Tajik

Hebrews

2

1БИНОБАР ин мо бояд ба он чи игунидаем, маҳсусан бодиққат бошем, то ки аз он дур нашавем.2Зеро, агар каломе ки ба василаи фариштагон гуфта шудааст, матин буда, барои ҳар ҷиноят ва беитоатй подоши одилона дода шуда бошад,3Чй гуна мо халос мешавем, агар ба чунин наҷоти бузург беэътиноӣ кунем, ки онро аввал Худованд мавъиза намуд ва баъд онҳое ки аз Ӯ пгунидаанд, дар миёни мо тасдиқ кардаанд,4Ва Худо низ ба он шаҳодат дод ба воситаи аломот ва мӯъҷизот, ва ҳар навъ қувваҳо, ва бахшоиши Руҳулқудс ба ҳасби иродаи Худ?5Зеро олами ояндаро, ки дар бораи он сухан меронем, Худо ба фариштагон мутеъ накардааст,6Балки касе дар ҷое шаҳодат дода, гуфтааст: "Чист инсон, ки ӯро ёд кунй, ва фарзанди одам, ки ӯро тафаққуд намоӣ?7Ӯро аз фариштагон фақат андак кам кардаӣ; ва тоҷи ҷалол ва шавкат бар сари ӯ гузоштай; ӯро бар аъмоли дастҳои Худ ҳукмфармо кардаӣ;8"Ҳама чизро зери пои ӯ гузоштаӣ". Модоме ки ҳама чизро ба ӯ мутеъ кардааст, пас ҳеҷ чизе намондааст, ки мутеи ӯ набошад. Вале ҳоло ҳанӯз намебинем, ки ҳама чиз мутеи ӯ бошад;9Балки мебинем, ки Исо, ки аз фариштагон андак кам карда шуда буд, ба сабаби азоби мамот алҳол тоҷи ҷалол ва шавкат бар сар дорад, то ки ба ҳасби файзи Худо зоиқаи мамотро барои ҳама бичашад.10Зеро лозим буд, ки Ӯ, ки ҳама чиз барои Ӯст ва ҳама чиз аз Ӯст, барои ин ки фарзандони бисьёрро ба ҷалол бирасонад, Пешвои наҷоти онҳоро ба воситаи уқубатҳо комил гардонад.11Зеро ки ҳам Тақдискунанда ва ҳам тақдисшавандагон, ҳама аз Ягона ҳастанд; ба ин сабаб Ӯ ор намекунад, ки онҳоро бародар хонад, ва мегӯяд:12"Исми Туро ба бародаронам шуҳрат хоҳам дод, дар миёни ҷамоат Туро мадҳ хоҳам кард".13Ва боз: "Ман ба Ӯ таваккал хоҳам кард". Ва боз: "Инак, Ман ва фарзандоне ки Худо ба Ман додааст".14Ва азбаски фарзандон ба ҷисм ва хун шарокат доранд, Ӯ низ шарики инҳо гардид, то ки ба воситаи мамот соҳиби қудрати мамотро, яъне иблисро нобуд намояд.15Ва онҳоеро, ки аз тарси мамот тамоми умри худ гирифтори ғуломй буданд, халосй диҳад.16Зеро ки Ӯ фариштагонро дастгирӣ накардааст, балки насли Иброҳимро дасттирӣ кардааст.17Бинобар ин Ӯ мебоист аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд мешуд, то ки Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад, барои он ки гуноҳҳои қавмро кафорат кунад,18Зеро, чӣ тавре ки Худи Ӯ аз озмоиш гузашта, уқубат кашидааст, ба озмудашавандагон низ метавонад мадад расонад.