Tajik

John

3

1ДАР байни фарксиён шахсе ки Ниқӯдимус ном дошт, аз сардорони яҳудиён буд.2Вай шабона назди Исо омада, гуфт: «Эй Ӯстод! Мо медонем, ки Ту Ӯстоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадай; зеро мӯъҷйзотеро, ки Ту нишон медиҳӣ, ҳеҷ кас наметавонад ншнон диҳад, ҷуз ин ки Худо бо вай бошад».3Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ба ростй, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад».4Никӯдимус ба Ӯ гуфт: «Чӣ гуна мумкин аст, ки одаме ки пир шуда бошад, таваллуд ёбад? Оё метавонад боз ба шиками модараш баргашта» таваллуд ёбад?»5Исо ҷавоб дод: «Ба ростй, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Малакути Худо даромада наметавонад:6«Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст.7«Аз он чи ба ту гуфтам, тааҷҷуб накун: бояд шумо аз олами боло таваллуд ёбед.8«Бод ҳар ҷо ки хоҳад мевазад, ту овози онро мешунавй, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳолати ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад».9Никӯдимус дар ҷавобиӮгуфт: «Чӣ тавр мумкин аст, ки чунин шавад?»10Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ту ки як устоди Исроил ҳастй, инҳоро намедонӣ?11«Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: Мо аз он чи медонем, сухан мегӯем ва бар он чи дидаем, шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед;12«Вақте ки ба шумо аз чизҳои заминӣ сухан гуфтам, бовар накардед, пас ҳар гоҳ аз чизҳои осмонӣ сухан ронам, чӣ сон имон хоҳед овард?13«Ҳеҷ кас ба осмон сууд накардааст, магар фақат Он ки аз осмон нузул кардааст, яъне Писари Одам, ки ҷояш дар осмон аст;14«Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад,15«То ҳар кй ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.16«Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.17«Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.18«Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, маҳкум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст.19«Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале мардум торикиро бештар аз рӯшной дӯст доштанд, чунки аъмоли онҳо бад аст.20«Зеро ҳар киро кирдор бад бошад, аз рӯшноӣ нафрат дорад ва пеши рӯшноӣ намеояд, то ки аъмолаш ошкор нашавад;21«Лекин ҳар кӣ росткор аст, пеши рушноӣ меояд, то ошкор бошад, ки аъмолаш ба василаи Худо содир шудааст».22Пас аз он Исо бо шогирдонаш ба сарзамини Яҳудо омад ва дар он ҷо бо онҳо сокин шуда, таъмид медод.23Ва Яҳьё низ дар Энӯн, ки дар наздикии Солим аст, таъмид медод, чунки дар он ҷо об бисьёр буд, ва мардум омада, таъмид меёфтанд;24Зеро ки Яҳьё ҳанӯз дар зиндон андохта нашуда буд.25Ва дар байни шогирдони Яҳьё ва яҳудиён дар масъалаи татҳир баҳсу мунозира рӯй дод;26Ва назди Яҳьё омада, ба вай гуфтанд: «Эй устод! Он Касе ки дар он тарафи Ӯрдун бо ту буд, ва ту дар ҳаққи Ӯ шаҳодат дода будӣ, ҳоло таъмид медиҳад, ва ҳама назди Ӯ меоянд».27Яҳьё дар ҷавоб гуфт: «Кас наметавонад чизе ба зиммаи худ бигирад, магар ин ки аз осмон ба вай дода шавад.28«Шумо худ шоҳидони ман ҳастед, ки гуфтам: "Ман Масеҳ нестам, балки фақат пешопеши Ӯ фиристода шудаам".29«Касе ки арӯс дорад, домод аст; аммо дӯсти домод, ки истода, 6а овози вай гӯш медиҳад, аз игунидани овози домод бисьёр шод мегардад: ҳамин шодии ман акнун комил шудааст;30«Ӯ бояд нашъунамо ёбад, ва ман завол ёбам.31«Он ки аз боло меояд, аз ҳама болотар аст; ва он ки аз замин аст, заминӣ бошад ва чун заминӣ сухан гӯяд; Он ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст.32«Ва он чи дидааст ва шунидааст, бар он шаҳодат медиҳад, ва ҳеҷ кас шаҳодати Ӯро қабул намекунад.33«Ва касе ки шаҳодати Ӯро қабул кард, тасдиқ кардааст, ки Худо рост аст.34«Зеро Он Касе ки Худо фиристод, каломи Худоро мегуяд; зеро Худо Рӯҳро бамизон ато намекунад.35«Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст.36«Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонй меёбад. Ва ҳар кй ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ғазаби Худо бар вай мемонад».