Tajik

Acts

4

1ҲАНГОМЕ ки онҳо ба мардум сухан мегуфтанд, коҳинон ва сардори посбонони маъбад ва саддуқиён бар сари онҳо тохтанд,2Зеро хеле нороҳат шуданд аз ин ки онҳо мардумро таълим медоданд ва дар шахси Исо эҳьёи мурдагонро мавъиза менамуданд,3Ва дасти тааддӣ 6а онҳо дароз карда, то фардо ба ҳабс гирифтанд, зеро ки шомгоҳ буд.4Аммо бисьёре аз щунавандагони калом имон оварданд, ва шумораи онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буд.5Фардои он, сардорон ва пирон ва китобдонони онҳо дар Ерусалим ҷамъомаде барпо карданд,6Ва Ҳонони саркоҳин ва Қаёфо ва Юҳанно ва Искандар ва ҳамаи аъзоёни хонаводаи саркоҳин ҳузур доштанд,7Ва онҳоро дар миёнаҷо ба по ҳезонда, пурсиданд: «Ба кадом қувват ва ба кадом исм ин корро кардаед?»8Петрус аз Рӯҳулқудс пур шуда, ба онҳо гуфт: «Эй сардорони қавм ва пирони Исроил!9«Агар имрӯз барои некие ки ба марди нотавоне кардаем, моро тафтиш менамоед ва мехоҳед бидонед, ки вай ба чӣ васила шифо ёфтааст,10«Пас ба ҳамаи шумо ва ба тамоми қавми Исроил маълум бод, ки ба исми Исои Масеҳи Носирӣ, ки Ӯро шумо маслуб кардед, ва Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё намуд, - оре, ба исми Ӯ ин одам дар ҳузури шумо тандуруст истодааст:11«Ӯ ҳамон сангест, ки шумо, бинокорон, онро рад кардед, вале он ҳоло санги сари гӯшаи бино гардидааст.12«Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем».13Вақте ки ҷасорати Петрус ва Юҳанноро диданд ва пай бурданд, ки одамони нохонда ва оддӣ ҳастанд, мутааҷҷиб шуданд ва онҳоро шиноҳтанд, ки аз ҳамроҳони Исо буданд;14Чун шахси шифоёфтаро диданд, ки назди онҳо истода буд, чизе ба муқобили онҳо гуфта натавонистанд.15Ба онҳо амр фармуданд, ки аз шӯрои пирон берун бираванд; пас аз он бо яқдигар машварат карданд16Ва гуфтанд: «Бо ин одамон чӣ кунем? Инак баҳамаи сокинони Ерусалим маълум шудааст, ки онҳо мӯъҷизаи ба назар намоёне ба амал овардаанд, ва мо онро наметавонем инкор кунем;17«Аммо барои он ки бештар аз ин дар миёни мардум овоза нашавад, бояд онҳоро саҳт таҳдид кунем, ки дигар ба ҳеҷ кас дар бораи ин исм гап назананд».18Онҳоро даъват намуда, фармон доданд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ исми Исоро ба забон наоваранд ва таълим надиҳанд.19Вале Петрус ва Юҳанно ба ҷавоби онҳо гуфтанд: «Худатон ҳукм кунед, оё дар назари Худо дуруст аст, ки итоати шуморо аз итоати Худо авло донем?20«Мо наметавонем аз гуфтани он чи дидаем ва шунидаем, даст кашем».21Онҳоро боз ҳам зиёдтар таҳдид карда, ҷавоб доданд, чунки ба сабаби мардум имконият наёфтанд ба онҳо ҷазо диҳанд, зеро ки ҳама Худоро барои он чи воқеъ шуда буд, ҳамду сано мегуфтанд;22Шахсе ки ин мӯъҷизаи шифо ба вай рӯЙ дод, бештар аз чиҳилсола буд.23Баъд аз раҳо шуданашон наэди ёрони худ омаданд ва он чиро, ки саркоҳинон ва пирон гуфта буданд, ба онҳо нақл карданд.24Чун инро шуниданд, овози худро якдилона сӯи Худо баланд карда, гуфтанд: «Эй Парвардигор, эй Офаридагори осмон ва замин ва баҳр ва ҳар он чи дар онҳост!25«Ту бо забони падари мо ва бандаи Худ Довуд ба василаи Рӯҳулкудс гуфтаӣ: "Чаро халқҳо шӯриш менамоянд ва қавмҳо беҳуда қасд мекунанд?26"Подшоҳони замин қиём кардаанд ва мирон муттаҳид шудаанд бар зидди Худованд ва бар зидди Масеҳи Ӯ".27«Дар воқеъ, бар зидди Писари Муқаддаси Ту Исо, ки Ӯро тадҳин кардаӣ, Ҳиродус ва Понтиюс Пилотус бо гайрияҳудиён ва қавми Исроил муттаҳид шуданд,28«То он чиро, ки бозуи Ту ва раъи Ту пешакӣ муқаррар карда буд, ба ҷо оваранд.29«Ва алҳол, эй Худованд, ба таҳдидҳои онҳо назар андоз ва ба бандагони Худ ато фармо, то ки бо камоли ҷасорат каломи Туро баён кунанд,30«Дар сурате ки Ту дасти Худро барои шифо баҳшидан ва барои нишон додани аломоту мӯъчизот ба исми Писари Муқаддаси Худ Исо дароз бикунӣ».31Ҳамин ки дуояшон ба оҳир расид, маконе ки дар он ҷамъ шуда буданд, ба ҷунбиш омад, ва ҳама аз Рӯҳулкудс пур шуданд ва каломи Худоро далерона мегуфтанд.32Ҳамаи имондорон аз ҷону дил муттаҳид шуда буданд, ва ҳеҷ касе молу мулки худро аз они худ намедонист, балки ҳама чизро онҳо мушгарак медоштанд.33Ҳаввориён бо кувваи бузурге ба эҳьёи Исои Худованд шаҳодат медоданд, ва файзи азиме бар ҳамаи онҳо буд.34Ҳеҷ эҳтиёҷманде дар байнашон набуд, зеро ҳар касе ки замин ё хонае дошт, онро мефурӯхт ва пулашро оварда,35Дар ихтиёри ҳаввориён мегузошт, ва ба ҳар кас ба қадри эҳтиёҷаш дода мешуд.36Юсуф, ки ҳаввориён ба ӯ лақаби Барнаббо, яъне "ибни тасаллӣ" ро дода буданд, ва ӯ аз сибти Левй, аз аҳли Қаприс буд,37Замине дошт, ва онро фурӯхт ва пулашро оварда, Дар ихтиёри ҳаввориён гузошт.