1ДАР он чи гуфта шуд, чизи асосӣ ин аст; мо чунон Саркоҳине дорем, ки Ӯ ба ямини тахти Кибриё дар афлок нишастааст,2Ва хизматгузори кудс ва хаймаи ҳақиқй мебошад, ки онро Худованд барпо кардааст, на одамизод.3Зеро ки ҳар саркоҳин барои тақдим кардани ҳадия ва қурбониҳо таъин мешавад; бинобар ин лозим буд, ки Ӯ низ чизе барои тақдим кардан дошта бошад.4Пас, агар Ӯ бар замин мемонд, коҳин ҳам намешуд, чунки дар ин ҷо коҳиноне ҳастанд, ки ба ҳасби шариат ҳадияҳо тақдим менамоянд,5Ва онҳо ба сурат ва сояи чизҳои осмонӣ хизмат мекунанд, чунон ки ба Мусо гуфта шуда буд, вакте ки ӯ ба соҳтани хайма шурӯъ менамуд: "Бохабар бош", гуфта шудааст, "ки ҳама чизро мувофиқи намунае ки дар болои кӯҳ ба ту нишон дода шуд, ба амал оварй".6Аммо алҳол Ӯ хизмати аълотаре пайдо кардааст ба андозае ки Ӯ миёнарави аҳди беҳтаре мебошад, ки он бар ваъдаҳои беҳтар барқарор гардидааст.7Зеро, агар он аҳди якум бенуқсон мебуд, ҷое барои дигараш намеҷустанд.8Зеро ки Худо онҳоро мазаммат намуда, мегӯяд: "Инак, айёме мерасад, мегӯяд Худованд, ки Ман бо хонадони Исроил ва бо хонадони Яҳудо аҳди ҷадид хоҳам баст,9"На чунон аҳде ки бо падарони онҳо баста будам дар рӯзе ки дасташонро гирифгам,
то онҳоро аз замини Миср берун оварам; чунки онҳо дар аҳди Ман қоим набуданд, ва Ман ба онҳо эътино накардам, мегуяд Худованд.10"Зеро ин аст аҳде ки бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, мегуяд Худованд: қонунҳои Худро дар афкори онҳо хоҳам гузошт ва дар дилҳои онҳо хоҳам навишт, ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.11"Ва касе ёри худро, ва касе бародари худро дигар таълим нахоҳад дод ва нахоҳад гуфт: Худовандро бишинос; чунки ҳама, аз хурд то калон, Маро хоҳанд шинохт;12"Чунки ба ноинсофиҳои онҳо шафаққат хоҳам кард ва гуноҳҳо ва шароратҳои онҳоро дигар ба ед нахоҳам овард".13Бо гуфтани "аҳди ҷадид" Ӯ қадимагии аҳди якумро нишон дод; ва он чи қадима ва кӯҳна аст, ба нестшавӣ наздик аст.