1«БА РОСТЙ, ба ростй ба шумо мегӯям: ҳар кй ба оғили гӯсфанд аз дар надарояд, балки аз роҳи дигар дохил шавад, вай дузд ва роҳзан аст;2«Лекин ҳар кӣ аз дар дарояд, вай чӯпони гӯсфандон аст:3«Дарбон дарро барои вай мекушояд, гӯсфандон ба овози вай гӯш медиҳанд, вай гӯсфандони худро ном ба ном мехонад ва берун мебарорад;4«Чун гӯсфандони худро баровард, пешопеши онҳо меравад; ва гӯсфандон аз акиби вай мераванд, чунки овозашро мешиносанд;5«Лекин аз ақиби каси бегона намераванд, балки аз вай мегурезанд, чунки овози бегонаро намешиносанд».6Ҳамин масалро Исо ба онҳо гуфт. Лекин онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо чй гуфт.7Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростй, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман барои гӯсфандон дар ҳастам.8«Ҳамаи касоне ки пеш аз Ман омаданд, дузд ва рСҲзан ҳастанд; лекин гӯсфавдон ба овози онҳо гӯш надоданд.9«Ман дар хастам: ҳар кӣ ба василаи Ман дохил шавад, наҷот меёбад, ва ба дарун ва берун меравад, ва чарогоҳ пайдо мекунад.10«Дузд меояд, то ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад; Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонй дошта бошанд.11«Ман чӯпони некам: чӯпони нек ҷони худро барои гусфандон фидо мекунад;12«Лекин муздуре ки чӯпон нест, ва гусфандон аз они худаш нестанд, чун бубинад, ки гург меояд, гӯсфандонро монда мегурезад, ва гург гӯсфандонро мегирад ва пароканда мекунад;13«Муздур мегурезад, чунки муздур аст, ва ғами гӯсфандонро намехӯрад.14«Ман чӯпони некам, ва мансубони Худро мешиносам, ва мансубонам Маро мешиносанд:15«Чунон ки Падар Маро мешиносад, Ман ҳам Падарро мешиносам, ва ҷони Худро барои гӯсфандон фидо мекунам.16«Ман гӯсфандони дигар низ дорам, ки аз ин оғил нестанд, ва онҳоро низ бояд оварам: онҳо низ овози Маро хоҳанд шунид, ва як рамаю як чӯпон хоҳанд шуд.17«Аз ин сабаб Падар Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони Худро фидо мекунам, то ки онро боз ёбам;18«Ҳеҷ кас онро аз Ман намегирад, балки Худи Ман онро фидо мекунам: кудраг дорам, ки онро фидо кунам, ва қудрат дорам, ки онро боз ёбам; ин хукмро аз Падари Худ гирифтаам».19Ба сабаби ин суҳанон боз дар байни яҳудиён ихтилоф афтод.20Бисьёре аз онҳо гуфтанд: «Ӯ дев дорад ва девона ает; чаро ба суханонаш гӯш медиҳед?»21Дигарон гуфтанд: «Ин суханони девона нест; оё дев метавонад чашми кӯронро воз кунад?»22Дар Ерусалимидитаҷдидбарпошуд,вазимистон буд.23Ва Исо дар маъбад, дар равоқи Сулаймон мегашт.24Яҳудиён гирди Ӯро гирифта, ба Ӯ гуфтанд: «То кай моро дар тардид мегузорй? Агар Ту Масеҳ бошӣ, ошкоро бигӯ».25Исо ба онҳо чавоб дод: «Ман ба шумо гуфтам, ва имон наовардец; аъмоле ки Ман баисми Падари Худ ба чо меоварам, бар Ман шаҳодат медиҳад;26«Лекин шумо имон намеоваред, зеро ки аз гӯсфандони Ман нестед, чунон ки ба шумо гуфтам;27«Гӯсфандони Ман ба овози Ман гӯш медиҳанд, ва Ман онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд,28«Ва Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшам, ва онҳо то абад талаф нахоҳанд шуд, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Ман кашида гирад;29«Падаре ки онҳоро ба Ман дод, аз ҳама бузургтар аст, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирад:30«Ман ва Падар як ҳастем».31Боз яхудиён санг бардоштанд, то ки Ӯро сангсор кунанд.32Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Аз ҷониби Падари Худ ба шумо бисьёр аъмоли нек нишон додаам; аз барои кадоми онҳо Маро сангсор мекунед?»33Яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Туро барои амали нек сангсор намекунем, балки барои куфр, зеро Ту, ки одам ҳастй, Худро Худо мехонй».34Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дар шариати шумо навишта нашудааст: "Ман гуфтам: шумо худоен ҳастед"?35«Агар онҳоеро, ки каломи Худо сӯяшон нозил шуд, худоен хондааст, ва Навишта наметавонад ботил шавад, -36«Пас ба Касе ки Падар Ӯро тақдис карда, ба ҷаҳон фиристод, чӣ тавр шумо мегӯед, ки: "Куфр мегӯӣ", чунки гуфтаам: "Писари Худо ҳастам"?37«Агар аъмоли Падари Худро ба ҷо намеоварам, ба Ман имон наоваред;38«Ва агар ба ҷо меоварам, ҳарчанд шумо ба Ман имон намеоваред, пас ба аъмол имон оваред, то бидонед ва бовар кунед, ки Падар дар Ман аст, ва Ман дар Ӯ».39Он гоҳ бори дигар хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин Ӯаз дасташон раҳо шуд.40Ва боз ба он тарафи Ӯрдун, ба ҳамон ҷое ки пештар Яҳьё таъмид медод, рафт ва дар он ҷо монд.41Ва бисьёр касон назди Ӯ омаданд ва гуфтанд: «Яҳьё ҳеҷ мӯъҷизае иишон надод; лекин ҳар он чи Яҳьё дар бораи Ин Шахс гуфт, рост буд».42Ва бисьёр касон дар он ҷо ба Ӯ имон оварданд.