Tajik

James

3

1ЭЙ бародарони ман I Бисьёре аз шумо муаллим нашавед, чун медонед, ки мо ба маҳкумияти бештаре дучор хоҳем лгуд,2Зеро ки ҳамаи мо бисьёр пешпо мехӯрем. Касе ки дар сухан пешпо намехӯрад, вай одами комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми ҷисмро бикашад.3Инак, мо ба даҳони аспҳо Лаҷом меандозем, то ки ба мо итоат кунанд, ва тамоми ҷисми онҳоро идора мекунем;4Инак, киштиҳо низ, ҳар чанд бузург бошанд ва ҳар чанд бо бодҳои пурзӯр ронда шаванд ҳам, ба воситаи суккони хурде, ба куҷое ки суккондор хоҳад, равона карда мешаванд;5Ҳамчунин забон низ узви хурд аст, вале бисьёр лоф мезанад. Бубин, оташи хурде чӣ гуна ҷангали бузургро месӯзонад.6Забон низ оташ аст, шарорате дар миёни узвҳои мо мебошад. Тамоми ҷисмро палид мекунад ва доираи ҳаётро оташ медиҳад, дар сурате ки худаш аз ҷаҳаннам отащ мегирад.7Зеро ки ҳама гуна даррандагон ва паррандагон, хазандагон ва ҳайвоноти баҳрӣ ба воситаи одамизод ром мешавад ва ром шудааст,8Валекин забонро ҳеҷ кас аз одамон ром карда наметавонад: он - шароратест боздоштанашаванда ва пур аз заҳри марговар.9Бо он мо Худо ва Падарро муборак мехонем, ва бо он мо ба одамон, ки ба сурати Худо офарида шудаанд, лаънат мегӯем:10Аз айни як даҳон баракат ва лаънат мебарояд. Эй бародарони ман, набояд ин тавр шавад.11Оё аз як сӯрохи чашма ҳам оби ширин ва ҳам оби талх ҷорй мешавад?12Эй бародарони ман, дарахти анҷир наметавонад зайтун оварад, ё токи ангур - анҷир: ҳамчунин як чашма наметавонад оби шӯр ва ширин ба вуҷуд оварад.13Оё касе аз шумо ҳаким ва бохирад аст? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурӯтании хирадмандона дар амал нишон диҳад.14Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талх ва худсарӣ доред, фахр накунед ва дар ҳаққи ростй дурӯғ нагӯед:15Ин ҳикмате нест, ки аз боло нозил шуда бощад, балки ҳикмати заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ мебошад;16Зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарй бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост.17Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонй осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад.18Ва самараи адолат дар осоиштагй кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд.