Tajik

John

9

1ВА ЧӮН мерафт, як кӯри модарзодро дид.2Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсида, гуфтанд:«ЭйӮстод! Кӣ гуноҳ кард: ин одамёпадарумодараш, кипайкӯрзоидашуд?»3Исо ҷавоб дод: «На ин одам гуноҳ кард ва на падару модараш, балки барои он ки дар вай аъмоли Худо ошкор гардад;4«То вакте ки рӯз аст, Ман бояд аъмоли Фиристандаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре бикунад;5«То вакте ки Ман дар ҷаҳон ҳастам, нури ҷаҳонам».6Инро гуфта, оби даҳан бар замин андохт, ва бо он об гил сохт, ва он гилро ба чашмони кӯр молид,7Ва ба вай гуфт: «Бирав ва дар ҳавзи Шнлӯаҳ, ки маънояш "Фиристода" мебошад, худро бишӯи». Вай рафта, худро шуст, ва бино шуда, омад.8Ҳамсоягон ва касоне ки пеш аз он вайро дар ҳолати кӯрӣ дида буданд, гуфтанд: «Оё ин ҳамон нест, ки нишаста, гадоӣ мекард?»9Баъзе гуфтанд: «Ҳамон аст». Ва баъзе гуфтанд: «Фақат ба вай монанд аст». Вале худи вай гуфт: «Ман ҳамонам».10Ба вай гуфтанд: «Пас чӣ тавр чашмони ту воз шуд?»11Вай дар ҷавоб гуфт: «Касе ки Исо номида мешавад, гил сохта, ба чашмонам молид ва гуфт: "Бирав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ худро бишӯй". Ман рафта, худро шустам ва бино шудам».12Ба вай гуфтанд: «Ӯ куҷост?» Гуфт: «Намедонам».13Он одамро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд.14Ва он рӯзе ки Исо гил сохта, чашмони вайро воз кард, рӯзи шанбе буд.15Фарисиён низ аз вай пурсиданд, ки чӣ тавр бино шуд. Ба онҳо гуфт: «Гил сохта, ба чашмонам гуэошт, ва ман худро шуста, бино шудам».16Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Он Шахс аз ҷониби Худо нест, чунки шакберо нигоҳ намедорад». Дигарон гуфтанд: «Чй тавр як шахси гуноҳкор чунин мӯъҷизот нишон дода метавонад?» Ва дар байни онҳо ихтилоф афтод.17Боз ба он кӯр гуфтанд: «Дар бораи Ӯ, ки чашмони туро кушод, чй мегӯӣ?» Гуфг: «Пайғамбар аст».18Яҳудиён бовар накарданд, ки вай кӯр буду бино шуд, то ин ки падару модари он биношударо даъват намуда,19Аз онҳо пурсиданд: «Оё ин аст писари шумо, ки мегӯед: кӯр зоида шудааст? Пас чй тавр вай алҳол бино шудааст?»20Падару модари вай дар ҷавоби онҳо гуфтанд: «Мо медонем, ки ин писари мост, ва кӯр зоида шудааст;21«Лекин алҳол чӣ тавр бино шудааст, намедонем; ва чашмони вайро кй воз кардааст, намедонем; вай болиғ аст, аз худаш пурсед, то аҳволи худро баён кунад».22Падару модараш чунин гуфтанд, чунки аз яҳудиен метарсиданд; зеро ки яҳудиён аллакай забон як карда буданд, ки ҳар кӣ Ӯро чун Масеҳ эьтироф намояд, аз куништ биронанд;23Аз ин сабаб падару модараш гуфтанд, ки#вай болиғ аст, аз худаш пурсед».24Он гоҳ бори дигар он одамро, ки кӯр буд, талабида, гуфтанд: «Худоро сано гӯй; мо медонем, ки Он Шахс гуноҳкор аст».25Дар ҷавобашон гуфт: «Оё гуноҳкор аст ё не, намедонам; як чизро медонам, ки кӯр будам ва ҳоло бино ҳастам».26Боз ба вай гуфтанд: «Бо ту чӣ кор кард? Чй тавр чашмони туро воз кард?»27Ба онҳо ҷавоб дод: «Аллакай ба шумо гуфтам, ва гӯш надодед: чаро мехоҳед дубора бишнавед? Оё шумо низ мехоҳед шогирдони Ӯ шавед?»28Вайро мазаммат намуда, гуфганд: «Ту шогирди Ӯ ҳастй, мо шогирдони Мусоем;29«Мо медонем, ки Худо ба Мусо сухан гуфт; лекин Ин Шахсро намедонем аз куҷост».30Он одам дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ва ҳол он ки Ӯ чашмони маро воз кард.31«Мо медонем, ки Худо дуои гуноҳкоронро намешунавад, лекин агар касе худотарс бошаду иродаи Ӯро ба ҷо оварад, дуояшро мешунавад;32«Ҳаргиз шунида нашудааст, ки касе чашмони кӯри модарзодро воз карда бошад;33«Агар Ӯ аз ҷониби Худо намебуд, ҳеҷ кор карда наметавонист».34Дар ҷавоби вай гуфтанд: «Ту, ки комилан дар гуноҳ таваллуд ёфтаӣ, моро таълим медиҳӣ?» Пас вайро бадар ронданд.35Исо чун шунид, ки вайро бадар рондаанд, вайро ёфта, гуфт: «Оё ту ба Писари Одам имон дорӣ?»36Дар ҷавоб гуфт: «Эй ого, Ӯ кист,то ки ба Ӯимон оварам?»37Исо ба вай гуфт: «Ту Ӯро дидаӣ, ва Ӯ ҳамон аст, ки ҳоло бо ту гуфтугӯ мекунад».38Гуфт: «Имон дорам, Худовандо!» Ва баӮсаҷда кард.39Ва Исо гуфт: «Ман барои доварӣ ба ин ҷаҳон омадаам, то ки кӯрон бино ва биноён кӯр шаванд».40Баъзе аз фарисиён, ки назди Ӯ буданд, чун шуниданд, ба Ӯ гуфтанд: «Наход ки мо ҳам кӯр бошем?»41Исо ба онҳо гуфт: «Агар кӯр мебудед, гуноҳ намедоштед; аммо чун мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳи шумо мемонадк