам:6Агар касе беайб ва соҳиби як зан буда, фарзандони имондоре дошта бошад, ки дар фиску фуҷур ё беитоатӣ мазаммат нашудаанд.7Зеро ки ускуф бояд, чун муваккали Худо, беайб бощад, на худгшсанд, на ҳашмгин, на бадмаст, на муштзӯр, на тамаъкор,8Балки меҳмоннавоз, хайрхоҳ, боксмат, боинсоф, парҳезгор, худдор.9Ӯ бояд ба каломи ҳақиқи, ки мувофиқи таълимот аст, қоим бошад, то ки баъзеро бо таълимоти солим насиҳат диҳад ва мухолифонро танбеҳ кунад.10Зеро ки бисьёр касони беитоат, ёвагӯй ва фиребгар ҳастанд, алалхусус аз байни махтунон.11Даҳонашон бояд баста шавад: олҳо хонаҳои томро фосид карда, аз рӯи тамаи нангин, чизҳое таълим медиҳанд, ки шоиста нест.12Шоире аз байни хуцашон чун набие чунин гуфтааст: "Критиён ҳамеша дурӯғгӯ ҳастанд, ва даррандагони бадкин, ва шикампарастони танбал".13Ин шаҳодат дуруст аст. Ба ин сабаб онҳоро ба таври ҷиддӣ мазаммат намо, то ки дар имон солим бошанд,14Ва ба қиссаҳои яҳудиён ва ба аҳкоми одамоне ки аз ростй рӯй мегардонанд, гӯш наандозанд.15Барои покон ҳама чиз пок аст; вале барои палидон ва беимонон ҳеҷ чиз пок нест, балки ҳам хиради онҳо ва ҳам виҷдонашон палид гардидааст.16Онҳо мегӯянд, ки Худоро мешиносанд, лекин бо аъмолашон Ӯро инкор менамоянд, дар ҳолате ки зишткор ва беитоат буда, ба ҳеҷ амали нек қобил нестанд.