1«ИНРО ба шумо гуфтам, то ки ба васваса наафтед.2«Шуморо аз куништҳо хоҳанд ронд; ва ҳатто соате мерасад, ки ҳар кй шуморо бикушад, гумон кунад, ки хизмате ба Худо мекунад.3«Ва ин корҳоро бо шумо ҳоҳанд кард, чунки на Падарро шинохтанд ва на Маро.4«Лекин инро ба шумо барои он гуфтам, ки ҳангоми расидани он соат ба ёд оваред, ки Ман ба шумо гуфтаам ва инро аз аввал ба шумо нагуфтам, зеро ки бо шумо будам.5«Аммо акнун Ман назди Фиристандаи Худмеравам, ва касе аз байни шумо аз Ман намепурсад: "Куҷо меравй?"6«Вале чун инро ба шумо гуфтам, дили шумо пур аз ғам шуд.7«Лекин ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои шумо беҳтар аст; зеро ки агар Ман наравам, Пуштибон назди щумо нахоҳад омад; ва агар биравам, Ӯро назди шумо мефиристам,8«Ва чун Ӯ ояд, ҷаҳонро бар гуноҳ ва бар адолат ва бар доварй мулзам ҳоҳад кард.9«Бар гуноҳ, зеро ки ба Ман имон намеоваранд;10«Бар адолат, зеро ки назди Падари Худ меравам, ва дигар Маро наҳоҳед дид;11«Бар доварй, зеро ки мири ин ҷаҳон маҳкум шудааст.12«Боз бисьёр чизҳои дигар дорам, ки ба шумо бигӯям, лекин шумо алҳол онҳоро наметавонед бардоред.13«Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростй ояд, шуморо батамоми ростӣ раҳнамой ҳоҳад кард; зеро ки аз Худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт, ва аз воқеоти оянда ба шумо ҳабар хоҳад дод.14«Ӯ Маро ҷалол хоҳад дод, чунки аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо ҳабар ҳоҳад дод.15«Ҳар он чи Падар дорад, аз они Ман аст; бинобар ин гуфтам: аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо хабар хоҳад дод.16«Дере нагузашта Маро нахоҳед дид, ва боз дере нагузашта Маро ҳоҳед дид; зеро ки Ман назди Падар меравам».17Баъзе аз шогирдонаш ба якдигар гуфтанд: «Чист, ки Ӯ ба мо мегӯяд: "Дере нагузашта Маро нахоҳед дид, ва боз дере нагузашта Маро ҳоҳед дид" ва: "Ман назди Падар меравам"?»18Ва онҳо гуфтанд: «Ин чист, ки Ӯ мегӯяд: "Дере нагузашта"? Намедонем, чӣ мегӯяд».19Исо чун донист, ки мехоҳанд аз Ӯ бипурсанд, ба онҳо гуфт: Юё ба якдигар дар ин хусус савол медиҳед, ки Ман гуфтам: "Дере нагузашта Маро нахоҳед дид, ва боз дере нагузашта Маро хоҳед дид"?20«Ба ростй, ба ростӣ ба шумо мегӯям: шумо гирья ва нола хоҳед кард, лекин ҷаҳон шод ҳоҳад шуд; шумо ғамгин хоҳед шуд, лекин ғами шумо ба шодй мубаддал ҳоҳад шуд.21«Зан ҳангоми зоидан ғамгин аст, чунки соати вай расидааст; лекин чун кӯдакро зоид, ғамашро фаромӯш мекунад ба сабаби шодии он ки одаме дар ҷаҳон таваллуд ёфт.22«Шумо низ алҳол ғамгин ҳастед; лекин боз шуморо хоҳам дид, ва дили шумо шод хоҳад шуд, ва ҳеҷ кас наметавонад он шодиро аз шумо бигирад,23«Ва дар он рӯз аз Ман чизе нахоҳед пурсид. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар он чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба щумо ато хоҳад кард.24«То кунун ба исми Ман чизе талаб накардаед; талаб кунед, то бигиред, ва шодии шумо комил гардад.25«Ин чизҳоро бо масалҳо ба шумо гуфтам; лекин соате мерасад, ки дигар ба шумо бо масалҳо ҳарф намезанам, балки аз Падар ба шумо кушоду равшан хабар хоҳам дод.26«Дар он рӯз ба исми Ман талаб хоҳед кард, ва Ман ба шумо намегӯям, ки аз Пацар барои шумо илтимос хоҳам кард:27«Зеро ки Худи Падар шуморо дӯст медорад, чунки шумо Маро дӯст доштаед ва шумо имон овардаед, ки Ман аз ҷониби Худо омадаам.28«Ман аз ҷониби Падар омадам ва ба ҷаҳон ворид шудам; боз ҷаҳонро тарк мекунам ва назди Падар меравам».29Шогирдонаш 6а Ӯ гуфтанд: «Инак акнун кушоду равшан сухан мегӯй, на бо масалҳо;30яАкнун донистем, ки Ту ҳама чизро медонӣ, ва ҳоҷат нест, ки касе аз Ту чизе бипурсад; аз ин рӯ имон меоварем, ки Ту аз ҷониби Худо омадай».31Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Алҳол имон меоваред?32«Ияак, соате мерасал, ва аллакай расидааст, ки шумо парокаяда шуда, ҳар яке сӯи хонаи худ меравед ва Маро танҳо мегузорец; лекин Ман тачҳо несаам, зеро ки Падар бо Ман аст.33«Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки дар Ман осоиштагӣ дошта бошед. Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам».