1БИНОБАР ин, таълимоти ибтидоии Масеҳро монда, сӯи камол шитоб кунем ва аз нав асос нагузорем ба тавба аз аъмоли беҷон ва ба имон ба Худо,2Ба таълимоти оид ба таъмидҳо, оид ба гузоштани дастҳо, оид ба эҳьёи мурдагон ва оид ба доварии ҷовидонӣ.3Ва инро ба амал хоҳем овард, ба шарте ки Худо изн диҳад.4Зеро касоне ки боре фикрашон равшан шудааст, ва бахшоиши осмониро чашидаанд, ва шарикони Рӯҳулқудс гардидаанд,5Ва каломи неки Худо ва қувваҳои олами ояндаро чашидаанд,6Ва ҷудо шуда афтодаанд, - онҳоро аз нав ба роҳи тавба андохтан имконнопазир аст, зеро онҳо Писари Худоро ба зарари худашон боз маслуб мекунанд ва беобрӯ месозанд.7Зеро замине ки борҳо борони бар он боридаро мехӯрад ва барои онҳое ки онро кор мекунанд, набототи фоиданоке мерӯёнад, - аз Худо баракат меёбад;8Вале замине ки хору хас мерӯёнад, нобоб буда, ба лаънат наздик аст, ва фарҷоми он сӯхтан аст.9Аммо дар хусуси шумо, эй маҳбубон, мо яқин дорем, ки шумо дар холати беҳтар ва ба наҷот наздике мебошед, гарчанде ки ин гуна сухан меронем.10Зеро Худо беадолат нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ зоҳир намуда, ба муқаддасон ҳизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад.11Лекин орзумандем, ки ҳар яке аз шумо ҳамин ғайратро то ба охир нищон диҳед, то ки умедатон комилан ҳосил шавад;12То ки шумо танбал нащавед, балки ба касоне тақлид кунед, ки ба василаи имон ва пурсабрӣ вориси ваъдаҳо мегарданд.13Зеро, вақте ки Худо ба Иброҳим ваъда дод, азбаски ба каси бузургтаре наметавонист касам ёд кунад, ба Зоти Худ қасам ёд кард14Ва гуфт: "Ҳақиқатан туро бисьёр баракат хоҳам дод ва туро бағоят афзун ҳоҳам кард".15Ва Иброҳим бо пурсабрии худ ба он ваъда ноил гарДид.16Зеро ки одамон бо он чи бузургтар аст, қасам ёд мекунанд, ва қасам исботест, ки ба ҳар мунозираи онҳо хотима медиҳад.17Бинобар ин Худо, ки мехост тагьирнопазирии иродаи Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд,18То бо ду чизи тагьирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзӯре бошад.19Он умед барои ҷон мисли лангари боэътимод ва мустаҳкам аст, ва андаруни парда дохил мешавад,20Ки ба он ҷо пешгузаштаи мо - Исо дохил шуда, то абад Саркоҳин гардид ба монанди Малкисодақ.