1ЧӮН Исо инро гуфт, бо шогирдони Худ ба он тарафи водии Қидрӯн рафт, ки дар он ҷо боғе буд, ва Ӯ ва шогирдонаш ба он даромаданд.2Ва Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ он ҷойро медонист, чунки Исо бо шогирдонаш борҳо дар он ҷо ҷамъ омада буд.3Пас Яҳудо як даста сарбозон ва мулозимонро аз саркоҳинон ва фарисиён гирифта, бо чароғҳо ва машъалҳо ва аслиҳа ба он ҷо омад.4Исо, ки огоҳ буд аз он чи бояд ба Ӯ рӯй диҳад, берун омада, ба онҳо гуфт: «Киро ҷустуҷӯ мекунед?»5Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Исои Носириро». Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳастам». Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ бо онҳо истода буд.6Чун Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳастам», - онҳо акибақиб рафта, ба замин афтоданд.7Боз аз онҳо пурсид: «Киро ҷустуҷӯ мекунед?» Гуфтанд: «Исои Носириро».8Исо ҷавоб дод: «Ман ба шумо гуфтам, ки Ман ҳастам; пас, агар Маро ҷустуҷӯ мекунед, бигзоред инҳо бираванд», -9То он сухане ки Ӯ гуфта буд, ба амал ояд: «Аз онҳое ки ба Ман додӣ, якеро талаф накардаам».10Он гоҳ Шимъӯни Петрус, ки шамшер дошт, онро кашида, ба ғуломи саркоҳин, ки Малхус ном дошт, зад, ва гӯши рости вайро бурида партофт.11Исо ба Петрус гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун; наход ки он косаеро, ки Падарам ба Ман додааст, нанӯшам?»12Он гоҳ дастаи сарбозон ва мнриҳазор ва мулозимони яҳудиён Исоро дастгир карда, бастанд,13Ва аввал Ӯро назди Ҳонон, пацарарӯси Қаёфо, ки ҳамон сол саркоҳин шуд, бурданд;14Ва ин ҳамон Қаёфо буд, ки ба яҳудиён маслиҳат дода буд, ки беҳтар аст як кас барои қавм бимирад.15Шимъӯни Петрус ва як шогирди дигар аз акиби Исо рафтанд; азбаски он шогирд ба саркоҳин шинос буд, бо Исо ба даруни ҳавлии саркоҳин даромад;16Аммо Петрус дар берун, назди дар истод. Баъд он шогирди дигар, ки ба саркоҳин шинос буд, берун омада, ба дарбон чизе гуфт ва Петрусро ба дарун бурд.17Он канизе ки дарбон буд, ба Петрус гуфт: «Оё ту низ аз шогирдони Ин Шахс нестӣ?» Вай гуфт: «Нестам».18Дар ин миён ғуломон ва мулозимон оташ афрӯхта буданд, зеро ки ҳаво сард буд, ва даври оташ истода, худро гарм мекарданд; Петрус низ бо онҳо истода, худро гарм мекард.19Саркоҳин аз Исо дар бораи шогирдонаш ва таълимаш пурсид.20Исо ба вай ҷавоб дод: «Ман ба ҷаҳон ошкоро сухан гуфтаам; Ман ҳар вақт дар куништ ва дар маъбад, ки дар он ҷо яхудиён ҳамеша ҷамъ меомаданд, таълим додаам ва пинҳонй чизе нагуфтаам;21«Чаро аз Ман мепурсӣ? Аз онҳое ки шунидаанд, бипурс, ки Ман ба онҳо чӣ гуфтаам; инак, онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам».22Вақте ки инро гуфг, яке аз мулозимон, ки дар он ҷо истода буд, Исоро як торсакӣ эада, гуфт: «Ба саркоҳин ин Тавр ҷавоб медиҳӣ?»23Исо ба вай ҷавоб дод: «Агар бад гуфтам, ба бадй шаҳодат деҳ; ва агар хуб гуфтам, барои чӣ Маро мезанй?»24Ҳонон Ӯро дастбаста назди Қаёфои саркоҳин фиристод.25Ва Шимъӯни Петрус истода, худро гарм мекард. Ба вай гуфтанд: «Ту низ аз шогирдони Ӯ нестӣ?» Вай инкор карда, гуфт: «Нестам».26Яке аз ғуломони саркоҳин, хеши он касе ки Петрус гӯшашро бурида буд, гуфт: «Магар ман туро дар боғ бо Ӯ надидам?»27Петрус боз инкор кард; ва ҳамон дам хурӯс бонг зад.28Аз ҳавлии Қаёфо Исоро ба сарбозҳона бурданд. Ва субҳ буд; ва онҳо ба сарбозхона надаромаданд, то ки наҷис нашаванд ва барраи фисҳро бихӯранд.29Пилотус назди онҳо баромада, гуфт: «Чӣ даъвое бар Ин Шахс доред?»30Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд: «Агар Ӯ бадкор намебуд, ба ту таслим намекардем».31Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо Ӯро бигиред вамувофики шариати худ бар Ӯ доварй кунед». Яҳудиён ба вай гуфтанд: «Ба мо ҷоиз нест, ки касеро бикушем»,32То он сухани Исо ба амал ояд, ки Ӯ дар бораи чигунагии мурдани Худ ишора карда гуфта буд.33Он гоҳ Пилотус боз ба сарбозхона даромада, Исоро хонд ва ба Ӯ гуфт: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиен ҳастй?»34Исо ба вай ҷавоб дод: «Оё ту инро аз худ мегӯй, ё ки дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтаанд?»35Пилотус ҷавоб дод: «Магар ман яҳудӣ ҳастам? Қавми Ту ва саркоҳинон Туро ба ман таслим кардаанд; чӣ кор кардаӣ?»36Исо ҷавоб дод: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест; агар Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, мулозимони Ман меҷангиданд, то ки Ман ба яҳудиён таслим карда нашавэм; лекин акнун Подшоҳии Ман аз ин ҷо нест».37Пилотус ба Ӯ гуфт: «Пас, Ту Подшоҳ ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ту мегӯй, ки Ман Подшоҳ ҳастам; Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростй шаҳодат диҳам; ва ҳар кй аз ростист, овози Маро мешунавад».38Пилотус ба Ӯ гуфт: «Ростй чист?» Чун инро бигуфт, боз назди яҳудиён баромад ва ба онҳо гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айбе намеёбам;39«Лекин шумо одате доред, ки бандиеро дар иди фисҳ барои шумо.озод кунам; оё меҳоҳед, ки Подшоҳи Яҳудиёнро барои шумо озод кунам?»40Онҳо боз фарьед зада, гуфтанд: «Ӯро не, балки Бараббосро». Бараббос як роҳзан буд.