1БИНОБАР ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давондавон таЙ кунем2Ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар Дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиной намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст.3Дар бораи Ӯ фикр кунед, ки аз дасти гуноҳкорон ба чунин хорӣ тоб овард, то ки шумо дар ҷонҳои худ хаста ва суст нашавед.4Дар талоши зидди гуноҳ шумо ҳанӯз то ба дараҷаи рехтани хун муқобилият накардаед5Ва он насиҳатро, ки ба шумо, ҳамчун ба писарон гуфта шудааст, фаромӯш кардаед: "Эй писарам! Ба ҷазои Худованд беэътиноӣ накун, ва ҳангоме ки Ӯ туро мазаммат намояд, маъюс нашав;6"Зеро ки Худованд ҳар киро дӯст дорад, ҷазо медидиҳад; ҳар писари писандидаи Худро мезанад".7Агар ба ҷазо тоб оваред, Худо бо пгумо, чун бо писарон, рафтор мекунад. Зеро, оё писаре ҳаст, ки падараш ӯро ҷазо надиҳад?8Аммо агар шумо бе ҷазо монед, ки он насибаи ҳама аст, пас шумо ҳаромзодагонед, на писарон.9Илова бар ин, барои мо, ки аз падарони ҷисмонй ҷазо ёфта, аз онҳо метарсем, оё лозим нест, ки ба Падари рӯҳҳо хеле зиёдтар итоат намоем, то ки зист кунем?10Зеро ки онҳо моро ба салоҳдиди худашон барои айёми андак ҷазо медоданд, аммо Ӯ ин корро ба манфиати мо, то ки дар қудсияти Ӯ ширкат дошта бошем, анҷом медиҳад.11Ҳар ҷазо дар замони ҳозира ба назари кас на шодй, балки андӯҳ менамояд; лекин оқибат ба онҳое ки ба воситаи он таълим ёфтаанд, самари осоиштаи адолатро меоварад.12Пас, дастҳои беқувват ва зонуҳои бемаҷолро қавй кунед13Ва барои пойҳои худ роҳҳои рост кушоед, то он чи мелангад, бероҳа нагардад, балки ба хубӣ шифо ёбад.14Осоиштагиро бо ҳама пеша кунед ва қудсиятро толиб бошед, ки бе он ҳеҷ кас Худовандро нахоҳад дид,15Ва бохабар бошед, ки мабодо касе аз файзи Худо маҳрум шавад; мабодо решаи талхе ба вучуд омада, осеб расонад, ва бисьёр касон аз он палид шаванд,16Мабодо зинокоре ё осие ёфт шавад, ки мисли Эсов барои як таом аз нахустзодагии худ даст кашад.17Зеро шумо медонед, ки баъд аз он ӯ, чун хост вориси баракат гардад, рад карда шуд: тафаккури падарро дигаргун карда натавонист, гарчанде ки дар ин ҳусус ашк рехта илтимос намуд.18Шумо наздик наомадаед ба кӯҳе ки ламсшаванда ва оташфишон аст, ба торикй ва зулмот ва тундбод,19Ё ба овози карнай ва садои суханон, ки пгунавандагонаш илтимос карданд, ки ба онҳо дигар сухане гуфта нашавад,20Зеро ба он тоб оварда натавонистанд, ки амр фармуда шуда буд: "Агар ҳайвоне низ ба кӯҳ бирасад, сангсор ё тирборон хоҳад шуд".21Ва ин манзара он қадар даҳшатангез буд, ки Мусо гуфт: "Ман тарсону ларзон шудам".22Балки шумо наздик омадаед ба кӯҳи Сион ва ба шаҳри Худои Ҳай, ба Ерусалими осмонӣ ва беварҳои фариштагон,23Ва ба анҷумани пуртантана ва Калисои нахустзодагоне ки дар афлок навишта шудаанд, ва ба Худое ки Довари ҳама аст, ва ба арвоҳи одилоне ки ба камол расидаанд,24Ва ба Исо, ки Миёнарави аҳди ҷадид аст, ва ба Хуни пошиданй, ки назар ба хуни Ҳобил хубтар сухан мегӯяд.25Бохабар бошед, ки шумо низ аз сухангӯ рӯ нагардонед. Зеро, агар онҳое ки бар замин ба сухангӯ гӯш наандохтанд, аз ҷазо раҳо нашудаанд, пас алалхусус мо, агар аз Ӯ, ки аз осмон сухан мегӯяд, рӯ гардонем, раҳо наҳоҳем игуд.26Дар он вакт овози Ӯ заминро ба ларза андохта буд, ва Ӯ ҳоло чунин ваъда додааст: "Боз як бори дигар на танҳо заминро, балки осмонро низ ба ларза хоҳам андохт".27Ибораи "боз як бори дигар" маънои онро дорад, ки чизҳое ки ба ларза меафтад, ҳамчун чизҳои офаридашуда, аз миён хоҳад рафт, то чизҳое ки ба ларза намеафтад, боқӣ монад.28Пас мо малакутеро, ки ба ларза намеафтад, қабул намуда, файзро маҳфуз хоҳем дошт ва бо он Худоро ба таври писандида бо таъзиму такрим ва тарс ибодат хоҳем кард,29Чунки Худои мо оташи фурӯбаранда аст.