1ВАҚТЕ ки рӯзи Пантикост фаро расид, ҳамаашон якдилона дар як ҷо ҷамъ омаданд;2Баногоҳ ғулғулае, мисли садои тундбод, аз осмон баромад ва тамоми ҳонаро пур кард,3Ва забонаҳои аз ҳам чудое, мисли забонаҳои оташ, ба онҳо зоҳир шуда, яктоякто бар ҳар яке аз онҳо қарор гирифт.4Ҳамаашон аз Рӯҳулқудс пур шуданд, ва чун Рӯҳ ба онҳо қудрати такаллум баҳпшд, ба эабонҳои дигардигар ба сухан гуфтан шурӯъ карданд.5Дар Ерусалим яҳудиён, одамони худотарсе ки аз ҳар халқи зери осмон буданд, сукунат доштанд.6Ҳангоме ки он ғулғула баланд шуд, мардуми бисьёре ҷамъ омада, дар ҳайрат афтоданд, зеро ки ҳар кас ба забони ҳудаш сухани онҳоро мешунид.7Ва ҳама моту мабҳут ва мутааҷҷиб шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Оё ҳамаи инҳо, ки гап мезананд, ҷалилй нестанд?8«Пас чӣ гуна ҳар яке аз мо сухани онҳоро ба забони зодгоҳи худ мешунавем?9«Мо, ки портиён ва модиён ва эломиен, ва сокинони байнаннаҳрайн, Яҳудо ва Қаппадукия, Понтус ва вилояти Осиё,10«Фриҷия ва Памфилия, Миср ва ноҳияи Либия, ки дар наздикии Курин аст, ва зиёратчиёни румӣ, ҳам яҳудиён ва ҳам онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул кардаанд,11«Ва аҳли Крит ва Арабистон ҳастем, суханони инҳоро аз кибриёи Худо ба забонҳои худамон мещунавем».12Хдма мутааҷҷиб шуда ва дар ҳайрат афтода, ба якдигар мегуфтанд: «Ин чй маъно дорад?»13Вале баъзе касон истеҳзокунон мегуфтанд: «Инҳо май хӯрда, маст шудаанд».14Он гоҳ Петрус, бо он ёздаҳ нафар, бархоста ва овози худро баланд карда, ба онҳо гуфт: «Эй мардони Яҳудо ва ҳамаи сокинони Ерусалим! Инро бидонед ва суханони маро гӯш кунед: Ба амал омадани нубуввати Юил.15«Инҳо маст нестанд, чунон ки шумо гумон мекунед, зеро ки ҳоло соати сеи рӯз аст,16«Балки ин ҳамон чиз аст, ки Юили набӣ гуфтааст:17"Ва дар рӯзҳои охир, мегӯяд Худо, чунин хоҳам кард: Рӯҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт, ва писарону дуҳтарони шумо нубувват хоҳанд кард, ва ҷавонони шумо рӯъёҳо ва пирони шумо хобҳо хоҳанд дид;18"Ва ҳатто бар ғуломону канизони Худ дар он рӯзҳо Рӯҳи Худро хоҳам рехт, ва онҳо нубувват хоҳанд кард;19"Ва аз боло дар осмон мӯъҷизот ва аз поён дар замин аломот: ҳун ва оташ ва буҳороти дуд ба зухур хоҳам овард:20"Пеш аз он ки рӯзи азиму пуршукӯҳи Худованд фаро расад, офтоб ба зулмот ва моҳ ба хун мубаддал хоҳад шуд;21"Ва чунин хоҳад шуд, ки ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт".22«Эй мардони Исроил! Ба ин суханон гӯш диҳед: Исои Носирй Марде буд, ки назди шумо аз ҷониби Худо бо кувваҳо ва мӯъҷизот ва аломоте ки Худо дар миёни шумо ба василаи Ӯ социр кард, ба субут расид, чунон ки худатон низ медонед;23«Ӯро, ки аз рӯи маслиҳати муайян ва огоҳии пешакии Худо таслим карда шуд, шумо бо дасти бадкирдорон бар салиб мехкӯб карда, куштед;24«Вале Худо завлонаи маргро шикаста, Ӯро эҳьё кард, зеро ғайриимкон буд, ки марг Ӯро дар қайдаш нигоҳ дорад.25«Зеро ки Довуд дар ҳаққи Ӯ мегӯяд: "Худовандро ҳамеша пеши назари худ медидам, зеро ки Ӯ ба ямини ман аст, то ки фурӯ нағалтам:26"Ба ин сабаб дилам шод шуд, ва забонам ба ваҷд омад; ҳатто ҷисмам дар умед сокин хоҳад шуд,27"Зеро ки ҷони маро дар дӯзах нахоҳй андохт, ва нахоҳӣ гузошт, ки қуддуси Ту фаноро бубинад.28"Тариқи ҳаётро ба ман омӯхтаӣ ва бо хузури Худ маро аз шодӣ пур хоҳй кард".29«Эй бародарон! Изн мехоҳам, то ки ҷуръат намуда, ба шумо дар бораи падари мо Довуд бигӯям, ки ӯ вафот ёфта, дафн карда шудааст, ва қабраш то имрӯз дар миёни мо боқист;30«Азбаски ӯ пайғамбар буд ва медонист, ки Худо барои ӯ қасам ёд кардааст, ки аз насли ӯ Масеҳро ба миён оварад, то ки бар тахти ӯ бинишонад,31«Бинобар ин дар бораи эҳьёи Масеҳ пешбинй карда, гуфт, ки ҷони Ӯ дар дӯзах намонд, ва ҷисми Ӯ фаноро надид.32«Ҳамин Исоро Худо эҳьё кард, ва ҳамаи мо шоҳидони он ҳастем.33«Акнун, ки Ӯ ба ямини Худо боло бурда шудааст, ваъдаи Рӯҳулқудсро аз Падар ёфта, он чиро, ки шумо дида ва шунида истодаед, фурӯ рехтааст,34«Зеро ки Довуд ба осмон набаромад, вале худаш мегӯяд: "Худованд ба Худованди ман гуфт: ба ямини Ман бинишин,35"То ки душманонатро зери пои Ту андозам".36«Пас, эй тамоми хонадони Исроил, яқинан бидонед, ки Худо Ҳамин Исоро, ки шумо маслуб кардед, Худованд ва Масеҳ гардондааст».37Чун шуниданд, дилреш шуда, ба Петрус ва ҳаввориёни дигар гуфтанд: «Эй бародарон, мо акнун чӣ кунем?»38Петрус ба онҳо гуфт: «Тавба кунед, ва ҳар яке аз шумо ба исми Исои Масеҳ барои омурзиши гуноҳҳо таъмид бигиред, ва атои Рӯҳулқудсро хоҳед ёфт;39«Зеро ки ин ваъда барои шумо ва фарзандони шумо ва барои ҳамаи онҳоест, ки дур ҳастанд, яъне бароя ҳар касе ки Худованд Худои мо ӯро бихонад».40Ӯ бо бисьёр суханони дигар ба онҳо шаҳодат медод ва мавъиза намуда, мегуфт: «Худро аз ин насли каҷрав раҳо кунед!»41Пас онҳое ки каломи ӯро бо рағбат кдбул карданд, таъмид гирифтанд, ва дар ҳамон рӯз тақрибан се ҳазор нафар ба онҳо ҳамроҳ шуданд,42Ва онҳо бо шунидани таълими ҳаввориён, бо мушоракати онҳо, бо шикастани нон ва бо дуо гуфтан машғул буданд.43Ҳама саросар ба ҳарос афтода буданд, ва бисьёр мӯъҷизот ва аломот аз дасти ҳаввориён дар Ерусалим ба амал омад.44Ҳамаи имондорон бо ҳам муттаҳид ва дар ҳама чиз шарик буданд:45Молу мулки худро мефурӯхтанд ва ба ҳама, мувофиқи эҳтиёҷоти ҳар кас, тақсим мекарданд;46Ҳар рӯз якдилона дар маъбад ҷамъ мешуданд ва дар хонаҳои худ нон шикаста, бо дилхушӣ ва самимият бо ҳам хӯрок мехӯрданд,47Худоро ҳамду сано мехонданд ва дар миёни тамоми мардум меҳру муҳаббат пайдо мекарданд, ва Худованд ҳар рӯз касонеро, ки наҷот меёфтанд, ба аҳли калисо меафзуд.