1БА Дарба ва Лустра омад. Ва инак, Тимотиюс ном шогирде дар он ҷо буд, ки модараш яҳудизани имондор, лекин падараш юнонй буд,2Ва бародарони сокини Лустра ва Иқуния ӯро таъриф мекарданд.3Павлус майл дошт ӯро ҳамроҳи худ бибарад, ва ӯро гирифта, ба ҳотири яҳудиёне ки дар он ноҳия буданд, хатиа кард, зеро ки ҳама падарашро мешинохтанд, ки вай юнонй буд.4Онҳо дар ҳар шаҳре ки мегаштанд, дастурҳоеро, ки ҳаввориён ва пирон дар Ерусалим қарор дода буданд, ба онҳо месупурданд, то ки аз рӯи он дастурҳо амал кунанд.5Калисоҳо дар имон мустаҳкам мешуданд, ва шумораашон рӯз ба рӯз меафзуд.6Вақте ки аз Фриҷия ва кишвари Ғалотия мегузаштанд, Рӯҳулкудс онҳоро нагузошт, ки каломро дар вилояти Осиё мавъиза намоянд.7Ба Мисия расида, аз он ҷо ба Битуния рафтанй шуданд, Лекин Рӯҳ ба онҳо иҷозат надод.8Он гоҳ аз Мисия гузашта, ба Трӯос фуромаданд.9Ҳамон шаб ба Павлус рӯъёе аён шуд, ки инак шаҳсе аз аҳли Мақдуния назди ӯ истода буд ва илтимос карда, мегуфт: «Ба Мақдуния омада, ба мо мадад расон».10Ҳамин ки ӯ ин рӯъёро дид, мо дарҳол ба Мақдуния рафтанй шудем, зеро яқин донистем,ки Худованд моро даъват намудааст, ки дар он ҷо башорат диҳем.11Аз Трӯос бо киштй рафта, рост ба Сомӯтрокй расидем ва рӯзи дигар ба Ниёпӯлис равона шудем;12Аз он ҷо ба Филиппй рафтем, ки шаҳри аввали вилояти Мақдуния, қасабаи муҳоҷирнищин буд; дар он шаҳр якчанд рӯз истодем.13Рӯзи шанбе аз шаҳр берун шуда, дар соҳили дарьё, ки он ҷо одатан ибодатгоҳ буд, нишастем ва бо заноне ки дар он ҷо ҷамъ омада буданд, гуфтугӯ кардем.14Лидия ном занаки худопарасти арғувонфурӯш, ки аз шаҳри Тиётира буд, гуфтугӯи моро гӯш мекард; Худованд дили ӯро кушода буд, то ки суханони Павлусро бишнавад.15Вақте ки ӯ ва аҳли байташ таъмид гирифтанд, хоҳиш карда, гуфт: «Агар шумо якин дониста бошед, ки ман ба Худованд имон овардаам, ба хонаи ман омада, иқомат кунед». Ӯ он қадар исрор кард, ки мо розӣ шудем.16Як рӯз, ки мо ба ибодатгоҳ мерафтем, ба мо канизе вохӯрд, ки рӯҳи ғайбгӯй дошт ва аз ғайбгӯй ба оғоёни худ даромади калоне меовард.17Вай аз қафон мо ва Павлус омада, фарьёд зад, ки ин одамон бандагони Худои Таолоянд ва роҳи наҷотро ба мо ҳабар медиҳанд.18Азбаски чандин рӯз вай ҳамин тавр рафтор кард, Павлус дарғазаб шуд ва ба вай рӯ гардонда, ба он рӯҳ гуфт: «Ба исми Исои Масеҳ туро амр мефармоям, ки аз вай берун баро». Ва дарҳол аз вай берун омад.19Чун оғоёни вай диданд, ки умеди даромадашон аз даст рафт, Павлус ва Силоро дастгир карда, ба майдони шаҳр назди сардорон кашида бурданд;20Вақте ки онҳоро назди волиён оварданд, гуфтанд: «Ин одамон, ки яҳудӣ ҳастанд, шаҳри моро ба шӯр овардаанд21«Ва расму таомулеро мавъиза мекунанд, ки қабул кардан ва ба ҷо овардани он ба мо, румиён, чоиз нест».22Мардум низ бар онҳо қиём карданд, ва волиён ҷомаҳои онҳоро канда партофта, фармуданд, ки онҳоро калтаккорӣ кунанд;23Пас аз задани шаттаи бисьёр, онҳоро дар зиндон андохтанд ва ба зиндонбон амр фармуданд, ки онҳоро дурустакак нигаҳбонӣ кунад;24Чун вай ин тавр амре гирифт, онҳоро дар зиндони дохилӣ маҳбус кард ва ба пойҳошон кунда зад.25Дар қарибии нисфи шаб Павлус ва Сило дуо гуфта, Худоро ҳамду сано мехонданд, ва бандиён онҳоро мешуниданд.26Ногаҳон заминҷунбии азиме рӯй дод, то ба ҳадде ки таҳкурсии зиндон ба ларза даромад; дарҳол ҳамаи дарҳо кушода шуд, ва ҳама завлонаҳо ба замин афтод.27Зиндонбон бедор шуда, дарҳои зиндонро кушода дид ва шамшери худро кашида, мехост худро бикушад, ба гумони он ки бандиён гуреҳта рафтаанд.28Аммо Павлус бо овози баланд гуфт: «Ба худ осебе нарасон, зеро ки ҳамаи мо дар ин ҷо ҳастем».29Зиндонбон чароғе талаб карда, ба дарун давида даромад ва ларзон шуда, пеши пои Павлус ва Сило афтод;30Сонй онҳоро берун оварда, гуфт: «Эй оғоён! Чӣ бояд бикунам, то ки наҷот ёбам?»31Гуфтанд: «Ба Исои Масеҳи Худованд имон овар, ва ту бо аҳли байти худ наҷот хоҳӣ ёфт».32Он гоҳ каломи Худовандро ба вай ва тамоми аҳли байташ мавъиза карданд.33Дар ҳамон соати шаб зиндонбон онҳоро берун оварда, захмҳошонро шуст, ва фавран худаш ва тамоми аҳли байташ таъмид гирифтанд,34Ва онҳоро ба хонаи худ оварда, дар пешашон хӯрок монд, ва бо тамоми аҳли байти худ шод шуд, ки ба Худо имон овард.35Вақте ки субҳ дамид, волиён мулозимонро фиристоданд, ки бигӯянд: «Он шахсонро ҷавоб деҳ».36Зиндонбон инро ба Павлус хабар дода, гуфт: «Волиён кас фиристодаанд, ки шуморо ҷавоб диҳам; пас, берун омада, ба саломатӣ биравед».37Вале Павлус ба онҳо гуфт: «Моро, ки румӣ ҳастем, бе муҳокима дар пеши назари тамоми мардум калтаккорӣ карда, дар зиндон андохтанд, ва акнун мехоҳанд пинҳонй ҷавоб диҳанд? Не, бигзор ҳудашон омада, моро берун оваранд».38Мулозимон ин суханонро ба волиён расонданд, ва чун шуниданд, ки румй ҳастанд, ба ҳарос афтоданд39Ва омада, аз онҳо узр пурсиданд ва берун оварда, хоҳиш карданд, ки аз шаҳр бираванд.40Онҳо аз зиндон берун омада, ба хонаи Лидия шитофтанд ва бо бародарон вохӯрда ва онҳоро насиҳат карда, равона шуданд.