Tajik

Ephesians

6

1ЭЙ фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст.2"Падар ва модари худро иззат намо", ин аст.ҳукми аввалин бо чунин ваъда:3"То ки некӯаҳвол бошӣ ва бар замин умри дароз бинй".4Ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед.5Эй ғуломон, ба оғоёни башарии худ бо тарсу ларз ва бо соддадилӣ, мисли он ки ба Масеҳ бошад, итоат намоед,6На бо ҳозирхизматии зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон^ балки ҳамчун ғуломони Масеҳ, ки иродаи Худоро аз таҳти дил ба чо меоваранд.7Ғаӣратмандона хизмат кунед, мисли он ки ба Масеҳ бошад, на ба одамон,8Зеро медонед, ки ҳар кас, хоҳ ғулом бошад, хоҳ озод, ба андозаи кори неке ки кардааст, аз Худованд мукофот хоҳад гирифт.9Ва шумо, эй оғоён, бо онҳо низ ҳамин тавр рафтор кунед, ва аз таҳдид даст кашед, ва бидонед, ки бар сари шумо ҳам дар осмон Оғое ҳаст, ва Ӯ рӯйбинӣ надорад.10Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ неруманд шавед.11Зиреҳи куллии Худоро дар бар кунед, то ки битавонед ба дасисаҳои иблис муқобилат намоед.12Чунки муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот аст, бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст.13Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед.14Пас, бо ростӣ камар баста ва ҷавшани адолатро дар бар карда, биистед,15Ва пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ бипӯшед,16Дар айни ҳол сипари имонро бигиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомӯш карда метавонед;17Ва хӯди наҷотро бигиред, ва шамшери Рӯҳро, ки каломи Худост;18Дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед, ва ҳушьёр ва босабот буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон илгимос кунед,19Барои ман низ дуо гӯед, то ба ман калом ато шавад, ки даҳон кушода, сирри башоратро боҷуръат баён намоям,20Ки барои 0н ман дар занҷирҳо вазифаи сафирро ба ҷо меоварам, то ки далерона ва ба таври бояду шояд сухан гӯям.21Ва барои он ки шумо низ аз вазъиятам ва корҳоям воқиф шавед, Тӯхиқӯс, ки бародари маҳбуб ва хизматгузори амин дар Худованд аст, шуморо аз ҳар хусус хабардор хоҳад кард,22Ки ӯро барои ҳамин назди шумо фиристодам, то ки аз вазъияти мо огоҳ бошед, ва ӯ дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад.23Бародаронро осоиштаги ва муҳаббат бо имон аз ҷониби Худои Пддар ва Исои Масеҳи Худованд бод.24Бо ҳамаи онҳое ки ба Худованди мо Исои Масеҳ муҳаббати бефано доранд, файз бод, омин.