Tajik

Hebrews

9

1ПАС, аҳди якум низ дастурҳои оид ба ибодати Худо, ва қудси заминӣ дошт;2Зеро хайма ба қисмҳо сохта шуда буд: қисми якум, ки дар он чароғдон ва миз ва нони тақдим буд, ва он "қудс" номида мешавад.3Ва дар паси парда кислш дуюми хайма буд, ки "қудси қудсҳо" номида мешавад,4Ки дар он бухурдони тиллоӣ ва сандуқи ахд буд, ки ҳама ҷояш тиллокӯб шуда буд, ва дар он зарфи тиллоие пур аз манн, асои шукуфтаи Ҳорун ва лавҳаҳои ахд буд,5Ва ба болои он каррубиёни ҷалол буданд, ки бар кафоратгоҳ соя меафканданд; дар ин хусус ҳоло муфассал сухан рондан лозим нест.6Дар чунин шароит, коҳинон ба қисми якуми хайма ҳамеша медароянд, то ки ибодати Худоро ба ҷо оваранд;7Аммо ба қисми дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, он ҳам бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм қурбонӣ мекунад.8Ва Рӯҳулкудс бо ин нишон медиҳад, ки то даме ки хаймаи якум вуҷуд дорад, ҳанӯз роҳи қудс кушода нашудааст.9Вай тимсоли замони ҳозира аст, ки дар он ҳадияҳо ва қурбониҳое тақдим карда мешаванд, ки қодир нестанд виҷдони тақдимкунандаро осуда гардонанд,10Ва онҳо, бо чизҳои хӯрданй ва нӯшиданй ва бо ҳар гуна таҳорат ва маросим, дастурҳои мансуб ба ҷисм буда, фақат то замони ислоҳ муқаррар карда шудаанд.11Аммо Масеҳ ҳамчун Саркоҳини некиҳои оянда омада, ба воситаи хаймаи бузургтар ва мукаммалтаре ки бо дасти одам сохта нашудааст, яъне сохташ чунин нест,12Ва на ба воситаи хуни бузҳо ва говҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба қудс дохил шуда, кафорати абадӣ паиДо кард.13Зеро, агар хуни бузҳо ва говҳо ва хокистари модагов, ки ба палидон попшда мешавад, онҳоро то ба дараҷаи татҳири ҷисм тақдис мекарда бошад,14Чӣ қадар бештар Хуни Масеҳ, ки ба василаи Рӯҳи абадӣ Зоти беайби Худро ба Худо тақдим намуд, виҷдони моро аз аъмоли беҷон татҳир хоҳад кард, то ки Худои Хдй ва ҳақикиро ибодат намоем!15Бинобар ин Ӯ Миёнарави аҳди ҷадид аст, то ки пас аз мамоти Ӯ, ки он барои кафорати ҷиноятҳои замони аҳди якум вокеъ шудааст, даъватшудагон мероси абадии мавъудро пайдо кунанд.16Зеро, дар ҳар ҷое ки васияте ҳаст, бояд собит шавад, ки васияткунанда мурдааст,17Чунки васият пас аз мурдан эътиборнок аст; он, то даме ки васияткунанда зинда аст, ҳеҷ зътибор надорад.18Бинобар ин аҳди якум низ бе хун барқарор нашудааст.19Зеро, вақте ки Мусо ҳамаи аҳкомро мувофиқи шариат пеши тамоми қавм хонд, хуни говҳо ва бузҳоро бо об ва пашми арғувонй ва зуфо гирифта, ҳам бар худи китоб пошид, ҳам бар тамоми қавм,20Ва гуфт: "Ин аст хуни аҳде ки Худо ба шумо амр фармудааст".21Ҳамчунин бар хайма ва тамоми олоти ибодати Худо хун попгид.22Қариб ҳама чиз мувофиқи шариат ба василаи хун татҳир меёбад, ва бе рехтани хун омурзиш нест.23Пас, тимсоли чизҳои осмонӣ мебоист бо ин воситаҳо татҳир меёфт, аммо худи чизҳои осмонй - бо қурбониҳои хубтар аз инҳо.24Зеро Масеҳ на ба қудси бо дасти одам сохташуда, ки фақат тимсоли қудси ҳақиқист, балки ба худи осмон даромадааст, то ки ҳоло барои мо ба ҳузури Худо зоҳир шавад,25На аз барои он ки борҳо Худро қурбонй кунад, чунон ки саркоҳин ҳар сол ба қудс бо хуни дигарон медарояд;26Вагар на Ӯ мебоист аз ибтидои олам борҳо уқубат мекашид. Аммо Ӯ алҳол, дар охири замонҳо, як бор зоҳиршуд, то ки бо қурбонии Худ гуноҳро нест кунад.27Ва чунон ки одамонро насиб гардидааст, ки як бор бимиранд ва пас аз он ба доварӣ дучор шаванд,28Ончунон Масеҳ низ як бор Худро барои бардоштани гуноҳҳои бисьёр касон курбонӣ намуда, бори дуюм на аз барои татҳири гуноҳ зоҳир хоҳад шуд, балки барои онҳое ки Ӯро интизор доранд, то наҷот ёбанд.