1ЗЕРО шариате ки сояи некиҳои оянда аст ва воқеияти онҳо нест, ҳаргиз наметавонад ба воситаи айни ҳамон қурбониҳое ки ҳамеша, сол ба сол тақдим карда мешаванд, такдимкунандагонро комил гардонад.2Вагар на, ба тақдим кардани онҳо ҳотима медоданд, чунки тақдимкунандагони қурбонӣ як бор татҳир ёфта, дигар хеҷ идроки гуноҳҳоро намедоштанд.3Лекин ба василаи ин қурбониҳо сол ба сол дар бораи гуноҳҳо хотиррасон карда мешавад;4Зеро аз имкон берун аст, ки ҳуни говҳо ва бузҳогуноҳҳоро нест кунад.5Бинобар ин Масеҳ ба ҷаҳон дохил шуда, мегӯяд: "Курбонй ва ҳадияро Ту нахостй,балки бадане барои Ман муҳайё намудӣ;6"Қурбонии сӯҳтанӣ ва қурбонии хато барои Ту писандида набуд.7"Он гоҳ гуфтам: «Инак, меоям, - чунон ки дар тӯмори китоб дар бораи Ман навишта шудааст, - то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам»".8Аввал мегӯяд: қурбонӣ ва ҳадия ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии хаторо, - ки мувофиқи шариат тақдим карда мешавад, - Ту нахостӣ, ва онҳо барои Ту писандида набуд;9Баъд, илова намуда, гуфтааст: "Инак, меоям, то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам". Ӯ якумро ботил мекунад, то ки дуюмро барқарор намояд.10Ба ҳасби ҳамин ирода мо ба василаи қурбонии якбораи ҷисми Исои Масеҳ тақдис ёфтаем.11Ва ҳар коҳин ҳар рӯз дар ибодат меистад ва айни ҳамон қурбониҳоро борҳо тақдим менамояд, ки онҳо ҳаргиз наметавонанд гуноҳҳоро нест кунанд.12Аммо Ӯ як қурбониро ба сурати абадӣ барои гуноҳҳо тақдим намуда, ба ямини Худо бинишаст,13Ва пас аз ин мунтазир аст то даме ки душманонаш зери пои Ӯ андохта шаванд.14Зеро ки Ӯ ба василаи як қурбонӣ тавдисшавандагонро то абад комил гардондааст.15Рӯҳулқудс низ ба мо шаҳодат медиҳад, зеро ки гуфта шу дааст:16"Ин аст аҳде ки бо онҳо баъд аз он айём хоҳам баст, мегӯяд Худованд: қонунҳои Худро дар дилҳои онҳо хоҳам гузошт ва дар афкори онҳо хоҳам навишт,17"Ва гуноҳҳо ва шароратҳои онҳоро ба ёд нахоҳам овард".18Ва дар он ҷое ки омурзиши гуноҳҳо ҳаст, қурбонӣ барои онҳо дигар лозим нест.19Пас, эй бародарон, модоме ки мо ҷуръат дорем ба қудс ба василаи Хуни Исои Масеҳ,20Бо роҳи нав ва зинда дохил шавем, ки онро Ӯ барои мо ба василаи пардае, яъне ҷисми Худ, аз нав кушодааст,21Ва модоме ки мо Коҳини муаззаме бар хонаи Худо дорем,22Пас бо Дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидан аз виҷдони шарири мо татҳир намуда ва ҷисмн худро дар оби пок ғусл дода, наздик оем,23Ва зътирофи умеди худро собитқадамона нигоҳ дорем, зеро ки Ваъдадиҳанда амин аст;24Ва диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем,25Ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро мебинед.26Зеро, агар мо, пас аз пайдо кардани донищи ростӣ, худсарона гуноҳ кунем, - дигар қурбоние барои кафорати гуноҳ боқӣ намемонад,27Балки кадом як интизории пурдаҳшати доварӣ ва пшддати оташе ки хасмҳоро ба коми ҳуд хоҳад кашид.28Агар касе шариати Мусоро рад мекард, дар асоси баёноти ду ё се шоҳид бе марҳамат ба қатл расонда мепгуд,29Пас, ба гумонатон, сазовори чй қадар ҷазои сахттар хоҳад буд шахсе ки Писари Худоро поймол мекунад ва Хуни аҳдро, ки аз он такдис ёфтааст, азиз намедорад ва Рӯҳи файзро таҳқир менамояд?30Зеро мо Ӯро мешиносем, ки гуфтааст: "Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд". Ва боз: "Худованд қавми Худро доварӣ хоҳад кард".31Ба дасти Худои Ҳай афтодан даҳшатангез аст!32АЙеми пештараро ба хотир оваред, ки шумо, баъд аз равшан шудани фикратон, бори гарони укубатҳоро бардоштед,33Дар ҳолате ки гоҳ худатон дар миёни ҳориҳо ва андӯҳҳо ба тамошогоҳе барои дигарон мубаддал мешудед, гоҳ шарики онҳое мегардидед, ки ба чунин аҳвол дучор шуда буданд;34Зеро ки шумо ба занчирҳои ман низ ҳамдардӣ изҳор кардед, ва тороҷи дороии худро бо шодмонӣ қабул кардед, чун медонистед, ки шумо дар осмон молу мулки беҳтар ва бобақое доред.35Пас умеди худро тарк накунед, ки мукофоти бузурге ба он тааллуқ дорад.36Зеро шуморо сабр лозим аст, то ки иродаи Худоро иҷро намуда, ваъдаро ба даст оваред;37Зеро ки баъд аз андаке он Оянда хоҳад омад ва даранг нахоҳад кард.38Одил бо имон ҳоҳад зист; ва агар касе рӯй гардонад, ҷони Ман ба вай таваҷҷӯҳ нахоҳад кард.39Вале мо аз онҳо нестем, ки бармегарданд ва ба ҳалокат мерасанд, балки аз имондоронем, ки наҷот меёбанд.