1БАЪЗЕ касон аз Яҳудо омада ва бародаронро таълим дода, мегуфтанд: «Агар мувофиҳи оини Мусо махтун нашавед, наҷот ёфта наметавонед».2Пас аз он ки Павлус ва Барнаббо бо онҳо мунозира ва мубоҳисаи бисьёре карданд, қарор дода шуд, ки Павлус ва Барнаббо ва чанд нафари дигар аз онҳо барои ҳалли ин масъала назди ҳаввориён ва пирон ба Ерусалим бираванд.3Аҳли калисо онҳоро гуселониданд, ва ҳангоме ки онҳо аз Финиқия ва Сомария мегузаштанд, имон овардани ғайрияҳудиёнро ҳикоят карданд, ва ин хабар ҳамаи бародаронро бағоят шод гардонд.4Чун ба Ерусалим расиданд, аҳли калисо, ҳаввориён ва пирон онҳоро пазироӣ карданд, ва онҳо аз он чи Худо бо онҳо ба амал оварда буд, нақл карданд.5Баъзе аз фарисиён, ки имон оварда буданд, бархоста, гуфтанд, ки онҳоро бояд хатна карда, амр фармоянд, ки шариати Мусоро риоя кунанд.6Ҳаввориён ва пирон ҷамъ шуданд, то ки ин масъаларо муҳокима намоянд.7Баъд аз муҳокимаи бисьёр Петрус бархоста, ба онҳо гуфт: «Эй бародарон! Шумо медонед, ки аз рӯзҳои аввал Худо аз миёни ҳамаи мо маро баргузид, то ки гайрияҳудиён каломи Инҷилро аз забони ман бишнаванд ва имон оваранд;8«Худои Орифулқалб ба онҳо бо чунин васила шаҳодат дод, ки Рӯҳулкудсро ба онҳо низ бахшид, чунон ки ба мо бахшидааст,9«Ва дар байни мо ва онҳо ҳеҷ фарқе нагузощта, дилҳои онҳоро бо имон пок сохт.10«Пас чаро акнун Худоро озмуда, бар гардани шогирдон юғе меандозед, ки онро ҳам падарони мо ва ҳам мо бардошта натавониста будем?11«Лекин мо ба файзи Исои Масеҳи Худованд эътиқод дорем ва наҷот меёбем, ҳамчунон ки онҳо низ».12Он гоҳ тамоми аҳли маҷлис сокит шуда, ба ҳикояти Барнаббо ва Павлус дар бораи аломоту мӯъҷизоте ки Худо дар миёни гайрияҳудиён ба василаи онҳо ба амал оварда буд, гӯш доданд.13Ҳамин ки нутқи онҳо ба охир расид, Яъкуб ба сухан оғоз карда, гуфт: «Эй бародарон! Ба ман гӯш диҳед:14«Шимъӯн фаҳмонда дод, ки чӣ гуна Худо аввал ба гайрияҳудиён назар андохт, то ки аз миёни онҳо қавме ба исми Худ бигирад;15«ХӮфтаҳои анбиё низ ба ин мутобиқ аст, чунон ки навишта шудааст:16"Баъд аз ин руҷӯъ намуда, хаймаи Довудро, ки фурӯ ғалтидааст, аз нав барқарор мекунам ва харобаҳои онро обод мегардонам ва барпо менамоям,17"То ки бақияи мардум ва ҳамаи халқҳое ки исми Ман дар байни онҳо хонда мешавад, толиби Худованд гарданд, мегӯяд Худованде ки ҳамаи инро ба амал меоварад".18«Ба Худо ҳамаи корҳояш абадан маълум аст.19«Пас, фикри ман ин аст, ки касонеро, ки аз миёни ҳалқҳо ба Худо руҷӯъ менамоянд, ба душворӣ наандозем,20«Балки ба онҳо фақат дастуре бинависем, ки аз наҷосати бутҳо, аз зино, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз хун парҳез кунанд;21«Зеро ки Мусо аз наслҳои қадим дар ҳамаи шаҳрҳо воизони худро дорад, ва дар куништҳо ҳар рӯзи шанбе қироат мешавад».22Он гоҳ ҳаввориён ва пирон бо тамоми аҳли калисо ба қароре омаданд, ки чанд касро аз миёни худ интихоб карда, ҳамроҳи Павлус ва Барнаббо ба Антиёхия фиристонанд; онҳо Яҳудоро, ки лақабаш Барсаббо буд, ва Силоро интихоб карданд, ки ин ду нафар аз пешвоёни бародарон буданд;23Ба номае ба ин мазмун навишта, ба дасти онҳо супурданд: «Ҳаввориён ва пирон ва бародарон ба бародароне ки аз байни гайрияҳудиён дар Антиёхия,24«Чун шунидем, ки аз миёни мо баъзе касон шуморо бо суханони худ мушавваш соҳтаанд ва дилҳои шуморо ба шакку шубҳа андохтаанд ва гуфтаанд, ки "бояд хатна кунед ва шариатро риоя намоед", ва ҳол он ки мо ба онҳо чунин дастуре надодаем,25«Бинобар ин мо якдилона ба қароре омадем, ки чанд нафарро интихоб намуда, назди шумо равона кунем, ҳамроҳи азизони худ Барнаббо ва Павлус,26«Ки ҷонҳои худро аз барои исми Худованди мо Исои Масеҳ нисор кардаанд.27«Пас, Яҳудо ва Силоро фиристодаем, ки онҳо низ ҳамин чизҳоро ба шумо даҳанакӣ баён хоханд кард.28«Зеро ки Рӯҳулқудс ва мо савоб дидем, ки ба зиммаи шумо боре нагузорем, чуз воҷиботи зерин:29«Аз қурбониҳои бутҳо, аз ҳун, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз зино парҳез кунед; ҳар гоҳ аз ин чизҳо худро нигоҳ доред, кори хубе мекунед. Саломат бошед».30Вақте ки фиристодагон ба Антиёхия омаданд, мардумро ҷамъ карда, номаро супурданд.31Онро ҳонда, аз мазмуни тасаллибахшаш шодмон шуданд.32Яҳудо ва Сило, ки низ набӣ буданд, бародаронро бо суханони бисьёр насиҳат ва тақвият доданд.33Баъд аз он ки муддате дар он ҷо монданд, бародарон онҳоро ба саломатӣ назди ҳаввориён равона карданд;34Вале Сило дар он ҷо монданӣ шуд.35Павлус ва Барнаббо дар Антиёхия иқомат намуда, бо ҳамроҳии бисьёр касони дигар каломи Худовандро таълим ва башорат медоданд.36Чун якчанд рӯз гузашт, Павлус ба Барнаббо гуфт: «Акнун гашта равем ва дар ҳар шаҳре ки каломи Хуцовандро мавъиза карца будем, бародарони худро бубинем, ки аҳволашон чӣ гуна аст».37Барнаббо меҳост Юҳанноро, ки лақабаш Марқӯс буд, ҳамроҳашон бибаранд,38Аммо Павлус салоҳ надонист, ки шахсеро, ки дар Памфилия аз онҳо ҷудо шуда, дар корашон то ба охир ҳамроҳӣ накарда буд, бо худ бибаранд.39Ба ин сабаб низое ба миён омада, то ба ҳадде расид, ки онҳо аз якдигар чудо шуданд, ва Барнаббо Маркӯсро ҳамроҳи худ гирифта, бо киштй ба Қаприс рафт,40Ва Павлус барои худ Силоро интиҳоб кард, ва ҳамин ки бародарон ӯро ба файзи Худо супурданд, рӯ ба сафар ниҳод41Ва ба Сурия ва Қилиқия гузашта, калисоҳоро тақвият мекард.