Tajik

Hebrews

4

1ПАС, дар сурате ки ваъдаи дохилшавй ба оромии Ӯ ҳанӯз боқист, мо хавотир хоҳем дошт, мабодо маълум гардад, ки касе аз шумо муваффақ нашудааст.2Зеро ки башорат ба мо низ, чунон ки ба онҳо, мавъиза карда шуд; аммо ба онҳо каломе ки шуниданд, фоидае набахшид, чунки бо имони шунавандагон напайваст.3Зеро мо, ки имон овардаем, ба он оромй дохил хоҳем шуд, чунон ки Ӯ гуфтааст: "Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд", гарчанде ки корҳои Ӯ аз хилқати олам анҷом ёфта буд.4Зеро ки дар ҷое дар бораи рӯзи ҳафтум чунин гуфта шудааст: "Ва Худо дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ ором гнрифт".5Ва боз дар ин ҷо: "Онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд".6Пас, дар сурате ки баъзе касон имконият доранд ба он дохил шаванд, вале онҳое ки башорат барояшон пештар мавъиза карда шуда буд, аз боиси беитоатӣ дохил нашуданд, -7Боз Ӯ рӯзеро муайян намуда, баъд аз муддати дуру дарозе ба воситаи Довуд "имрӯз" мегӯяд, чунон ки дар боло гуфта шудааст: "Имрӯз, агар овози Ӯро бишнавед, дилҳои худро сахт накунед".8Зеро, агар Еҳушаъ баонҳо оромӣ медод, баъд аз ин дар бораи рӯзи дигар сухан ронда намешуд.9Пас, барои кдвми Худо боз оромии щанбе боқӣ мемонад.10Зеро, касе ки ба оромии Ӯ дохил шудааст, худаш низ аз корҳои худ ором гирифтааст, чунон ки Худо аз корҳои Худ.11Пас, саъю кӯшиш намоем, ки ба он оромӣ дохил шавем, мабодо касе гирифтори он беитоатии ибратомез шуда, фурӯ ғалтад.12Зеро ки каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рӯҳ, буғумҳо ва иликҳо рафта мерасад, ва андеша ва ниятҳои дилро месанҷад.13Ва ҳеҷ махлуқе нест, ки аз Ӯ ниҳон бошад, балки ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст: ба Ӯ ҳисобот хоҳем дод.14Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем.15Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард.16Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвакт файз ёбем.