Tajik

Hebrews

11

1ИМОН эътиқоди қавӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем, ва боварӣ ба чизҳоест, ки намоён нестанд.2Зеро ки ба василаи он қадимиён шаҳодат пайдо кардаанд.3Бо имон мо дарк мекунем, ки оламҳо бо каломи Худо тартиб ёфтааст, ба тавре ки аз чизҳои нонамоён чизҳои намоён ба вуҷуд омадааст.4Бо имон Ҳобил ба Худо, назар оа Қобил, курбонии беҳтаре тақдим намуд; бо он ӯ шаҳодат пайдо кард, ки ӯ одил аст, чунон ки Худо дар бораи ҳадияҳои ӯ шаҳодат дод; бо он ӯ баъд аз мамоташ ҳанӯз ҳам сухан меронад.5Бо имон Ҳанӯх тавре кӯчонида шуд, ки мамотро надид; ва ӯ пайдо нашуд, чунки Худо ӯро кӯчонид. Зеро ки пеш аз кӯчонида шуданаш шаҳодат пайдо кард, ки ба Худо писанд омадааст.6Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.7Бо имон Нӯҳ дар хусуси чизе ки ҳанӯз намоён набуд, ваҳЙ ёфта, бо тарси Худо барои наҷот додани аҳли байти худ киштие бисохт; бо он ӯ ҷаҳонро маҳкум намуд ва вориси адолате гардид, ки аз имон аст.8Бо имон Иброҳим итоат намуд ба даъвате дар бораи рафтан ба мамлакате ки мебоист мерос мегирифт, ва ӯ рафт, ва намедонист ба куҷо меравад.9Бо имон ӯ дар замини мавъуд, мисли замини бегона, ғарибона маскан гирифт, ва бо Исҳоқ ва Яъқуб, ки ҳамирсони ҳамон ваъда буданд, дар хаймаҳо зиндагй кард;10Зеро ӯ мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад, ва меъмору бинокори он Худост.11Бо имон худи Соро низ барои қабули насл қувват пайдо кард ва баъд аз фарсудагиаш зоид; зеро Ваъдадиҳандаро амин донист.12Бинобар ин аз як нафар, ки он ҳам мисли беҷон буд, ончунон бисьёр зоида шуданд, чунон ки ситораҳои осмон бисьёр аст, ва чунон ки реги лаби баҳр бешумор аст.13Ҳамаи инҳо дар имон мурданд ва ба муроди иҷрои ваъдаҳо нарасиданд, балки фақат аз дур онҳоро дида, шод шуданд ва эътироф карданд, ки бар замин мусофир ва ғарибанд;14Зеро онҳое ки чунин мегӯянд, нишон медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯи ватане ҳастанд.15Ва агар ватанеро, ки аз он берун омада буданд, ба ёд меоварданд, фурсат доштанд, ки баргарданд;16Аммо иштиёқманди ватани беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст; бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад: зеро ки Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст.17Бо имон Иброҳим, вақте ки озмуда шуд, Исҳоқро барои қурбонӣ тақдим намуд ва, бо вуҷуди он ки ваъдаҳо гирифта буд, писари ягонаи худро тақдим намуд,18Ки дар ҳаққи вай гуфта шуда буд: "Насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд";19Зеро ӯ фикр мекард, ки Худо қодир аст аз мурдагон низ эҳьё кунад; ба ин сабаб Исҳоқ ба таври тимсол аз мурдагон ба ӯ баргардонида шуд.20Бо имон Исҳоқ Яъқуб ва Эсовро барои оянда низ баракат дод.21Бо имон Яъқуб, пеш аз мурданаш, ҳар писари Юсуфро баракат дод ва бар сари асои худ такья намуда, саҷда кард.22Бо имон Юсуф, дар вакти вафоташ, хуруҷи банӣИсроилро зикр намуд ва дар бораи устухонҳои худ васият кард.23Бо имон падару модари Мусо ӯро, чун таваллуд шуд, се моҳ пинҳон доштанд, зеро диданд, ки кӯдаки зебост, ва аз амри подшоҳ натарсиданд.24Бо имон Мусо, чун калонсол шуд, нахост, ки гшсари духгари фиръавн хонда шавад,25Ва бо қавми Худо уқубат кашиданро афзал донкст аз он ки аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ дошта бошад,26Ва хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб кард; зеро ки ба мукофот назар медӯҳт.27Бо имон ӯ Мисрро тарк кард ва аз ғазаби подшоҳ натарсид; зеро ӯ, мисли он ки Нонамоёнро дида бошад, боматонат буд.28Бо имон ӯ фисҳ ва пошидани хунро ба амал овард, то ки несткунандаи нахустзодагон ба онҳо даст нарасонад.29Бо имон онҳо аз баҳри Қулзум, чун аз хупгкй, гузаштанд, вале вақте ки мисриён ба гузаштан ҳаракат карданд, ғарқ шуданд.30Бо имон деворҳои Ериҳӯ пас аз даврзании ҳафтрӯза фурӯ ғалтид.31Бо имон Роҳоби фоҳиша, ки ҷосусонро ба саломатӣ қабул карда буд, бо исьёнгарон ба ҳалокат нарасид.32Боз чӣ гӯям? Вақтам кифоя камекуиад барои он ки дар бораи "Ҷидъӯн ва Бороқ ва Шимшӯн ва Йифтоҳ ва Довуд ва Самуил ва анбиё ҳикоят намоям,33Ки онҳо бо имон мамлакатҳоро мусаххар карданд, адлро ба амал оварданд, ба ваъдаҳо муваффақ шуданд, даҳони шеронро бастанд,34Қуввати оташро хомӯш карданд, аз дами шамшер халосӣ ёфтанд,аз заъф бокувват шуданд,дар ҷанг кавӣ гардиданд, фавҷҳои бегонаҳоро торумор карданд;35Занон мурдаҳои худро эҳьешуда ёфтанд; вале дигарон аз шиканҷа нобуд шудағд ва озодиро қабул накарданд, то ки ба эҳьёи беҳтаре ноил гарданд;36Ва баъзеи дигарон ҳақоратҳо ва шаллоқро, ҳамчунин занҷирҳо ва зиндонро аз сар гузаронданд.37Сангсор шудаид, бо арра дупора гардиданд, ба шиканҷа гирифтор шуданд, аз дами шамшер мурданд; пӯстҳои гӯсфағду буз дар тан сарсону саргардон шуда, мӯҳточӣ, тангӣ ва уқубат кашиданд;38Онҳое ки ҷаҳон лоиқашон набуд, дар биёбонҳо ва кӯҳҳо, дар мағораҳо ва дараҳои замин овора шуда гапгтанд.39Ва ҳамаи онҳо, ки ба хотири имон шӯҳрат пайдо карда буданд, ваъдаро сохиб нашуданд,40Чунки Худо барои мо чизи беҳтаре пешбинӣ намуда буд, то ки онҳо бе мо комил нагарданд.