Tajik

Hebrews

1

1ХӮДОЕ ки аз қадимулайём борҳо ва ба тарзи гуногун ба падарони мо ба василаи анбиё сухан рондааст,2Дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд, ки Ӯро вориси ҳама чиз таъин намуд ва оламҳоро низ ба воситаи Ӯ ба вуҷуд овард.3Писараш, ки дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ӯ буда, ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, чун татҳири гуноҳҳои моро ба амал овард, ба ямини Кибрие дар афроз нишаст,4Ва чй қадаре ки аз фариштагон бартарӣ пайдо кард, ҳамон қадар аз онҳо исми аълотаре мерос гирифтааст.5Зеро ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст: "Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз ПадариТу шудаам"? Ва боз: "Ман ба Ӯ Падар хоҳам буд, ва Ӯ ба Ман Писар хоҳад буд"?6Ва боз, вакте ки Нахустзодаро ба ҷаҳон дохил мекунад, мегӯяд: "Ва бигзор ҳамаи фариштагони Худо Ӯро парастиш кунанд".7Дар бораи фариштагон гуфта шудааст: "ФаришТагони Худро ба бодҳо табдил медиҳад ва хизматгорони Худро ба отапш сӯзон".8Аммо дар бораи Писараш гуфта шудааст: "Тахти Ту, эй Худо, то абад аст, ва асои садоқат асои салтанати Туст.9"Адолатро дӯст дошта, аз шарорат нафрат дорй. Бинобар ин Худо, Худои Ту, Туро бо равғани шодмонӣ бештар аз рафиқонат тадҳин кардааст".10Ва боз: "Дар эамони кадим Ту, эй Худованд, заминро буньёд кардаӣ, ва осмон амали дастҳои Туст.11"Онҳо фано хоҳанд шуд, валекин Ту қоим хоҳӣ буд; ва ҳамаашон мисли ҷомае ҷиғдаҷиғда хоҳанд шуд,12"Мисли пероҳане онҳоро хоҳӣ печонид, ва онҳо мубаддал хоҳанд шуд. Валекин Ту айни ҳамон ҳастӣ, ва солҳои Ту тамом нахоҳад шуд".13Ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст: "Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери лои Ту андозам"?14Оё ҳамаи онҳо рӯҳҳои хизматгузор нестанд, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд?