1АДОВАТ ва ҷидолҳо дар миёни шумо аз куҷост? Оё на аз ҳавасҳои шумост, ки дар андоматон меҷанганд?2Ҳавас мекунед - ва надоред; мекушед ва ҳасад мебаред - ва наметавонед ба даст оваред; муноқиша ва адоват мекунед - ва надоред, чунки илтимос намекунед;3Илтимос мекунед ва ба даст намеоваред, чунки на аз баҳри қасди нек илтимос мекунед, балки аз баҳри он ки барои ҳавасҳои худ истифода намоед.4Эй зинокорон! Оё намедонед, ки дӯстӣ бо дуньё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти дуньё бошад, душмани Худо мегардад.5Оё шумо гумон мекунед, ки Навишта бар абас гуфтааст: "Рӯҳеро, ки дар мо сокин аст, то ба дараҷаи рашк дӯст медорад"?6Лекин файзи бештаре мебахшад; барои ҳамин ҳам гуфта шудааст: "Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад".7Пас, ба Худо итоат намоед, ба иблис муқобилат кунед, ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт.8Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд. Дастҳои худро бишӯед, эй гуноҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед, эй дудилагон.9Андӯҳгин шуда, гирья ва нола кунед. Бигзор хандаи шумо ба гирья ва шодии шумо ба ғусса мубаддал шавад.10Дар ҳузури Худованд фурӯтан бошед, ва Ӯ шуморо сарафроз хоҳад кард.11Эй бародарон, дар ҳаққи якдигар бадгӯй накунед. Касе ки бародарашро бадгӯӣ кунад, ё бародарашро ҳукм намояд, вай шариатро бадгӯӣ мекунад ва шариатро ҳукм менамояд. Ва агар ту шариатро ҳукм намоӣ, пас иҷрокунандаи шариат нестӣ, балки довар ҳастӣ.12Шариатгузор ва Довар якест, ва Ӯ қодир аст наҷот диҳад ва талаф кунад. Вале ту кистӣ, ки дигареро ҳукм менамоӣ?
Ба мукобили нацшаҳое ки дилхоҳи Худо нест.13Акнун гӯш кунед шумо, эй касоне ки мегӯед: "Имрӯз ё фардо ба фалон шаҳр рафта, дар он ҷо як сол зиндагонӣ мегузаронем, ва бо тиҷорат машғул шуда, фоида мекунем",14Дар сурате ки шумо намедонед, ки фардо чй ҳодиса рӯй хоҳад дод: зеро ки чист зиндагонии шумо? Буғест, ки ба муддати кӯтоҳе зоҳир гардида, баъд нест мешавад.15Ба ҷои он нгумо бояд бигӯед: "Агар Худо хоҳад, мо зинда мемонем ва чунин ё чунон мекунем".16Лекин акнун шумо, ба сабаби ҳавобаландии худ, лоф мезанед: ҳар лофи монанди ин бад аст.17Пас, касе ки медонад, чӣ некӣ бояд кард, ва намекунад, - ба вай гуноҳ аст.