Tajik

Acts

8

1ШОӮЛ низ ба қатли ӯ розӣ буд. Дар он рӯз таъқиботи шадиде бар зидди аҳли калисои Ерусалим ба амал омад, ва ҳама, ғайр аз ҳаввориён, ба ноҳияи Яхудо ва Сомария пароканда шуданд;2Мардуми некӯкор Истефанусро дафн карда, барои ӯ мотами азиме гирифтанд.3Аммо Шоул аҳли калисоро азоб медод ва хона ба хона гашта, мардон ва занонро кашола карда мебурду дар зиндон меандохт.4Дар ин миён онҳое ки пароканда шуда буданд, ба ҳар ҷое ки мерафтанд, аз калом башорат медоданд.5Чунончи, Филиппус ба як шахри Сомария омада, ба онҳо Масеҳро мавъиза мекард;6Мардум ба суҳанони Филиппус якдилона гӯш медоданд ва мӯъҷизотеро, ки ба амал меовард, мешуниданд ва медиданд;7Зеро ки арвоҳи палид аз бисьер мубгалоён наъра кашида берун мешуданд, ва мафлуҷону лангони бисьере шифо меёфтанд,8Ва шодии азиме дар он шаҳр падид омад.9Шимъӯн ном марде дар он шаҳр буд, ки пештар ҷодугарӣ мекард ва мардуми Сомарияро дар ҳайрат меандоҳт ва худро шаҳси бузурге вонамуд месоҳт;10Хдма, аз хурд то калон, ба ӯ гӯш андохта, мегуфтанд: «Ин шахс қуввати азими Худост».11Аз он сабаб ба ӯ гӯш меандохтанд, ки ӯ муддати дарозе онҳоро бо ҷодугарии худ ба ҳайрат меовард.12Лекин вакте ки ба башорати Филитшус дар бораи Малакути Худо ва исми Исои Масеҳ имон оварданд, мардон ва занон таъмид гирифтанд.13Худи Шимъӯн низ имон овард ва таъмид гирифт ва ҳамеша ҳамроҳи Филиппус буд; ва аз дидани аломот ва мӯъҷизоти азиме ки ба амал меомад, дар ҳайрат мемонд.14Ҳаввориёне ки дар Ерусалим буданд, чун шуниданд, ки аҳли Сомария каломи Худоро қабул кардаанд, Петрус ва Юҳанноро назди онҳо фиристоданд,15Ва чун омаданд, барои онҳо дуо гуфтанд, то ки Рӯҳулкудсро қабул кунанд:16Зеро ки Руҳ ҳанӯз бар ҳеҷ кадоме аз онҳо нозил нашуда буд, балки фақат ба исми Исои Худованд таъмид ёфта буданд;17Пас, дастҳои худро бар сари онҳо гузоштанд, ва онҳо Рӯҳулқудсро кабул карданд.18Шимъӯн, чун дид, ки бо дастгузории ҳаввориён Рӯҳулқудс ато мешавад, ба онҳо пул овард19Ва гуфт: сИн кудратро ба ман низ бидиҳед, то ки ба ҳар кас даст гузорам, Рӯҳулкудсро қабул кунад».20Аммо Петрус ба вай гуфт: «Бигзор пулат бо ту нест шавад, чунки ту гумон кардаӣ, ки атои Худоро ба бадали пул бихарӣ;21«Туро аз ин чиз насибе ва баҳрае нест, зеро ки дилат дар ҳузури Худо рост намебошад;22«Акнун аз ин шарорати худ тавба кун ва ба Худо дуо гӯй: шояд, ин қасди дилат омурзида шавад;23«Зеро мебинам, ки пур аз заҳраи талх ва гирифтори қайди шарорат ҳастӣ».24Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: сШумо барои ман ба Худованд дуо гӯед, то ки чизе аз он чи гуфтед, ба ман рӯй надиҳад».25Онҳо, пас аз он ки шаҳодат доданд ва қаломи Худовандро мавъиза карданд, ба Ерусалим баргаштанд ва дар бисьёре аз деҳоти Сомария аз Инҷил башорат доданд.26Фариштаи Худованд ба Филитшус гуфт: «Барҳез ва ба тарафи ҷануб, ба роҳе ки аз Ерусалим сӯи Ғазза меравад, ва роҳи биёбон аст, равона шав».27Бархост ва равона шуд. Ва инак, шаҳси ҳабашӣ, хоҷасаро ва кабири Кандока маликаи Хабаш, нигаҳбони тамоми хазинаи вай, ки ба Ерусалим барои ибодат омада буд,28Ба ватан бармегашт ва бар аробаи худ нишаста, китоби Ишаъёи набиро мехонд.29Рӯҳ ба Филиппус гуфт: «Наздик биё ва ба он ароба ҳамроҳ шав».30Филиппус ба он ҷо давида, шунид, ки китоби Ишаъёи набиро мехонад. Гуфт: «Оё мефахмӣ он чиро, ки мехонй?»31Гуфт «Чй гуна фаҳмида метавонам, агар касе ба ман роҳнамой накунад?» Ва аз Филиттус хоҳиш кард, ки ба ароба савор шуда, бо ӯ бинипшнад.32Порчае ки аз Навиштаҳо мехонд, ин буд: "Мисли гӯсфанде Ӯро ба забҳ бурданд, ва мисли баррае ки назди пашмтарошаш безабон аст, Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард;33"Дар таҳқири Ӯ инсофро аз Ӯ гирифтанд, Зеро ки ҳаети Ӯ аз замин қатъ карда шуд".34Он хоҷасаро ба Филиппус гуфт: «Аз гу саволедорам, ки набӣ инро дар ҳаққи кӣ мегӯяд? Оё дар ҳаққи худаш 6 дар ҳаққи каси дигаре?»35Он гоҳ Филиппус даҳони худро кушод ва аз ҳамон Навишта сар карда, ба ӯ аз Исо башорат дод.36Дар ин миён, дар аснои роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт: «Инак, об; ба таъмид гирифтанам чӣ чиз монеъ мешавад?»37Филиппус гуфт: «Агар аз таҳти дил имон оварда бошӣ, ҷоиз аст». Вай дар ҷавоб гуфт: «Имон дорам, ки Исои Масеҳ Писари Худост».38Сонӣ фармон дод, ки аробаро нигоҳ дорад, ва ҳар ду, Филиппус ва хоҷасаро, ба об фуромаданд, ва ӯро таъмид дод.39Вақте ки аз об баромаданд, Рӯҳи Худованд Филиппусро даррабуд, ва хоҷасаро дигар ӯро надида, роҳи худро бо хурсандй давом дод.40Аммо Филигагус дар Ашдӯд пайдо шуд ва дар ҳамаи шаҳрҳо гашта, башорат медод, то даме ки ба Қайсария расид.