1ИСО, чун инро гуфт, чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Соат расидааст: Писари Худро ҷалол деҳ, то ки Писарат низ Туро ҷалол диҳад.2«Зеро ки Ӯро бар тамоми башар қудрат додай, то ки ба ҳар кӣ Ту ба Ӯ баҳщидаӣ, ҳаёти ҷовидонй бидиҳад:3«Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқй ҳастй, ва Исои Масеҳро, ки фиристодй, бишносанд.4«Ман Туро дар рӯи замин ҷалол додам ва кореро, ки ба Ман супурда будӣ, то бикунам, ба анҷом расондам;5«Ва акнун Ту, эй Падар, Маро назди Худ ҷалол деҳ ба ҳамон ҷалоле ки пеш аз ҳастии олам назди Ту доштам.6«Исми Туро ба одамоне ки аз ҷаҳон ба Ман ато кардй, шиносондам; онҳо аз они Ту буданд, ва Ту онҳоро ба Ман ато кардй, ва онҳо каломи Туро риоят кардаанд;7«Ва акнун донистанд, ки ҳар он чи ба Ман додаӣ, аз ҷониби Туст;8«Зеро каломеро, ки ба Ман додй, ба онҳо супурдам, ва онҳо қабул карданд ва ҳақиқатая донистанд, ки Ман аз ҷониби Ту омадаам, ва имон оварданд, ки Ту Маро фиристодаӣ.9«Ман барои онҳо илтимос мекунам: на барои ҷаҳон, балки барои онҳое ки Ту ба Ман додаӣ, зеро ки онҳо аз они Ту мебошанд;10«Ва он чи аз они Ман аст, аз они Туст, ва он чи аз они Туст, аз они Ман аст; ва Ман дар онҳо ҷалол ёфтаам.11«Ман дитар дар ҷаҳон нестам, лекин онҳо дар ҷаҳон ҳастанд, ва Ман назди Ту меоям. Эй Падари Муқаддас! Инҳоро, ки ба Ман додаӣ, ба исми Худ нигоҳ дор, то ки як бошанд, чунон ки Мо ҳастем.12«Вақте ки бо онҳо дар ҷаҳон будам, онҳоро ба исми Ту нигоҳ доштам; онҳоеро, ки Ту ба Ман додӣ, нигаҳбонӣ кардам, ва ҳеҷ яке аз онҳо ҳалок нашуд, ҷуз аз писари ҳалокат, то ки Навишта ба амал ояд.13«Вале акнун назди Ту меоям, ва инро дар ҷаҳон мегӯям, то ки шодии Ман дар онҳо комил бошад.14«Ман каломи Туро ба онҳо супурдам, ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам.15«Илтимос намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарй, балки онҳоро аз шарорат муҳофизат намой;16«Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам.17«Онҳоро бо ростии Худ тақдис кун: каломи Ту ростист.18«Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодй, Ман низ онҳоро ба ҷаҳон фиристодам;19«Ва Худро барои онҳо тақдис мекунам, то ки онҳо низ бо ростӣ тақдис карда шаванд.20«Танҳо барои онҳо илтимос намекунам, балки низ барои касоне ки ба василаи каломи онҳо ба Ман имон хоҳанд овард:21«То ки ҳама як бошанд; чунон ки Ту, эй Падар, дар Ман ҳастй ва Ман дар Ту, онҳо низ дар Мо як бошанд, - то ҷаҳон имон оварад, ки Ту Маро фиристодӣ.22«Ва Ман ҷалолеро, ки ба Ман додаӣ, ба онҳо додаам: то ки як бошанд, чунон ки Мо як ҳастем.23«Ман дар онҳо ҳастам, ва Ту дар Ман; то ки онҳо дар ягонагӣ комил бошанд, ва ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодй ва онҳоро дӯст доштӣ, чунон ки Маро дӯст доштӣ.24«Эй Падар! Мехоҳам онҳое ки ба Ман додай, дар он ҷое ки мебошам, бо Ман бошанд, то ҷалоли Маро, ки ба Ман додай, бубинанд, чунки Маро пеш аз таъсиси ҷаҳоп дӯст доштӣ.25«Эй Падари Одил! Ҷаҳон Туро нашиноҳт; Лекин Ман Туро шинохтам, ва инҳо донистанд, ки Ту Маро фиристодӣ;26«Ва Ман ба онҳо исми Туро шиносондам ва боз ҳам хоҳам шиносонид, то он муҳаббате ки Ту ба Ман дорӣ, дар онҳо бошад, ва Ман низ дар онҳо бошам».