1ЧӮН Исои Худованд дарьёфт, ки ба гуши фарисиён овозае расидааст, ки Ӯ, назар ба Яҳьё, бештар шогирд пайдо мекунад ва таъмид медиҳад, -2Гарчанде ки Худи Исо не, балки шогирдонаш таъмид медоданд, -3Яҳудоро тарк карда, боз ба Ҷалил рафт.4Ва Ӯро лозим буд аз Сомария гузашта равад.5Пас ба яке аз шаҳрҳои Сомария омад, ки Суҳар ном дошта, дар наздикии қитъаи замине буд, ки Яъқуб ба писари худ Юсуф дода буд;6Ва дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд, ва Исо аз сафар монда шуда, бар сари он чоҳ нишаст, ва тақрибан соати шашум буд,7Ки зане аз сомариён барои об кашидан омад. Исо ба вай гуфт: «Ба Ман барои нӯпшдан об деҳ».8Зеро ки шогирдонаш барои харидани хӯрок ба шаҳр рафта буданд.9Зани сомарӣ ба Ӯ гуфт: «Чй тавр Ту, ки яҳудӣ ҳастй, аз ман об мехоҳӣ, дар сурате ки ман зани сомариам? Зеро ки яҳудиён бо сомариён муошират надоранд».10Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Агар атои Худоро медонистӣ, ва кист, ки ба ту мегӯяд: "Ба Ман барои нӯшидан об деҳ", холо худат аз Ӯ хоҳиш мекардй, ва Ӯ ба ту оби ҳает медод».11Зан ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Ту зарфе надорӣ, ки обкашӣ, ва ҷоҳ чукур аст: пас, аз куҷо оби ҳаёт дорй?12«Магар Ту аз падари мо Яъқуб бузургтар хастӣ, ки ин чоҳро ба мо дод, ва худаш ва фарзандонаш ва чорвояш аз он менӯшиданд?»13Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ҳар кӣ аз ин об нӯшад, боз ташна монад;'14«Лекин ҳар кӣ аз обе ки Ман ба вай медиҳам, нӯшад, абадан ташна намонад, балки обе ки Ман ба вай медиҳам, дар вай чашмаи обе гардад, ки то ҳаёти ҷовидонй меҷӯшад».15Зан ба Ӯ гуфт: «Эй ого! Ба ман аз он об деҳ, то ки дигар ташна намонам ва ба ин ҷо барои об кашидан наоям».16Исо ба вай гуфт: «Бирав ва шавҳаратро бихон ва ба' ин ҷо биё».17Зан дар ҷавоб гуфт: «Ман шавҳар надорам». Исо ба вай гуфт: «Ту рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ;18«Зеро ки панҷ шавҳар доштӣ, ва касе ки алҳол дорӣ, шавҳари ту нест; ин суханат рост аст».19Зан ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Мебинам, ки Ту набӣ ҳастй;20^Падарони мо дар болои ин кӯҳ парастиш мекарданд, вале шумо мегӯед, ки ҷое ки дар он бояд парастиш кард, дар Ерусалим мебошад».21Исо ба вай гуфт: «Эй зан! Ба Ман бовар кун, соате мерасад, ки на дар болои ин кӯҳ ва на дар Ерусалим Падарро парастиш хоҳед кард;22«Шумо он чиро, ки намедонед, парастиш мекунед, вале мо он чиро, ки медонем, парастиш мекунем, зеро ки наҷот аз яҳудиён аст;23«Лекин соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки парастандагони ҳақиқӣ Падарро ба рӯҳ ва ростӣ парастиш хоҳанд кард, зеро ки Падар толиби ин гуна парастандагони Худ мебошад:24«Худо рӯҳ аст, ва онҳое ки Ӯро парастиш мекунанд, бояд ба рӯҳ ва ростӣ парастиш кунанд».25Зан баӮгуфт: «Медонам, ки Христос, яъне Масеҳ меояд: чун Ӯ ояд, аз ҳар чиз ба мо хабар хоҳад дод».26Исо ба вай гуфт: «Ман, ки бо ту сухан мегӯям, Ҳамонам».27Дар ҳамин вақт шогирдонаш омада, тааҷҷуб карданд, ки Ӯ бо зане гуфтугӯ мекунад; лекин ҳеҷ кас нагуфт, ки: "Чӣ металабӣ?" ё ки: "Барои чй бо вай ҳарф мезанӣ?"28Зан кӯзаи худро монда, ба шаҳр рафт ва ба мардум гуфт:29«Биёед ва Касеро бубинед, ки ҳар он чи кардаам, ба ман гуфт, оё Ӯ Масеҳ нест?»30Онҳо аз шаҳр берун шуда, назди Ӯ меомаданд.31Дар ин миён шогирдон аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Эӣ Ӯстод! Бихӯр!»32Ба онҳо гуфт: «Ман ғизое дорам, ки бихӯрам, ва шумо онро намедонед».33Шогирдон ба якдигар гуфтанд: «Магар касе ба Ӯ хӯрданӣ овардааст?»34Исо ба онҳо гуфт: «Ғизои Ман он аст, ки иродаи Фиристандаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ӯро ба анҷом расонам.35«Оё шумо намегӯед, ки боз чор моҳ мондааст, ва дарав фаро хоҳад расид? Инак, Ман ба шумо мегӯям: чашмони худро боло карда, киштзорро бубинед, ки барои дарав сафед шудааст.36«Даравгар музди худро мегирад ва маҳсулеро барои ҳаёти ҷовидонӣ ҷамъ мекунад, то ки коранда ва даравгар бо ҳам шодй кунанд,37«Зеро ки дар ин маврид чунин сухан ҳаққонист, ки: "Яке мекорад ва дигаре дарав мекунад".38«Ман шуморо барои даравидани маҳсуле фиристодам, ки барои он шумо меҳнат накардаед: дигарон меҳнат кардаанд, ва шумо дар меҳнати онҳо дохил шудаед».39Ва аз рӯи каломи он зан, ки шаҳодат дода буд: «Ҳар он чи кардаам, Ӯ ба ман гуфт», аз он шаҳр бксьёр сомариён ба Ӯ имон оварданд.40Бинобар ин, чун сомариён пеши Ӯ омаданд, аз Ӯ хохиш карданд, ки назди онҳо бимонад; ва Ӯ ду рӯз назди онҳо монд.41Ва боз бисьбре аз рӯи каломи Ӯ имои оварданд.42Ва ба он зан гуфганд: «Пас аз ин имони мо аз рӯи сухани ту нест, зеро ки худамон шунидем ва донистем, ки Ӯ дар ҳақиқат Наҷотдиҳандаи олам аст, яъне Масеҳ аст».43Пас аз ду рӯз Ӯ аз он ҷо берун омада, ба Ҷалил равона шуд;44Зеро Худи Исо шаҳодат додааст, ки пайгамбар дар зодгоҳи худ беқадр аст.45Чун Ӯба Ҷалил омад, аҳли ҶалилӮро пазируфтанд, зеро ҳар он чи дар Ерусалим дар ид карда буд, дидабуданд, чунки онҳо низ ба ид рафта буданд.46Ва Исо бори дигар ба Қонои Ҷалил омад, ки дар он ҷо обро шароб гардонда буд. Ва шахсе аз дарбориён буд, ки писараш дар Кафарнаҳум бемор буд.47Чун шунид, ки Исо аз Яҳудо ба Ҷалил омадааст, назди Ӯ рафта, илтимос кард, ки омада, писарашро шифо диҳад, ки вай дар дами марг аст.48Исо ба вай гуфт: «Агар аломот ва мӯъҷизот набинед, имон намеоваред».49Дарборӣ ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Пеш аз он ки писарам бимирад, биё».50Исо ба вай гуфт: «Бирав, ки пиеарат зинда аст». Вай ба сухане ки Исо гуфт, имон оварда, равона шуд.51Ва ҳангоме ки мерафт, навкаронаш вайро пешвоз гирифтанд ва мужда дода, гуфтанд: «Писарат зинда аст».52Аз онҳо пурсид: «Дар кадом соат аҳволаш беҳтар шуд?» Ба вай гуфтанд: «Дирӯз дар соати ҳафтум табларза вайро тарк кард».53Ва падар донист, ки ин ҳамон соате буд, ки Исо ба вай гуфт: «Писарат зинда аст». Ва худаш ва тамоми аҳли байташ имон оварданд.54Ин мӯъҷизаи дуюм буд, ки Исо баъд аз омаданаш аз Яҳудо ба Ҷалил нишон дод.