1ОН гоҳ саркоҳин пурснд: «Оё инҳо рост мегӯянд?»2Ба ҷавоб гуфт: «Эй бародарон ва эй падарон, гӯш кунед! Худои Зулҷалол ба падари мо Иброҳим, вакте ки ӯ дар Байнаннаҳрайн буд, яъне пещ аз он ки ба Хоррон муҳоҷират кунад» зоҳир шуд3«Ва ба ӯ гуфт: "Замини худ ва ақрабои худро тарк намо ва сӯи замине ки бату нишон медиҳам, равона шав".4«Аз замини калдониен берун омада, дар Хрррон маскан гирифт; баъд аз вафоти падараш, Худо ӯро аз он ҷо ба замине ки шумо дар он иқомат доред, кӯчонид5«Ва аз он ба андозаи як кафи пой ҳам ба тасарруфи ӯ надод, вале дар ҳамон вақте ки ӯ ҳанӯз фарзанде надошт, ваъда кард, ки ӯро ва баъд аз ӯ наслашро молики он гардонад.6«Ва Худо ба ӯ гуфт, ки насли ӯ дар замини бегона монанди ғарибон зиндагӣ хоҳанд кард, ва муддати чорсад сол онҳоро дар бандагӣ нигоҳ дошта, азоб хоҳанд дод.7«Аммо Ман", гуфт Худо, "бар он ҳалқе ки онҳоро дар бандагӣ нигоҳ дорад» доварӣ хоҳам кард, ва баъд аз он онҳо берун омада, дар ин макон ба Ман ибодат хоҳанд кард".8«Ва ахди ҳатнаро ба ӯ дод. Пас аз ин Иброҳим падари Исҳоқ шуда, дар рӯзи ҳащтум ӯро хатна кард; ва Исҳоқ падари Яъқуб ва Яъқуб падари дувоздаҳ сарқабила гардид.9«Сарқабилаҳо аз Юсуф ҳасад бурда, ӯро ба Миср фурӯҳтанд; Лекин Худо бо ӯ буд10«Ва ӯро аз ҳамаи мусибатҳояш халосӣ дод, ва ба ӯ ҳикмат ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар назари фиръавн подшоҳи Миср бахшид, то ӯро бар Миср ва бар тамоми ҳонаи худ ҳукмфармо таъин кард.11«Дар тамоми замини Миср ва Канъон қаҳтӣ рӯй дода, боиси кулфати бузурге гардид, ва падарони мо қуте наёфтанд.12«Чун Яъқуб шунид, ки дар Миср ғалла ёфт мешавад, бори аввал падарони моро ба он ҷо фиристод;13«Дар сафари дуюм Юсуф ҳудро ба бародаронаш шиносонид, ва аслу насаби Юсуф ба фиръавн маълум шуд.14«Юсуф кас фиристода, падари ҳуд Яъкуб ва тамоми хешу таборашро, ки ҳафтоду панҷ нафар буданд, даъват намуд.15«Яъқуб ба Миср омад, ва ҳудаш ва падарони мо вафот ёфтанд;16«Онҳоро ба Шакем бурда, дар мақбарае ки Иброҳим аз банйҲамӯри шакемй ба нукраи худ харида буд, дафн карданд.17«Баробари наздик омадани вақги ваъдае ки Худо дар бораи он ба Иброҳим қасам ёд карда буд, қавм дар Миср меафзуд ва бузург мешуд,18«То даме ки подшоҳи дигаре ба тахт нишаст, ки Юсуфро намешинохт;19«Ӯ бар зидди нажоди мо найрангбозӣ карда, падарони моро ба танг овард ва амр фармуд, ки кӯдакони навзоди худро бароварда партоянд, то ки зинда намонанд.20«Дар он вакт Мусо таваллуд шуд, ки дар наздч Худо бағоят ҷамил буд, ва муддати се моҳ дар ҳонаи падари ҳуд парвариш ёфт;21«Ҳангоме ки ӯро бароварда партофтанд, дуҳтари фиръавн ӯро гирифта, ҳамчун фарзанди худ калон кард;22«Мусо тамоми хикмати Мисрро таълим гирифга, дар сухан ва амал қавӣ шуд.23«Вақте ки ӯ чиҳилсола шуд, ба дилаш омад, ки бародарони худ, банӣИсроилро тафаққуди ҳол кунад;24«Чун якеро мазлум дид, ӯро ҳимоят кард ва интиқоми он ситамкашро гирифта, мисриро кушт.25«Ӯ гумон мекард, ки бародаронаш ҳоҳанд фаҳмид, ки Худо ба василаи ӯ онҳоро наҷот медиҳад, аммо онҳо нафаҳмнданд.26«Рӯзи дигар назди онҳо омада дид, ки мунокиша мекунанд, ва онҳоро оштӣ доданӣ шуда, гуфт: "Эй мардумон, шумо бародар ҳастед, чаро якдигарро меранҷонед?"27«Вале он касе ки ба ёри ҳуд тааддӣ мекард, ӯро тела дода, гуфт: "Кӣ туро бар мо ҳоким ва қозӣ таъин кардааст?28"Оё меҳоҳӣ маро низ бикушӣ, чунон ки дирӯз он мисриро куштӣ?"29«Мусо, ҳамин ки ин суханонро шунид, гурехта рафт ва дар замини Мидьён ғурбат ихтиёр кард, ва дар он ҷо аз ӯ ду писар таваллуд шуд.30«Чун чиҳил сол гузашт, дар биёбони атрофи кӯҳи Сино фариштаи Худованд дар шӯълаи буттаи фурӯзон ба ӯ зоҳир шуд.31«Мусо, чун дид, аз ин рӯъё дар ҳайрат афтод, ваҳангоме ки наздик меомад, то ки назар андозад, садои Худованд ба гӯшаш расид:32«"Ман Худои падарони ту, Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ҳастам". Мусо ба ларза даромада, ҷуръат накард, ки назар андозад.33«Худованд ба ӯ гуфт: "Кафшҳоятро аз пойҳоят бикаш, зеро ҷое ки дар он истодаӣ, замини муқаддас аст;34"Ситамеро, ки қавми Ман дар Миср мекашанд, дидаам ва оҳу нолаи онҳоро шунидаам ва барои наҷот додани онҳо фуромадаам; акнун биё, то китуроба Миср бифиристам".35«Ҳамон Мусоро, ки рад карда,гуфта буданд: "Кӣ туро ҳоким ва қозӣ таъин кардааст?", Худо ба василаи фариштае ки дар бутта ба ӯ зоҳир шуд, ҳоким ва раҳокунанда таъин намуда, фиристод;36«Ӯ онҳоро берун оварда, дар давоми чиҳил сол дар замини Миср ва дар баҳри Қулзум ва дар биёбон мӯъҷизоту аломот ба амал овард.37«Ин ҳамон Мусост, ки ба банӣИсроил гуфт: "Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён ҳоҳад овард; ба суҳанони Ӯ гӯш диҳед".38«Ин ҳамон аст, ки дар ҷамоат дар биёбон бо фариштае ки дар кӯҳи Сино бо ӯ сухан гуфт, ва бо падарони мо буд, ва калимоти зиндаро қабул кард, то ки ба мо бирасонад,39«Вале падарони мо нахостанд ба ӯ итоат намоянд, балки ӯро рад карданд, ва дилҳои онҳо сӯи Миср моил шуд40«Ва ба Ҳорун гуфтанд: "Барои мо худоене бисоз, ки пешопеши мо равона бошанд, зеро намедонем, бар сари Мусо, ки моро аз замини Миср берун овард, чӣ омадааст".41«Дар он айём гӯсолае сохтанд ва ба он бут курбониҳо карданд ва аз аъмоли дастҳои худ хеле шод гаштанд.42«Аммо Худо аз онҳо рӯй гардонда, вогузор кард, ки сипоҳи осмонро парастиш намоянд, чунон ки дар китоби анбиё навишта шудааст: "Эй ҳонадони Исроил! Оё дар давоми чиҳил сол дар биёбон барои Ман қурбониҳо ва ҳадияҳо тақдим кардед?43"Хаймаи Малук ва кавкаби ҳудои ҳуд Римфонро бардошта мегаштед, ки ин санамҳоро барои парастиш сохта будед; пас, шуморо ба он тарафи Бобил бадарға хоҳам кард".44«Падарони мо дар биёбон хаймаи шаҳодат доштанд, чунон ки Худо ба Мусо амр фармуда гуфта буд, ки онро мувофики намунае ки дидааст, бисозад.45«Онро падарони мо гирифта, ҳамроҳи Еҳушаъ ба мулки қавмҳо оварданд, вакте ки Худо онҳоро аз сари роҳи падарони мо бадар ронд, ва ҳайма то замони Довуд дар он ҷо монд,46«Ки ӯ дар ҳузури Худо илтифот ёфт ва дарҳост намуд, ки маскане барои Худои Яъкуб омода кунад.47«Вале Сулаймон барои Ӯ хонае сохт.48«Аммо Ҳаққи Таоло дар маъбадҳои сохтаи дасти инсон маскан намегирад, чунон ки набӣ гуфтааст:49"Осмон", мегӯяд Худованд, "курсии Ман аст, ва замин пойаидози Ман; чӣ гуна хонае барои Ман бино хоҳед кард ва чӣ гуна маконе барои оромиши Ман?50"Магар ҳамаи ин чизҳоро дасти Ман наофаридааст?"51«Эй гарданкашон I Эй соҳибони дилҳо ва гӯшҳои номаҳтун! Шумо ҳамеша ба Рӯҳулкудс муқобилат мекунед, шумо низ монанди падарони худ ҳастед:52«Кист аз анбиё, ки падарони шумо ӯро таъқиб накарда бошанд? Онҳо касонеро куштанд, ки аз омадаки Он Одил пешакӣ ҳабар дода буданд, ва алҳол шумо худи Ӯро таслим кардед ва ба қатл расондед,53«Оре, шумо Тавротро, ки ба василаи фариштагон барқарор шуд, қабул кардед, вале аз риояи он гардан тофтед».54Чун инро шуниданд, он қадар дарғазаб шуданд, ки дандонҳои худро ба ҳам месоиданд.55Аммо ӯ, ки пур аз Рӯҳулкудс буд, суи осмон нигариста, ҷалоли Худр ва Исоро, ки ба ямини Худо истода буд, дид56Ва гуфт: «Инак, осмонро кушода ва Писари Одамро ба ямини Худо истода мебинам».57Вале онҳо бо овози баланд фарьёд зада ва гӯшҳои худро маҳкам карда, якдилона ба ӯ ҳамла оварданд58Ва аз шаҳр берун бароварда, сангсор карданд, ва шоҳидон ҷомаҳои ҳудро назди пойҳои ҷавоне ки Шоул ном дошт, гузоштанд.59Вақте ки Истефанусро сангсор мекарданд, ӯ дуо мехонду мегуфт: «Эй Исои Худованд! Рӯҳи маро қабул кун».60Сонй зону зада, бо овози баланд нидо кард: «Худовандо! Ин гуноҳро баҳисоби онҳо дохил накун». Инро гуфту ҷон дод.