1БИГЗОР бародардӯстӣ барқарор бошад.2Меҳмоннавозиро фаромӯщ накунед, зеро ки ба воситаи он баъзе касон, нодониста, фариштагонро меҳмоннавозӣ кардаанд.3Бандиёнро ба ёд оваред, гӯё ки шумо низ бо онҳо дар занҷирҳо бощед, ва ситамкашонро, мисли он ки худатон бо онҳо як ҷисм мебощед.4Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад, ва ҷойҳоби он беайб; зеро ки зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард.5Хулқатон аз зарпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро ки Худи Ӯ гуфтааст: "Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт",6Бинобар ин мо метавонем далерона бигӯем: "Худовағд мададгори ман аст, ва ҳаросон нахоҳам шуд: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?"7Сардорони худро, ки каломи Худоро ба шумо мавъиза кардаанд, ба ёд оваред: ба анҷоми рафтори онҳо назар карда, ба имонашон тақлид намоед.8Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад айни ҳамон аст.9Ба таълимоти гуногун ва бегона моил нашавед; зеро хуб аст, ки дилҳо бо файз қавӣ гардад, на бо таомҳо, ки аз онҳо касони пурхӯр манфиате надидаанд.10Мо қурбонгоҳе дорем, ки хизматгузорони хайма ҳақ надоранд аз он чизе бихӯранд.11Часади ҳайвоноте ки хунашонро саркоҳин барои кафорати гуноҳ ба қудс меоварад, берун аз бошишгоҳ сӯзонида мешавад, -12Бинобар ин Исо низ, барои он ки одамонро бо Хуни Худ тақдис намояд, берун аз дарвоза уқубат кашид.13Пас, хории Ӯро бардошта, берун аз бошишгоҳ сӯи Ӯ бароем;14Зеро дар ин ҷо шаҳри доимие надорем, балки ояндаро ҷустуҷӯ менамоем.15Бинобар ин ҳамеша ба василаи Ӯ қурбонии пгукронаро ба Худо тақдим менамоем, яъне самараи лабҳоеро, ки ба исми Ӯ ҳамду сано мехонанд.16Инчунин инсондӯстӣ ва саховатро аз хотир набароред, зеро ки ин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меояд.17Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадор мебощанд; то ки онҳо ин вазифаро бо шодй ба ҷо оваранд, на бо оҳу нола, зеро ки ин барои шумо фоиданок нест,18Дар ҳаққи мо дуо гӯед; зеро мо яқин медонем, ки виҷдони нек дорем, чунки дар ҳар бобат мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем.19Ва махсусан ба ҷо овардани инро илтимос менамоям, то ки ман зудтар назди шумо баргардонида шавам.20Ва Худои осоиштагӣ, ки Чӯпони бузурги гӯсфандон - Исои Худованди моро бо хуни аҳди абадӣ аз мурдагон ба по хезонд,21Бигзор шуморо дар ҳар кори нек барои иҷрои иродаи Ӯ комил гардонад ва он чи ба Ӯ писандида бошад, дар шумо ба василаи Исои Масеҳ ба амал оварад, ки Ӯро то абад ҷалол бод! Омин.22Аз шумо, эй бародарон, илтимос менамоям, ки ин каломи насиҳатро қабул кунед, зеро ки ба шумо мухтасар низ навиштаам.23Бидонед, ки бародари мо Тимотиюс озод шуд; ва агар ӯ зуд биёяд, ҳамроҳи ӯ ба дидани шумо хоҳам омад.24Ба ҳамаи сардорони худ ва ба ҳамаи муқаддасон салом расонед. Итолиявиён ба шумо салом мерасонанд.25Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.