Tajik

Acts

3

1РӮЗЕ дар соати нӯҳуми вақги ибодат Петрус ва Юҳанно ба маъбад мерафтанд.2Марди ланги модарзоде буд, ки ҳар рӯз ӯро бардошта оварда, назди он дарвозаи маъбад, ки Ҷамил ном донп, мегузоштанд, то аз касоне ки ба маъбад меомаданд, садақа бигирад;3Вақте ки ӯ Петрус ва Юҳанноро назди даромадгоҳи маъбад дид, аз онҳо садақа пурсид.4Петрус, ки бо Юҳанно буд, ба ӯ синчакунон нигарисТа, гуфт: «Ба мо нигоҳ кун».5Ӯ ба онҳо назар дӯхт ба умеди он ки аз онҳо чизе бигирад.6Аммо Петрус гуфт: «Ман нуқра ва тилло надорам; лекин он чи дорам, ба ту медиҳам: ба исми Исои Масеҳи Носирӣ барҳезу роҳ рав».7Аз дасти росташ гирифта, ӯро ба по ҳезонд; баногоҳ пойҳо ва шитолингҳои ӯ қувват гирифт,8Ва аз ҷои ҳуд ҷаста ҳеста, ба роҳравй даромад ва роҳравону ҷастухезкунон ва Худоро ҳамдгӯён хамроҳи онҳо вориди маъбад шуд.9Тамоми мардум ӯро роҳравон ва Худоро ҳамдгӯён Диданд10Ва уро шинохтанд, ки ҳамон касест, ки назди дарвозаи Ҷамили маъбад нишаста, садақа мепурсид, ва аз он чи ба ӯ рӯй дода буд, дар даҳшат ва дар хайрат афтоданд.11Азбаски ӯ ба Петрус ва Юҳанно часпида буд, тамоми мардум дар равоқи Сулаймон бо ҳайрат сӯи онҳо шитофтанд.12Петрус, чун дид, ба он ҷамоат рӯ оварда, гуфт: «Эй мардони Исроил! Чаро аз дидани ин дар ҳайрат афтодаед ва чаро ба мо чашм дӯҳтаед, гӯё ки мо бо кувват ё парҳезгории худ сабаби роҳ рафтани ин шахс шуда бошем?13сХудои Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, Худои падарони мо» Писари Худ Исоро ҷалолат бахшид. Шумо Ӯро таслим кардед ва дар ҳузури Пилотус, ки меҳост Ӯро озод кунад, Ӯро рад намудед;14«Лекин шумо Қуддус ва Одилро рад намуда» хоҳиш кардед, ки як шахси одамкуш барои шумо озод карда шавад,15«Вале Сарвари ҳаётро куштед, вале Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, ва мо шоҳидони он ҳастем.16«Ба хотири имон ба исми Ӯ ин шаҳсе ки мебинед ва мешиносед, кувват ёфтааст, бале, исми Ӯ ва имоне ки дар мо аз Ӯст, дар ҳузури ҳамаи шумо ба вай ин шифоро баҳшидааст.17«Лекин, эй бародарон, медонам, ки шумо, мисли сардорони худ, ин корро аз рӯи нодонӣ кардаед;18«Аммо Худо он чиро, ки бо забони тамоми аябиёяш пешакӣ гуфта буд, ки Масеҳ бояд азобу укубат кашад, ҳамин тавр анҷом дод.19«Пас, тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои пгумо маҳв гардад,20«Ва айёми фароғат аз ҳузури Худованд фаро расад, ва Ӯ Исои Масеҳро, ки бароятон аз аввал баргузида буд, бифиристад,21«То замони таҷдид кардани ҳама чиз мутобики он чи Худо бо забони анбиёи муқаддаси Худ аз азал гуфтааст, мебоист осмон Ӯро қабул мекард.22«Чунончи, Мусо ба падарони мо гуфта буд: "Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён хоҳад овард; бояд ба он чи Ӯ ба шумо мегӯяд, гӯш диҳед,23"Ва ҳар кӣ ба суханони Он Пайғамбар гӯш надиҳад, бояд аз байни қавми худ решакан шавад".24«Ҳамчунин тамоми анбиё, аз Самуил гирифта то онҳое ки баъд аз ӯ нубувват кардаанд, ҳамаашон ин айёмро пешгӯӣ кардаанд.25«Шумо фарзандони он анбиё ҳастед ва дар он аҳде ки Худо бо падарони мо баст, насибе доред, чунон ки Ӯ ба Иброҳим гуфтааст: "Ҳамаи қабилаҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост".26«Худо Писари Худ Исоро муваккал карда, аввал назди шумо фиристод, то ки Ӯ ҳар якеро аз роҳҳои шароратомези шумо баргардонида, шуморо баракат диҳад».