1ЗЕРО ки Малкисодақ подшоҳи Салим, коҳини Худои Таоло, - ҳамон касе ки ба пешвози Иброҳим баромад ва ӯро баракат дод, вақге ки ӯ баъд аз шикаст додани подшоҳон бармегашт,2Ва Иброҳим ба вай аз ҳар чиз даҳьяк дод, - вай, аввалан, мувофиқи маънои номаш подшоҳи адолат аст ва сонӣ подшоҳи Салим низ, яъне подшоҳи осоиштагй,3Бе падар, бе модар, бе насабнома, дар ҳолате ки на ибтидои айем дорад, на интиҳои ҳаёт, балки ба Писари Худо монанд буда, ба сурати абадй коҳин мемонад.4Пас бубинед, чй гуна бузург аст он касе ки Иброҳими сарқабила низ ба вай аз беҳтарин ғанимати худ даҳьяк дод.5Онҳое ки аз миёни фарзандони Левӣ каҳонат пайдо мекунанд, ҳукм доранд, ки мувофиқи шариат аз қавм, аз бародарони худ даҳьяк ситонанд, гарчанде ки онҳо низ аз камари Иброҳим ба вуҷуд омадаанд.6Аммо ин касе ки аз авлоди онҳо ба вучуд наомадааст, аз Иброҳим даҳьяк гирифт ва соҳиби ваъдаро баракат дод.7Тамоман баҳснопазир аст, ки хурд аз ҷониби бузург баракат дода мешавад.8Ва дар ин ҷо одамони миранда даҳьяк меситонанд, лекин дар он ҷо Он ки дар ҳаққи Вай шаҳодат дорад, ки Ӯ зинда аст.9Ва, гуфтан мумкин, худи Левй, ки даҳьяк меситонад, ба воситаи Иброҳим даҳьяк дод:10Зеро ки ӯ ҳанӯз дар камари падар буд, вакте ки Малкисодақба пешвози Иброҳим баромад.11Пас, агар камол ба василаи каҳонати Левӣ муяссар мешуд, - зеро ки шариат дар он айём ба қавм расид, - боз чӣ ҳоҷат буд, ки коҳини дигаре ба монағди Малкисодақ ба майдон ояд, ва ба монағди Ҳорун номида нашавад?12Зеро ки дар баробари дигаргунии каҳонат дигаргунии шариат низ зарур мешавад.13Зеро Он ки дар ҳакқи Ӯ ин сухан гуфта мешавад, ба сибти дигаре мансуб буд, ки аз он ҳеҷ кас хизмати қурбонгоҳро ба чо наовардааст;14Зеро маълум аст, ки Худованди мо аз сибти Яҳудо тулӯъ намуд, ки Мусо дар бораи он оид ба каҳонат чизе нагуфтааст.15Ва ин боз ҳам равшантар дида мешавад, ки агар ба монанди Малкисодак коҳини дигаре ба майдон ояд,16Ки вай на бар тибқи қонуни як мизони ҷисмонй, балки ба ҳасби куввати як ҳаёти бепоён чунин шуда бошад.17Зеро ки шаҳодат дода шудааст: "Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақ".18Зеро ки ҳукми пештара, ба сабаби заъф ва бефоидагии он, ботил мешавад,19Чунки шариат ҳеҷ чизро ба камол нарасондааст; лекин умеди беҳтаре ҷои онро гирифт, ки ба василаи он мо ба Худо наздик меоем.20Ва ин умед бе қасам нест, -21Зеро ки онҳо бе қасам коҳин шудаағд, аммо Ӯ бо қасам, чунки дар ҳаққи Ӯ гуфта шудааст: "Худованд қасам хӯрдааст, ва таассуф нахоҳад хӯрд: Ту коҳин ҳастй то абад, ба монанди Малкисодақ", -22Бинобар ин ба аҳди беҳтаре Исо зомин шуд.23Ва он коҳинон бисьёр буданд, чунки мамот намегузошт, ки боқӣ монанд;24Аммо Ӯ, ки то абад боқист, каҳонати бефано дорад,25Ва ба ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад.26Зеро ки мо ба чунин Саркоҳин эҳтиёҷдорем: муқаддас, аз бадӣ дур,беайб, аз гуноҳкорон ҷудо ва аз афлок болотар баромада,27Ки эҳтиёҷ надорад ҳаррӯз,мислион саркоҳинон, аввал барои гуноҳҳои худаш, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро ки инро Ӯ як бор ба амал овард, вақте ки Худро ба унвони қурбонй тақдим кард.28Зеро ки шариат одамони гирифтори заъфро коҳин таъин мекунад, вале каломи қасам, ки баъд аз шариат омад, Писареро, ки то абад комил шудааст, таъин кард.