Tajik

John

13

1ПЕШ аз иди фисҳ, чун Исо донист, ки соати Ӯ расидааст, то ки аз ин ҷаҳон назди Падар биравад, Ӯ, ки мансубони Худро дар ин ҷаҳон дӯст медошт, онҳоро то ба охир дӯст дошт.2Ва дар вакти таоми шом, ки иблис қасде дар дили Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют андохта буд, ки Ӯро таслим кунад,3Ва Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст, ва Ӯ аз ҷониби Худо омада буд ва ба сӯи Худо меравад,4Аз сари суфра бархоста, либоси Худро кашид ва дастмоле гирифта, ба камар баст;5Баъд аз он ба тағорае об рехта, ба шустани пойҳои шогирдонаш ва хушконидани онҳо бо дастмоле ки ба камараш баста буд, шурӯъ намуд.6Чун назди Шимъӯни Петрус омад, вай гуфт: «Худовандо! Ту пойҳои маро мешӯӣ?»7Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Он чи Ман мекунам, алҳол намедонй, лекин баъд хоҳӣ фаҳмид».8Петрус ба Ӯгуфт: «Пойҳои маро ҳаргиз нахоҳӣ шуст». Исо ба вай ҷавоб дод: «Агар туро нашӯям, туро бо Ман ҳиссае нест».9Шимъӯни Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! На танҳо пойҳои маро, балки низ дастҳо ва сари маро бишӯӣ».10Исо ба вай гуфт: «Касе ки ғусл кардааст, фақат ба шустани пойҳояш эҳтиёҷ дорад, чунки вай тамоман пок аст; ва шумо пок ҳастед, лекин на ҳама».11Зеро ки таслимкунандаи Худро медонист, бинобар ин гуфт: «На ҳама пок ҳастед».12Чун пойҳои онҳоро шуст, либоси Худро пӯшида, боз нишаст ва ба онҳо гуфт: «Оё медонед, ки барои шумо чӣ кардам?13«Шумо Маро Ӯстод ва Худованд мегӯед ва рост мегӯед, зеро ки Ман чунин ҳастам.14«Пас, агар Ман, ки Ӯстод ва Худованд ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро бишӯед:15«Зеро ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман бо шумо кардам, шумо низ бикунед.16«Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ғулом бузургтар аз оғои худ нест, ва расул бузургтар аз фиристандаи худ нест.17«Ҳар гоҳ инро донистед» хушо шумо, агар инро ба амал оваред.18«Дар бораи ҳамаи шумо намегӯям: онҳоеро, ки баргузидаам, медонам. Лекин ин Навишта бояд ба амал ояд: "Он ки бо Ман нон мехӯрад, пошнаи худро бар Ман баланд кардааст".19«Алҳол, пеш аз вуқӯъ, ба шумо мегӯям, то ки ҳангоми воқеъ шуданаш бовар кунед, ки ин Ман ҳастам.20«Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад».21Чун Исо инро гуфт, дар рӯҳ музтариб шуд, ва шаҳодат дода, гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо Маро таслим хоҳад кард».22Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда» дар ҳайрат шуданд, ки инро дар бораи кӣ мегӯяд.23Яке аз шогирдонаш буд, ки бар сандуқи синаи Исо такья мезац: Исо вайро дӯст медошт;24Шимъӯни Петрус ба вай кшорат кард, то бипурсад: он кист, ки дар ҳаққаш чунин гуфт.25Вай ҳамчунон бар сандуқи синаи Исо такья зада, пурсид: «Худовандо! Он кист?»26Исо ҷавоб дод: Юн аст, ки луқмаи нонро ғӯтонда ба вай медиҳам». Ва луқмаро гӯтонда, ба Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют дод.27Пас аз он ки луқмаро гирифт, шайтон дар вай дохил шуд. Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Он чи мекунӣ, ба зудӣ бикун».28Лекин аз нишастагон ҳеҷ кас нафаҳмид, ки чаро ба вай чунин гуфт.29Баъзеҳо гумон карданд, ки чун ҳамьён дар дасти Яҳудост, Исо ба вай фармуд, ки ҳар чи барои ид ба мо лозим аст, харид кунад ё ки чизе ба мискинон бидиҳад.30Вай луқмаро гирифта, дарҳол берун рафт; ва шаб буд.31Чун вай берун рафт, Исо гуфт: «Алҳол Писари Одам ҷалол ёфт, ва Худо дар Ӯ ҷалол ёфт;32«Агар Худо дар Ӯ ҷалол ёфт, Худо низ Ӯро дар Худ ҷалол хоҳад дод, ва ба зудй Ӯро ҷалол хоҳад дод.33«Эй фарзандон! Боз муддати каме бо шумо ҳастам: шумо Маро ҷустуҷӯ хоҳед кард, ва чунон ки ба яҳудиён гуфтам, акнун ба шумо низ мегӯям: ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметовонед биёед.34«Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред.35«Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред».36Щимъӯни Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Куҷо меравӣ?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Ба он ҷое ки Ман меравам, алҳол наметавонӣ аз ақиби Ман биёӣ, лекин баъд аз он аз акиби Ман хоҳӣ омад».37Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Чаро алҳол аз ақиби Ту наметавонам биёям? Ҷони худро барои Ту фидо хоҳам кард».38Исо ба вай ҷавоб дод: «Ҷони худро барои Ман фидо хоҳӣ кард? Ба ростй, ба ростӣ ба ту мегӯям: пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳй кард».