1НОМАИ аввалро навиштаам, эй Теофилус, дар бораи ҳар он чи Исо ба амал овард ва таълим дод аз ибтидо,2То ҳамон рӯзе ки ба василаи Рӯҳулқудс ба ҳаввориёни баргузидаи Худ дастурҳо дод ва ба осмон бурда шуд;3Ба онҳо низ, баъд аз азобу укубаташ, бо далелҳои бисьёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чиҳил рӯз ба онҳо зоҳир шуда, дар бораи Малакути Худо сухан гуфг,4Ва онҳоро ҷамъ карда, чунин амр фармуд: сЕрусалимро тарк накунед, балки мунтазири он ваъдаи Падар бошед, ки аз Мак шунидаед;5Зеро ки Яҳьё бо об таъмид медод, лекин шумо, баъд аз чанд рӯз, бо Руҳулқудс таъмид хоҳед ёфт».6Пас, онҳое ки ҷамъ шуда буданд, ба Ӯ савол дода, гуфтанд: сХудовандо, оё дар ҳамин вакт салтанатро бар Исроил аз нав барқарор хоҳӣ кард?»7Ба онҳо гуфт: сКори шумо нест, ки замонҳо ва мӯҳлатҳоеро, ки Падар бо қудрати Худ муқаррар намудааст, бидонед;8Аммо вақге ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват Хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дуньё шоҳидони Ман хоҳед буд».9Ҳамин ки инро гуфт, боло бурда шуд, ва онҳо менигаристанд, ва абре Ӯро аз пеши назари онҳо гирифта бурд.10Чун Ӯ боло мебаромад, ва онҳо ба осмон менигарисТанд, ногоҳ ду марди сафедпӯш назди онҳо пайдо шуданд11Ва гуфтанд: «Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода, сӯи осмон нигаронед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чӣ тавре ки Ӯро сӯи осмон равона дидед, боз ҳамон тавр хоҳад баргапхг».12Он гоҳ онҳо аз кӯҳи Зайтун, ки дар наздикии Ерусалим ба масофати роҳравии рӯзи шанбе воқеъ аст, сӯи Ерусалим равона шуданд13Ва, чун расиданд, ба болохонае баромаданд, ки дар он ҷо Петрус ва Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс, Филиппус ва Тумо, Барталмо ва Матто, Яъкуб ибни Ҳалфой ва Шимъӯни Ғаюр ва Яҳудо ибни Яъқуб иқомат доштанд;14Ҳамаи онҳо якдилона ба дуо машғул буданд, ва ҳамроҳашон занон ва Марьям модари Исо ва бародарони Ӯ низ буданд.15Дар он рӯзҳо Петрус дар миёни шогирдон, ки дар ҷамъомад тақрибан саду бист нафар буданд, бархоста, гуфт:16«Эй бародарон! Мебоист он Навишта иҷро мешуд, ки Рӯҳулкудс бо забони Довуд дар бораи Яҳудо пешгуй кард, ки вай роҳнамо буд ба онҳое ки Исоро дастгир карданд;17«Вай ба мо мансуб гардида, насибе дар ин ҳизмат ёфт;18«Ва инак, вай ба музди бадкирдории худ мазраае харид ва бар он рӯйнокӣ афтода, шикамаш кафид, ва тамоми амъояш берун шуд;19«Хабари ин ба гӯши ҳамаи сокинони Ерусалим расид, ва он мазраа ба забони онҳо Ҳақалдамо, яъне "Мазрааи хушщ" номида шудааст.20«Зеро ки дар китоби Забур навишта шудааст: "Манзили вай хароб гардад ва касе дар он сокин нашавад"; ва: "Ҷоху ҷалоли варо дигаре бигирад".21«Бинобар ин аз касоне ки ҳамроҳи мо буданд дар тамоми он муддате ки Исои Худованд бо мо рафтуомад дошт,22«Яъне аз вақти таъмиди Яҳьё" то рӯзе ки Ӯ аз пеши мо боло бурда шуд, - яке аз онҳо бояд бо мо шоҳиди эҳьёиӮ бишавад».23Ва ду нафарро: Юсуфро, ки Барсаббо ном дошта, лақабаш Юстус буд, ва Матьёсро пешниҳод карданд24Ва дуо карда, гуфтанд: «Ту, эй Худованд, ки Орифулқалб ҳастӣ, бинамо якеро, ки аз ин ду баргузидай,25«То ки вай насиби ин хизмат ва ҳаввориятро пайдо кунад, ки Яҳудо аз он маҳрум шуда, ба макони худ рафтааст»,26Қуръае барои онҳо партофтанд, ва қуръа ба номи Матьёс баромад, ва ӯ ба ёздаҳ ҳаввориён мансуб гащт.