1БАРОИ ҳамин ҳам ман, Павлус, ба хотири шумо, халқҳо, бандии Исои Масеҳ ҳастам.2Ҳамаи шумо дар бораи ваколати файзи Худо, ки ба ман барои шумо ато шудааст, шунидаед,3Яъне чӣ тавр ба василаи ваҳй сирре ба ман маълум шудааст, ки дар бораи он мухтасаран дар боло навиштаам,4Ва шумо онро хонда, метавонед бифаҳмед, ки ман аз сирри Масеҳ чӣ қадар воқиф ҳастам.5Он дар наслҳои пешина ба банӣодам маълум нашуда буд, чунон ки ҳоло ба ҳаввориёни муқаддаси Ӯ ва ба анбие ба василаи Рӯҳ ошкор щудааст,6Ки халқҳо ҳамирси Исроил ва андоми ҳамон ҷисм ва шарикони ваъдаи онҳо дар Исои Масеҳ ба воситаи Инҷил ҳастанд.7Ман бар тибқи бахшоиши файзи Худо, ки ба ҳасби амали қуввати Ӯ ба ман ато шудааст, хизматгузори он гардидаам.8Агарчи ман хурдтарини ҳамаи муқаддасонам, ин файз ба ман ато шудааст, ки сарвати беқиёси Масеҳро ба халқҳо башорат диҳам9Ва ба ҳама равшан намоям, ки чист ваколати сирре ки аз азал ниҳон буд дар Худое ки ҳама чизро ба василаи Исои Масеҳ ба вуҷуд овард,10То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад,11Мувофиқи таъиноти азалӣ, ки онроӮдар Худованди мо Исои Масеҳ ба амал овардааст,12Ки ба василаи Ӯ ва ба воситаи имони мо ба Ӯиҷозат дорем бо ҷасорату эътимод наздик шавем.13Ба ин сабаб хоҳишмандам, ки аз боиси азобе ки ман аз барои шумо дорам, маъюс нашавед, ки он фахри шумост.14Бинобар ин ман зону мезанам назди Падари Худованди мо Исои Масеҳ,15Ки аз Ӯ ҳар хонавода дар осмон ва бар замин ном мегирад,16Ва илтимос мекунам, ки Худо бар тибқи сарвати ҷалоли Худ ато фармояд, ки шумо бо Рӯҳи Ӯ дар одами ботин қавӣ ва мустаҳкам шавед,17Ба тавре ки Масеҳ ба василаи имон дар дилҳои шумо сокин гардад,18То ки шумо, дар муҳаббат реша давонда ва устувор шуда, битавонед бо ҳамаи муқаддасон пай бурда дарк намоед, ки чист арзу тӯл ва умку баландии19Муҳаббати Масеҳ, ки аз идрок болотар аст, то ки бо тамоми пуррагии Худо пур шавед.20Ӯро, ки бо қуввате ки дар мо амал мекунад, қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад, -21Ӯро дар Калисо ва дар Исои Масеҳ аз насл ба насл то абад ҷалол бод, омин.