1ЭЙ бародарони ман! Ба Исои Масеҳи Худованди мо, ки Худованди ҷалол аст, бе рӯйбинй имон дошта бошед.2Зеро, агар ба ҷамъомади щумо касе ангуштарини тилло дар даст ва либоси зебо дар тан биёяд, ва камбағале низ либоси чиркин дар тан биёяд,3Ва шумо ба соҳиби либоси зебо нигоҳ карда, гӯед: "Шумо марҳамат фармуда ин ҷо бинишинед", ва ба камбағал гӯед: "Ту он ҷо биист" ёки: "Ин ҷо, поини пои ман бинишин", -4Оё шумо миёни худатон фарқ нагузоштаед ва оё доварони соҳиби афкори бад нестед?5Гӯш диҳед, эй бародарони маҳбуби ман: оё Худо камбағалони оламро интиҳоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст?6Валекин шумо аз камбағал нафрат кардаед. Оё сарватдорон шуморо ба танг намеоваранд, ва оё онҳо шуморо ба маҳкамаҳо намекашанд?7Оё онҳо номи некеро, ки бар шумост, беобрӯ намекунанд?8Агар шумо шариати шоҳонаро, бар тибқи Навиштаи: "Ёри худро мисли худ дӯст бидор" ба ҷо меоварда бошед, хуб мекунед;9Аммо агар рӯйбинӣ мекарда бошед, гуноҳ мекунед, ва шариат шуморо вайронкунанда ҳисоб мекунад.10Касе ки тамоми шариатро риоя намуда, валекин дар як чиз гуноҳ кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад.11Зеро Он ки "зино накун" гуфтааст, "қатл накун" ҳам гуфтааст; бинобар ин, агар ту зино накунӣ, вале қатл кунӣ, - ба шариат хато кардаӣ.12Ҳамчун касоне ки бар тибқи шариати озодӣ доварӣ карда хоҳанд шуд, чунин сухан гӯед ва чунин амал кунед,13Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.14Эй бародарони ман, чӣ фоидае ҳаст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, дар сурате ки амал надорад? Оё чунин имон метавонад ӯро наҷот диҳад?15Агар бародаре ё ҳоҳаре бараҳна буда, ризқу рӯзӣ надошта бошанд,16Ва касе аз шумо ба онҳо гӯяд: "Ба саломатй рафта, гарм ва сер шавед", валекин он чи барои ҷисм лозим аст, ба онҳо надиҳад, - чи фоидае ҳаст?17Ҳамчунин имон низ, агар аъмол надошта бошад, ба худии худ мурда аст.18Балки касе хоҳад гуфт: "Ту имон дорӣ, вале ман аъмол дорам, - имони худро бе аъмол ба ман нишон бидеҳ, вале ман ба ту имони худро аз аъмоли худ нишон медиҳам".19Ту имон дорй, ки Худо ягона аст? Хубмекунӣ, девҳо низ имон доранд ва меларзанд.20Аммо, эй одами бемағз, оё мехоҳӣ бидонӣ, ки имон бе аъмол мурда аст?21Оё падари мо Иброҳим, ки писари худ Исҳоқро ба қурбонгоҳ бароварда буд, бо аъмоли худ сафед нашуд?22Оё ту мебинй, ки имон ба аъмоли. ӯ мадад кард, ва имони ӯ ба василаи аъмол ба камол расид?23Ва он Навишта иҷро шуд, ки мегӯяд: "Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд, ва ӯ дӯсти Худо номида шуд".24Оё мебинед, ки одамизод ба василаи аъмол сафед мешавад, на фақат ба василаи имон?25Ба ҳамин тарз Роҳоби фоҳиша низ, ки ҷосусонро қабул карда, бо роҳи дигаре фиристода буд, оё ба василаи аъмол сафед нашуд?26Зеро, чунон ки ҷисм бе рӯҳ мурда аст, ончунон имон низ бе аъмол мурда аст.