1ПАС, чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед,2Ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи муаттар таслим намуд.3Лекин зино ва ҳар гуна нопокӣ ва тамаъкорӣ набояд дар байни шумо ҳатто зикр ёбад, чунон ки ба муқаддасон муносиб аст;4Ҳамчунин алфози қабеҳа ва жожхоӣ ва масхарабозӣ, ки аз рӯи одоб нест, набояд бошад, балки шукргузорӣ лозим аст;5Зеро инро яқин бидонед, ки ҳеч як зинокор, ё нопок, ё тамаъкор, ки вай бутпараст аст, дар Малакути Масеҳ ва Худо мерос надорад.6Бигзор ҳеҷ кас шуморо бо суҳанони ботил фирефта накунад, зеро ки барои ин газаби Худо бар писарони исьён меояд.7Пас, шарики онҳо нашавед.8Зеро ки шумо як вақте зулмот будед, вале ҳоло нуре дар Худованд ҳастед: чун фарзандони нур рафтор кунед,9Чунки самари нур аз ҳар меҳрубонӣ, адолат ва ростӣ иборат аст;10Ва таҳқиқ кунед, то бидонед он чи, ки Худо меписандад, чист.11Ва дар аъмоли бесамари зулмот иштирок накунед, балки онҳоро фош намоед.12Зеро дар бораи корҳое ки онҳо пинҳонӣ мекунанд, сухан рондан ҳам нанговар аст.13Аммо ҳамаи ин фош гардида, дар рӯшной зоҳир мешавад, зеро ҳар он чи зоҳир мешавад, нур аст;14Бинобар ин гуфта шудааст: "Эй ту, ки ҳоб рафтаӣ, барҳез ва аз мурдагон эҳьё шав, ва Масеҳ бар ту нур хоҳад пощид".15Пас, бодиққат назар кунед, ки чӣ гуна рафтор менамоед, на чун бехирадон, балки чун хирадмандон,16Ва фурсатро ғанимат донед, чунки ин рӯзҳо шарир аст.17Бинобар ин нодон набошед, балки дарк кунед, ки иродаи Худо чист.18Ва масти шароб нашавед, ки аз он фисқу фуҷур ба амал меояд; балки аз Рӯҳ пур шуда,19Ба якдигар бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ сухан гӯед ва дар дилҳои худ барои Худованд бисароед ва тараннум намоед,20Ҳамеша барои ҳама чиз Худои Падарро ба исми Худованди мо Исои Масеҳ шукр гӯед,21Дар тарси Худо мутеи якдигар шавед.22Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад,23Чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари Калисо ва Наҷотдиҳандаи бадан аст;24Аммо, чӣ тавре ки Калисо ба Масеҳ тобеъ аст, ҳамон тавр занон низ бояд аз ҳар ҷиҳат ба шавҳарони худ тобеъ бошанд.25Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд,26То ки онро ба ғусли об пок карда, ба воситаи калом тақдис намояд,27Ва ба ҳузури Худ Калисоро дар ҷалоле тақдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беайб бошад.28Ҳамин тавр бояд шавҳарон занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд: он ки зани худро дӯст медошта бошад, худро дӯст медорад.29Зеро ки ҳеҷ кас ҳаргиз ҷисми худро бад нал^ебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад, чунон ки Худованд низ Калисоро;30Чунки мо андоми Бадани Ӯ ҳастем, аз гӯшти Ӯ ва аз устухонҳои Ӯ.31Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст, ва ҳар ду як тан хоҳанд буд.32Ин сир бузург аст, вале ман нисбат ба Масеҳ ва Калисо сухан меронам.33Пас, бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад, ва зан аз шавҳари худ битарсад.