Tajik

John

12

1ШАШ рӯз пеш аз иди фисҳ Исо ба Байт-Ҳинӣ омад, ба он ҷое ки Лаъзори мурдаро аз мурдагон эҳьё карда буд.2Дар он ҷо барои Ӯтаоми шом ҳозир карданд, ва Марто хизмат мекард, ва Лаъзор яке аз онҳое буд, ки бо Ӯ бар сари суфра менишастанд.3Он гоҳ Марьям ратле аз равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳо гирифта, пойҳои Исоро тадҳин кард ва пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконид; ва хона аз бӯи равғани атрафшон пур шуд.4Ва яке аз шогирдонаш, Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют, ки мехост Ӯро таслим кунад, гуфт:5«Чаро ин равгани атрафшон ба сесад динор фурӯхта нашуд, то ки ба мискннон тақсим карда дода шавад?»6Ва инро на аз барои он гуфт, ки гамхори мискинон бошад, балки барои он ки дузд буд: ҳамьёни пул дар дасташ буд, ва аз пуле ки дар он меандоҳтанд, барои худ мегирифт.7Исо гуфт: «Вайро ором гузор; вай инро барои рӯзи дафни Ман саришта карда нигоҳ доштааст;8«Зеро ки мискинон ҳар вакт назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам».9Бисьёре аз яҳудиён чун хабар ёфтанд, ки Ӯ дар он ҷост, омаданд, то ки на танҳо Исоро, балки низ Лаъзорро, ки Ӯ аз мурдагон эҳьё карда буд, бубинанд.10Он гоҳ саркоҳинон қарор доданд, ки Лаъзорро низ бикушанд,11Чунки ба хотири вай бисьёре аз яҳудиён ба он ҷо меомаданд ва ба Исо имон меоварданд.12Фардои он, мардуми бисьёре ки ба ид омада буданд, чун шуниданд, ки Исо ба Ерусалим меояд,13Шохаҳои дараҳти хурморо ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарьёд мекарданд: «Ҳӯшаъно! Муборак аст Подшоҳи Исроил, ки ба исми Худованд меояд!»14Ва Исо харкуррае ёфта, бар он савор шуд, чунон ки навишта шудааст:15«Натарс, эй духтари Сион! Инак, Подшоҳи ту бар куррае савор шуда, меояд».16Шогирдонаш аввал ин чизҳоро нафаҳмиданд, лекин чун Исо ҷалол ёфт, он гоҳ ба хотир оварданд, ки ин чизҳо дар бораи Ӯ навишта шуда буд, ва ҳамчунон барои Ӯ ба ҷо оварда шуд.17Ва мардуме ки бо Ӯ буданд, шаҳодат доданд, ки Ӯ Лаъзорро аз қабр хонд ва аз мурдагон эҳьё кард;18Ба ин сабаб низ мардум ба пешвози Ӯ баромаданд, зеро шунида буданд, ки Ӯ чунин мӯъҷиза нишон додааст,19Лекин фарисиён ба якдигар гуфтанд: «Оё мебинед, ки ҳеҷ фоида намебаред? Инак, тамоми ҷаҳон аз паи Ӯ меравад».20Дар байни онҳое ки дар ид барои ибодат омада буданд, баъзе юнониҳо буданд;21Онҳо назди Филиштус, ки аз Байт-Сайдои Ҷалил буд, омаданд ва илтимос намуда, гуфтанд: «Эй оғо! Мо мехоҳем Исоро бубинем»,22Филиппус омада, ба Андриёс гуфт; баъд Андриес ва Филиппус ба Исо гуфтанд.23Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Соати он расидааст, ки Писари Одам ҷалол ёбад.24«Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар донаи гандум дар хок афтода, намирад, фақат худаш боқӣ мемонад; лекин агар бимирад, донаҳои фаровон меоварад.25«Касе ки ҷони худро дӯст дорад, онро барбод медиҳад; ва касе ки аз ҷони худ дар ин ҷаҳон нафрат кунад, то ҳаёти ҷовидонӣ онро нигоҳ ҳоҳад дошт.26«Ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд Маро пайравй намояд; ва ҳар куҷо ки бошам, ходими Ман низ он ҷо хоҳад буд; ва ҳар кй ба Ман хизмат мекунад, Падар вайро мӯҳтарам хоҳад дошт.27«Алҳол ҷони Ман дар изтироб аст; чӣ бигӯям? Эй Падар! Маро аз ин соат раҳо намо! Аммо маҳз барои ҳамин соат Ман омадаам.28«Эй Падар! Исми Худро ҷалол деҳ». Дарҳол садое аз осмон даррасид: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол ҳоҳам дод».29Мардуме ки дар он ҷо истода буданд, инро шунида, гуфтанд: «Раъд ғуррид». Дигарон гуфтанд: «Фариштае бо Ӯ сухан гуфт».30Исо дар ҷавоб гуфт: «Ин садо на аз барои Ман, балки барои шумо омад;31«Алҳол доварӣ бар ин ҷаҳон аст; алҳол мири ин Цаҳон бадар ронда мешавад;32«Ва ҳангоме ки Ман аз замин боло бурда мешавам, ҳамаро сӯи Худ хоҳам кашид».33Инро гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна марг Ӯ бояд бимирад.34Мардум дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Мо аз Таврот шунидаем, ки Масеҳ то абад боқӣ хоҳад монд; пас чӣ сон мегӯӣ, ки Писари Одам бояд боло бурда шавад? Ин Писари Одам кист?»35Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе нур бо шумост; то даме ки нур бо шумост, роҳ равед, то ки зулмот шуморо фаро нагирад, ва касе ки дар торикӣ роҳ меравад, намедонад, ки куҷо меравад;36«То даме ки нур бо шумост, ба нур имон оваред, то ки писарони нур гардед». Ин суханонро гуфта, Исо аз пеши онҳо рафт ва пинҳон шуд.37Бо вуҷуди мӯъҷизоти бисьёре ки дар пеши назарашон нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд,38То сухани Ишаъёи набй ба амал ояд, ки гуфта буд: «Худовандо! Кӣ ба пайғоми мо бовар кард, ва бозуи Худованд ба кй ошкор гардид?»39Бинобар ин натавонистанд имон оваранд, чунон ки Ишаъё боз гуфтааст:40«Чашмони онҳоро нобино ва дилҳои онҳоро сахт гардондааст, то бо чашмони худ набинанд ва бо дилҳои худ нафаҳманд ва руҷӯъ накунанд, то ки Ман онҳоро шифо диҳам».41Чунин гуфт Ишаъё, ҳангоме ки ҷалоли Ӯро дид ва дар бораи Ӯ сухан ронд.42Бо вуҷ>!ди ин бисьёре аз сардорон низ баӮ имон оварданд, аммо аз тарси фарисиён икрор накарданд, ки мабодо аз куништ ронда шаванд;43Зеро ки ҷалоли мардумро бештар аз ҷалоли Худо дӯст медоштанд.44Лекин Исо нидо карда, гуфт: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ба Ман не, балки ба Фиристандаи Ман имон овардааст;45«Ва ҳар кӣ Маро бинад, Фиристандаи Маро дидааст.46«Ман нур ҳастам, ки ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад.47«Ва агар касе суҳанони Маро шунида, риоят накунад, Ман бар вай доварӣ нахоҳам кард: зеро наомадаам, ки бар ҷаҳон доварӣ кунам, балки ҷаҳонро наҷот баҳшам.48«Ҳар кӣ Маро рад карда, суханонамро кабул накунад, доваре бар худ дорад: каломе ки гуфтам, дар рӯзи вопасин бар вай доварӣ хоҳад кард;49«Зеро ки Ман аз Худ нагуфтаам, балки Падаре ки Маро фиристод, ба Ман ҳукм дод, ки чӣ бигӯям ва чй гуна сухан ронам;50«Ва Ман медонам, ки ҳукми Ӯ ҳаёти ҷовидонист. Пас, он чи Ман мегӯям, хамон аст, ки Падар фармудааст, то бигӯям».