1ПАС, эй бародарони муқаддас, ки дар даъвати осмонй шарик ҳастед, ба Расул ва Саркоҳини эътирофи мо - Исои Масеҳ назар дӯзед,2Ки Ӯ ба Он ки Ӯро таъин намуд, амин буд, чунон ки Мусо низ дар тамоми хонаи Ӯ амин буд.3Зеро Ӯ нисбат ба Мусо сазовори ҷалоли бештаре гардид, чунки меъмори хона, назар ба худи хона, эҳтироми бештаре дорад;4Зеро ки ҳар хона меъмори худро дорад, валекин меъмори ҳама чиз Худост.5Ва Мусо дар тамоми хонаи Ӯ мисли хизматгузор амин буд, то шаҳодат диҳад дар бораи чизҳое ки дар оянда бояд гуфта шавад.6Аммо Масеҳ мисли Писар аст бар хонаи Ӯ; ва хонаи Ӯ мо ҳастем, ба шарте ки ҷуръат ва фахри умедро то ба оҳир боматонат нигоҳ дорем.7Бинобар ин, чунон ки Рӯҳулқудс мегӯяд, "имрӯз агар овози Ӯро бишнавед,8"Дилҳои худро сахт накунед, мисли замони ошӯб, мисли рӯзи озмоиш дар биёбон,9"Ки дар он ҷо падарони шумо Маро озмуданд; Маро имтиҳон карданд, агарчи аъмоли Маро чил сол дида буданд.10"Ба ин сабаб бар ин насл дарғазаб шудам ва гуфтам: ҳамеша дилашон гумроҳ мешавад, ва роҳҳои Маро нафаҳмидаанд;11"Ва Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд щуд".12Эй бародарон, бохабар бошед, ки касе аз шумо дили шарир ва беимоне ки аз Худои Хдй рӯй мегардонад, надошта бошад,13Балки якдигарро ҳар рӯз насиҳат диҳед, то даме ки "имрӯз" гуфта мешавад, ки касе аз шумо ба фиребҳои гуноҳ афтода, сахтдил нашавад.14Зеро ки мо шарикони Масеҳ гардидаем, ба шарте ки асоси эътимоди худро то ба охир боматонат нигоҳ дорем,15Чунон ки гуфта мешавад: "Имрӯз, агар овози Ӯро бишнавед, дилҳои худро сахт накунед, мисли замони ошӯб".16Зеро киҳо буданд, ки шунида, ошӯб бардоштанд? Оё на ҳамаи онҳое ки ба туфайли Мусо аз Миср берун омада буданд?17Ва бар киҳо Ӯ чил сол дар ғазаб шуд? Оё на бар осиёне ки ҷасадҳошон дар биёбон фурӯ ғалтид?18Ва дар ҳаққи киҳо Ӯ қасам хурд, ки ба оромии Ӯ дохил нахоҳанд шуд? Оё на дар ҳаққи онҳое ки беитоатӣ карДанд?19Ва мо мебинем, ки онҳо аз боиси беимонӣ натавонистанд доҳшт шаванд.