1ЛЕКИН Исо ба кӯҳи Зайтун рафт,2Ва бомдодон боз ба маъбад омад, ва тамоми мардум назди Ӯ омаданд; ва Ӯ нишаста, онҳоро таълим медод.3Дар ин вақт китобдонон ва фарисиён занеро, ки дар амали зино дастгир шуда буд, назди Ӯ оварданд, ва дар миёна ба по ииҳода,4БаӮгуфтанд: «Ӯстод! Инзандар амали зино дастгир шуд;5«Ва Мусо дар шариат ба мо гуфтааст, ки чунин занон бояд сангсор шаванд: аммо Ту чй мегӯӣ?»6Инро барои озмоиш ба Ӯ гуфтанд, то ки далеле ёфта, Ӯро айбдор кунанд. Лекин Исо хам шуда,бо ангушташ бар рӯи замин чизе менавишт.7Чун дар савол йсрор намуданд, Ӯ рост шуда» ба онҳо гуфт: «Он ки аз шумо бегуноҳ аст, аввалин касе бошад, ки ба вай санг андозад».8Ва боз хам шуда, бар замин навиштан гирифт.9Чун шуннданд, виҷдонашон нороҳат шуд, ва аз пирон сар карда, то каси охирин паси якдигар баромада рафтанд; ва Исо танҳо монд, ва зан дар миёна ба по меистод.10Исо чун рост шуд ва ғайр аз зан ҳеҷ касро надид, ба вай гуфт: «Эй зан! Даъвогарони ту куҷо шуданд? Оё касе туро маҳкум накард?»11Зан гуфт: «Ҳеҷ касе, эй оғо!» Исо ба вай гуфт: «Ман низ туро маҳкум намекунам; бирав ва дигар гуноҳ накун».12Ва Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам; ҳар кӣ Маро палравӣ кунад, дар торикӣ роҳ напаймояд, балки нури ҳаетро ёбад».13Он гоҳ фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту бар Худ шаҳодат медиҳй, шаҳодати Ту рост нест».14Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Гарчанде ки Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, шаҳодати Ман рост аст, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам; лекнн шумо намедонед, ки Ман аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам;15«Шумо аз рӯи ҷисм доварӣ мекунед, вале Ман ҳеҷ касро доварй намекунам;16«Ва агар Ман доварй кунам, доварии Ман рост аст, чунки Ман танҳо нестам, балки Падаре ки Маро фиристод, бо Ман аст;17«Ва низ дар шариати шумо навишта шудааст, ки шаҳодати ду кас рост аст;18«Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, ва низ Падаре ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат медиҳад».19Ба Ӯ гуфтанд: «Падари Ту куҷост?» Исо ҷавоб дод: «Шумо на Маро мешиносед ва на Падари Маро; агар Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед».20Ин суханонро Исо назди ганҷина, ҳангоме ки дар маъбад таълим медод, гуфт; ва ҳеҷ кас Ӯро дастгир накард, чунки соати Ӯ ҳанӯз нарасида буд.21Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ман меравам, ва шумо Маро хоҳед ҷуст, ва дар гуноҳи ҳуд хоҳед мурд; ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед».22Яҳудиён гуфтанд: «Наҳод ки Ӯмехоҳад Худро бикушад, ки мегӯяд: "Ба он ҷое ки Мая меравам, шумо наметавонед биёед"?»23Ба онҳо гуфт: «Шумо аз поин мебошед, Ман аз боло; шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, лекин Ман аз ин ҷаҳон нестам;24«Аз ин сабаб ба щумо гуфтам, ки дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд; зеро агар имон наоваред, ки ин Ман ҳастам, дар гуноҳҳои ҳуд хоҳед мурд».25Ба Ӯ гуфтанд: «Ту кистӣ?» Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамонам, ки аз аввал ҳам ба шумо гуфтам;26«Ман чизҳои бисьёр дорам, ки дар ҳаққи шумо бигӯям ва доварӣ кунам; лекин Фиристандаи Ман ҳакикист, ва Ман ҳар чи аз Ӯ шунидаам, ба ҷаҳон мегӯям».27Онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо дар бораи Падар сухан мегӯяд.28Исо ба онҳо гуфт: «Вақте ки Писари Одамро баланд бардоштед, хоҳед фаҳмид, ки ин Ман ҳастам, ва ҳеҷ амалро аз Худам намекунам, балки он чиро, ки Падарам ба Ман таълим дод, мегӯям;29«Фиристандаи Ман бо Ман аст; Падар Маро танҳо нагузоштааст, зеро ки Ман ҳамешааъмолй писандидаи Ӯро ба ҷо меоварам».30Чун инро гуфт, бисьёр касон ба Ӯ имон оварданд.31Он гоҳ Исо ба яҳудиёне ки ба Ӯ имон оварданд, гуфт: «Агар шумо дар каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд,32«Ва ростиро хоҳеД шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард».33Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо фарзандони Иброҳим ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем; пас чй сон Ту мегӯй, ки "озод хоҳед шуд"?»34Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст;35«Лекин ғулом ҳамеша дар хона намемонад: писар ҳамеша мемонад!;36«Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд;37«Медонам, ки фарзандони Иброҳим ҳастед; лекин мехоҳед Маро бикушед, чунки каломи Ман дар шумо намегунҷад;38«Ман он чи назди Падари Худ дидаам, мегӯям; ва шумо он чи назди падари худ дидаед, мекунед».39Онҳо дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Падари мо Иброҳим аст». Исо ба онҳо гуфт: «Агар фарзандони Иброҳим мебудед, аъмоли Иброҳимро ба ҷо меовардед;40«Валекин ҳоло мехоҳед Маро бикушед, ва Ман Шахсе ҳастам, ки ростиро, ончунон ки аз Худо шунидаам, ба шумо мегӯям: Иброҳим чунин коре накардааст.41«Шумо аъмоли падари худро мекунед». Ба Ӯ гуфтанд: «Мо аз зино таваллуд наёфтаем; мо як Падар дорем, ки Худо бошад».42Исо ба онҳо гуфт: «Агар Худо Падари шумо мебуд, Маро дӯст медоштед, чунки Ман аз ҷониби Худо баромада, назди шумо омадаам; зеро ки Ман ба иродаи Худ наомадаам» балки Ӯ Маро фиристод.43«Чаро каломи Маро намефаҳмед? Чунки каломи Маро наметавонед бишнавед.44«Падари шумо иблис аст, ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред; вай аз ибтидо қотил буд ва дар ростй собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд» зеро ки вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст.45«Лекин азбаски Ман сухани ростро ба шумо мегӯям» ба Ман имон намеоваред,46«Кист аз шумо, ки Маро ба гуноҳе таъна зада тавонад? Пас агар Ман сухани ростро гӯям, чаро ба Ман имон намеоваред?47«Касе ки аз Худо бошад, ба каломи Худо гӯш медиҳад; шумо ба он сабаб гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед».48Он гоҳ яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Оё дуруст нагуфтем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва дев дорӣ?»49Исо ҷавоб дод: «Ман дев надорам, балки Падари Худро ҳурмат мекунам, вале шумо ба Ман беҳурматӣ мекунед;50«Ман ҷалоли Худро толиб нестам: Яке ҳаст, ки Толиб ва Довар мебошад;51«Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад маргро нахоҳад дид».52Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Акнун донистем, ки Ту дев дорӣ; Иброҳим ва анбиё мурданд, вале Ту мегӯй: "Касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад зоиқаи маргро нахоҳад чашид"».53«Оё Ту аз падари мо Иброҳим, ки мурд, ва аз анбиё, ки низ мурданд, бузургтар ҳастӣ? Ту Худро кӣ медонй?»54Исо ҷавоб дод: «Агар Ман Худро ҷалол диҳам, ҷалоли Ман ҳеҷ чизе набошад: Маро Падари Ман ҷалол мебахшад, ки дар ҳаққи Ӯ шумо мегӯед: Ӯ Худои мост";55«Ва Ӯро нашинохтаед, лекин Ман Ӯро мешиносам; ва агар бигуям, ки Ӯро намешиносам, мисли шумо дурӯғгӯй мешавам; лекин Ман Ӯро мешиносам ва каломи Ӯро риоя мекунам;56«Падари шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи Маро бубинад: ва дид ва шод гардид».57Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Ҳанӯз панҷоҳсола ҳам нестӣ, ва Ту Иброҳимро дидаӣ?»58Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки Иброҳим пайдо шуд, Ман ҳастам».59Он гоҳ санг бардоштанд, то ки Ӯро сангсор кунанд; лекин Исо пинҳон шуд ва аз миёни онҳо гузашта, аз маъбад берун шуд ва рафт.