Tajik

Acts

6

1ДАР он айём, ки шогирдон зиёд мешуданд, яҳудиёни юнонизабон аз яҳудиёни ибронизабон шикоят карданд, ки бевазанони онҳо дар тақсими ризқи ҳаррӯза бе баҳра мемонанд.2Он дувоздаҳ нафар ҷамоати шогирдонро даъват намуда, гуфтанд: «Шоиста нест» ки мо каломи Худоро тарк карда, ба хизмати таъмини ризқу рӯзӣ машғул шавем;3«Пас, эй бародарон, ҳафт одами некном ва пур аз Рӯҳулкудс ва пурҳикматро аз миёни ҳуд интихоб намоед, то ки онҳоро ба ин ҳизмат таъин кунем;4«Лекин мо бо дуо ва бо таълими каломи Худо машгул ҳоҳем шуд».5Ин таклиф ба тамоми ҷамоат маъкул шуд, ва Истефанусро, ки шахси пур аз имон ва Рӯҳулкудс буд, ва Филиппус ва Прохорус ва Никонӯр ва Тимӯн ва Парминос ва Николосро, ки аз аҳли Антиёхия буда, чанде пеш дини яҳудиро қабул карда буд, интихоб карданд;6Инҳоро дар назди ҳаввориён ба по хезонданд, ва даст бар сарашон монда, дуо карданд.7Каломи Худо торафт интишор меефт, шумораи шогирдон дар Ерусалим бағоят меафзуд, ва бисьёре аз коҳӣнон низ ба имон тан доданд.8Истефанус, ки пур аз имон ва кувват буд, дар миёни қавм аломоту мӯъҷизоти бузурге ба амал меовард.9Баъзе касон аз куништи ба ном либартиниён, қуриниён ва искандариён ва аз аҳли Қилиқия ва Осие бо Истефанус баҳсу мунозира карданд,10Лекин ба он ҳикмат ва Рӯҳе ки дар суҳанонаш буд, ёрои мухолифат надоштанд.11Бинобар ин чанд касро водор карданд, ки бигӯянд: сМо шунидем, ки ӯ дар ҳаққи Мусо ваХудосуханони куфромез мегуфт».12Дар мнёни қавм ва пирон ва китобдонон шӯр ангехта, ба ӯ ҳуҷум оварданд ва ӯро дастгир карда, ба шурои пирон бурданд.13Шоҳидони козибро пеш оварданд, ва онҳо гуфтанд: «Ин шахс ҳамеша ба муқобили ин макони муқаддас ва ба муқобили Таврот суханони куфромез мегӯяд;14«Зеро шунидем, ки ӯ мегуфт: "Исои Носирй ин маконро хароб хоҳад кард ва русумеро, ки Мусо ба мо супурдааст, тағьир ҳоҳад дод"».15Ҳамаи касоне ки дар шӯрои пирон нишаста буданд, бар ӯ назар андохта, диданд» ки чеҳраи ӯ монанди чеҳраи фаришта буд.