Tajik

Ephesians

4

1ПАС, ман, ки дар Худованд бандй ҳастам, аз шумо хоҳипгмандам, ки муносиби мақоме ки ба он хонда шудаед, рафтор кунед,2Бо тамоми мулоимат ва фурӯтанй ва пурсабрй якдигарро дар муҳаббат таҳаммул намоед,3Ва саъю кӯшиш кунед, ки ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагй нигоҳ доред:4Як Бадан ҳаст ва як Рӯҳ, чунон ки шумо низ ба як умеди муайян даъват шудаед;5Як Худованд ҳаст, як кмон, як таъмид,6Як Худо ва Падари ҳама, ки Ӯ бар болои ҳама, ва ба воситаи ҳама, ва дар ҳама мебошад.7Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст.8Бинобар ин гуфта шудааст: "Ба афроз сууд намуда, асиронро ба асирӣ бурд ва баодамон бахшоишҳо дод".9Ва "сууд намуд" гуфтан чкст, чуз ин ки Ӯ пештар ба асфали замин нузул ҳам карда буд?10Он ки нузул карда буд, Хдмон аст, ки болотар аз тамоми афлок сууд ҳам намуд, то ки ҳама чизро пур кунад.11Ӯ баъзеро ҳавворӣ, баъзеро анбиё, баъзеро башоратдиҳанда, баъзеро шубон ва муаллим таъин намуд,12Барои такмили муқаддасон ба кори ибодат, ба бинои Бадани Масеҳ,13То даме ки ҳамаамон ба ягонагии имон ва шиносоии Писари Худо, ба дараҷаи шахси комил, ба апдозаи бузургии пурраи Масеҳ бирасем,14То ки мо дигар кӯдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамон, ки бо талбис дар иштибоҳ андохта, гумроҳ мекунад,15Балки дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз ба Он ки Сар аст, яъне ба Масеҳ нумӯ ёбем.16Аз Ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунавда мустаҳкам ва пайваст шуда, бо амали ҳар ағдоми ҷудогона ба ағдозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад.17Пас, чунин мегуям ва дар Худованд шаҳодат медиҳам, ки шумо дигар он тавр рафтор накунед, ки бутпарастон аз рӯи хаёлоти ҳеҷу пучи худ рафтор мекунағд.18Ақлашон тира гардида, онҳо аз ҳаёти Худо бегона шудаағд, ба сабаби ҷаҳолат ва дилсахтие ки ба онҳо хос аст.19Онҳо то ба дараҷаи лоуболй расида, ба фиску фучур моил шудаағд, ба тавре ки ҳар кори зиштро бо рағбати тамом ба ҷо меоварағд.20Вале шумо Масеҳро ин тавр ёд нагирифтед,21Дар сурате ки дар бораи Ӯ шунидаед ва дар Ӯ таълим гирифтаед, - ба ҳасби ростие ки дар Исост, -22Пас рафтори пештараи одами кӯхнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед,23Ва хиради шумо бояд дар Рӯҳ тоза шавад,24Ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед.25Бинобар ин, кизбро аз худ дур карда, ҳар яке ба ери худ рост гӯед, чунки мо андоми якдигарем.26Агар хашмгин шуда бошед, хато накунед ва нагузоред, ки газаби шумо то ғуруби офтоб боқй бимонад;27Ва ба иблис ҷой надиҳед.28Касе ки дуздӣ кардааст, дигар дуздӣ накунад, балки меҳнат карда, бо дастҳои худ кори фоиданоке ба ҷо оварад, то чизе дошта бошад, ки ба эҳтиёҷмавде бибахшад.29Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад.30Ва Рӯҳулкудси Худоро, ки бо Он ба интизори рӯзи озодӣ мӯҳр зада шудаед, андӯҳгин накунед.31Ҳар гуна кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарьёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад;32Балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст.