1ЗЕРО ҳар саркоҳине ки аз миёни одамон интихоб шудааст, барои одамон ба хизмати Худо гузошта мешавад, то ки барои гуноҳҳо ҳадия ва курбониҳо тақдим кунад,2Ки вай метавонад ба ҷоҳилон ва гумроҳон ғамхорй намояд, чунки худаш низ гирифтори заъф аст,3Ва ба ин сабаб бояд ҳам барои қавм ва ҳам барои худаш қурбонии гуноҳҳоро такдим кунад.4Ва ҳеҷ кас худ аз худ ин мартабаро соҳиб намешавад, балки фақат вақте ки аз ҷониби Худо даъват шавад, чунон ки Ҳорун низ.5Ҳамчунин Масеҳ низ ҷалоли Саркоҳинро Худаш аз они Худ накардааст, балки Он ки ба Ӯ гуфтааст: "Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз Падари Ту шудаам";6Чунон ки дар ҷои дигар низ мегӯяд: "Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақя.7Дар айёме ки Ӯ дар ҷисм буд, ба Он ки метавонист Ӯро аз мамот наҷот диҳад, бо фиғони пурзӯр ва бо ашкрезӣ дуо ва тазаррӯъ намуд, ва ба хотири таъзиму такрими Худ иҷобаг карда шуд,8Ва агарчи Писар буд, ба василаи уқубатҳо ба итоат омӯхта шуд,9Ва камол ёфта, барои ҳамаи мутеони Худ сабабгори наҷоти ҷовидонӣ гардид,10Ва Худо Ӯро Саркоҳине ба монанди Малкисодақ ном ниҳод.11Дар ин хусус мебоист бисьёр суҳан мерондем, лекин фаҳмондани он душвор аст, чунки гӯшҳои шумо вазнин шудааст,12Зеро, мувофиқи дарозии замон, мебоист шумо муаллим мешудед, лекин аз нав ба шумо асосҳои аввалини каломи Худоро таълим додан лозим меояд, ва барои шумо шир даркор аст, на ғизои сахт.13Зеро ҳар кӣ ширхӯр аст, аз каломи адолат беҳабар аст, чунки кӯдак аст;14Вале ғизои сахт барои касонест, ки ба камол расидаанд, ки ҳиссиёташон ба василаи малака ба фарқ кардани неку бад омӯхта шудааст.