1АЗБАСКИ бисьёр касон ба тартиб додани нақли воқеаҳое шурӯъ кардаанд, ки рӯй доданошон дар миёни мо пурра маълум аст,2Чунон ки аз ибтидо ба василаи шоҳидон ва ходимони Калом ба мо расондаанд, -3Ман низ салоҳ донистам, ки ҳама чизро аз худи аввал бодиққат тадқиқ намуда, пай дар ҳам барои ту, эй Теофилуси мӯҳтарам, бинависам,4То ки ту боэътимодии таълимотеро, ки дар он тарбият ёфтаӣ, бидонӣ.5Дар айёми Ҳиродус, подшоҳи Яҳудо, Закарье ном коҳине аз навбати Абиё буд, ва зани ӯ аз духтарони Ҳорун буда, Элисобаъ ном дошт.6Ҳар дуи онҳо пеши Худо одил буданд ва аз рӯи тамоми аҳком ва фароизи Худованд бекаму кост рафтор мекарданд.7Онҳо фарзанд надоштанд, зеро ки Элисобаъ нозой буд, ва ҳар ду ба гщронсолагй расида буданд.8Боре, вақте ки ӯ бо навбати худ пеши Худо каҳонат мекард,9Мувофиқи таомули каҳонат, куръа ба номи ӯ баромад, ки ба маъбади Худованд даромада, бухур кунад;10Ва дар вақги буҳур карданаш тамоми ҷамоат дар берун дуо мегуфтанд.11Баногоҳ фариштаи Худованд бар ӯ зоҳир гардида, дар тарафи рости қурбонгоҳи бухур истод.12Закарьё аз ин рӯъё музтариб шуда, ба ҳарос афтод.13Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Эӣ Закарьё, натарс, зеро ки дуои ту мустаҷоб шудааст, ва зани ту Элисобаъ ба ту писаре хоҳад зоид, ва ӯро Яҳьё хоҳӣ номид.14«Ва туро шодмонӣ ва хурсандй насиб хоҳад шуд, ва бисьёр касон ба таваллуди ӯ шодӣ хоҳанд кард;15«Зеро ки ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад буд, ва шароб ва арақ нахоҳад нӯшид, ва аз шиками модари худ аз Рӯҳулқудс пур хоҳад буд,16«Ва бисьёр касонро аз банӣИсроил ба Худованд Худои онҳо руҷӯъ хоҳад кунонд.17«Ва пешопеши Ӯ бо рӯҳ ва қувваи Ильёс қадам хоҳад зад, го ки дилҳои падаронро ба фарзандон ва номутеонро ба ҳикмати одилон баргардонад ва халқи дурусте барои Худованд муҳайё созад».18Закарьё ба фаришта гуфт: «Инро аз рӯи чй бидонам? Зеро ки ман гщр ҳастам, зани ман низ ба пиронсолагй расидааст».19Фаришта дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ман Ҷаброил ҳастам, ки ба ҳузури Худо меистам, ва фиристода шудаам барои он ки бо ту сухан ронам ва ин муждаро ба ту бирасонам.20«Ва инак, забонат лол нгуда, то рӯзи ба амал омадани ин ту имконияти гап задан нахоҳӣ дошт, аз барои он ки басуханони ман, ки дар вақти худ ба иҷро хоҳанд расид, имон наовардӣ».21Дар ин миён ҷамоат мунтазири Закарье буданд ва тааҷҷуб менамуданд, ки ӯ дар маъбад даранг мекунад.22Ва ҳангоме ки берун омад, ба онҳо гал заданатавонист, ва онҳо фаҳмиданд, ки ӯ дар маъбад рӯъее дидааст; ва ӯ ба онҳо имову ишора мекард, ва забонаш лол шуда буд.23Вақте ки рӯзҳои ҳизматаш ба анҷом расқгь ба хонаи худ рафт.24Ва баъд аз он рӯзҳо зани ӯ, Элисобаъ, ҳомила шуда, панҷ моҳ худро аз ҳама пинҳон дошт, ва гуфт:25«Дар ин рӯзҳо Худованд назар карда, ба ман чунин амал кард, то ки нанги маро аз миёни мардум бардорад».26Ва дар моҳи шашум Ҷаброили фаришта аз ҷониди Худо ба Носира ном шаҳри Ҷалил фиристода шуд27Назди бокирае ки номзади Юсуф ном марде аз ҳонадони Довуд буд; ва номи он бокира Марьям буд.28Ва фаришта назди вай даромада, гуфт: «Салом бар Ту, эй пурфайз! Худованд бо туст; ту дар миёни занон муборак ҳастй».29Аммо ваи ӯро дида, аз суханонаш музтариб шуд ва дар дили худ гуфт, ки ин чй саломе бошад.30Ва фаришта ба вай гуфт: «Эй Марьям, натарс, зеро ки ту назди Худо файз ёфтаӣ;31«Ва инак, ҳомила шуда, Писаре ҳоҳӣ зоид, ва Ӯро Исо ҳоҳӣ номид;32«Ва Ӯ бузург ҳоҳад буд ва Писари Ҳаққи Таоло номида ҳоҳад шуд; ва Худованд Худо тахти падараш Довудро ба Ӯ хоҳад дод;33«Ва ӯ бар ҳонадони Яъқуб то абад салтанат хоҳад ронд, ва салтанати Ӯ интихо нахоҳад дошт».34Марьям ба фаришта гуфт: «Ин чӣ гуна мешавад, дар сурате ки ман бокира ҳастам?»35Фаришта дар ҷавоби вай гуфт: «Рӯҳулкудс бар ту хоҳад омад, ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя ҳоҳад афканд; бинобар ин он мавлуди Муқаддас ҳам Писари Худо номида ҳоҳад шуд;36«Инак, ҳеши ту, Элисобаъ, ки ӯро нозой меноманд, ӯ низ дар пирии ҳуд писаре дар шикам дорад, ва ҳоло моҳи шашуми ӯст;37«Зеро ки назди Худо ҳеҷ каломе бе оқибат намемонад».38Маръям гуфт: «Инак, канизи Худованд ҳастам; бигзор бо ман аз рӯи каломи ту бшпавад». Ва фаришта аз пеши вай рафт.39Дар он рӯзҳо Марьям роҳсипор шуда, бо шитоб ба шаҳре рафт, ки дар кӯҳистони Яҳудо воқеъ аст,40Ва ба ҳонаи Закарьё даромада, ба Элисобаъ салом гуфт.41Ва чун Элисобаъ саломи Марьямро шунид, бача дар шикамаш ба ҷунбиш омад; ва Элисобаъ аз Рӯҳулқудс пур шуд,42Ва бо овози баланд хитоб намуда, гуфт: «Ту дар миёни занон муборак ҳастӣ, ва муборак аст самараи шиками ту!43«Ва ин ба ман аз куҷост, ки модари Худованди ман назди ман омадааст?44«Зеро ки чун садои саломи ту ба гӯшам расид, бача аз шодй дар шикамам ба чунбиш омад;45«Ва хушо вай, ки имон овардааст, ки он чи аз ҷониби Худованд ба вай гуфта шудааст, ба амал хоҳад омад».46Ва Марьям гуфт: «Чони ман Худовандро ситоиш мекунад,47«Ва рӯҳи ман аз Худои Наҷотдиҳандаи ман ба ваҷд омад,48«Ки Ӯ бар фурӯтании канизи Худ назар кардааст; зеро ки минбаъд ҳамаи наслҳо маро ҳушбахт хоҳанд хонд;49«Зеро ки он Қодир чизи бузурге барои ман ба амал овард, ва исми Ӯ муқаддас аст,50«Ва марҳамати Ӯ насл ба насл барои касонест, ки аз Ӯ метарсанд;51«Қуввати бозуи Худро зоҳир сохт; онҳоеро, ки аз андешаҳои дилашон мағрур буданд, пароканда кард;52«Зӯроваронро аз тахтҳо вожгун сохт ва фурӯтанонро сарафроз гардонд;53«Гуруснагонро аз неъматҳо лур кард, ва сарватдоронро тиҳидаст фиристод;54«Бандаи Худ Исроилро дастгирӣ кард, ба хотираи марҳамати Худ, -55«Чунон ки ба падарони мо гуфта буд, - ба Иброҳим ва насли ӯ то абад».56Ва Марьям қариб се моҳнаэди ӯ монд ва баъд бахонаи худ баргашт.57Чун вақти зоидани Элнсобаъ расид, ӯ писаре зоид.58Ва ҳамсояҳо ва хешу табори ӯ шуниданд, ки Худованд марҳамати Худро ба ӯ афзун кардааст, ва бо ӯ шод шуданд.59Ва дар рӯзи ҳащтум омаданд, ки кӯдакро хатна кунанд, ва мехостанд ӯро, аз рӯи номи падараш, Закарьё ном монанд.60Лекин модараш дар ҷавоб гуфт: «Не, балки ӯ Яҳьё номида хоҳад шуд».61Ба вай гуфтанд: «Дар авлоди ту касе нест, ки чунин ном дошта бошад».62Ва бо имову ишорат аз падараш пурсиданд, ки ӯро чӣ ном ниҳодан мехоҳад.63Ӯ тахтачае талабида, бар он навишт: «Нолш ӯ Яҳьёст». Ва ҳама мутааҷҷиб шуданд.64Дарҳол даҳон ва забони ӯ кушода шуд, ва ӯ ба сухан даромада, Худоро ҳамду сано хонд.65Ва ҳамаи ҳамсояҳои онҳо ба ҳарос афтоданд; ватамоми ин воқеаро дар сар то сари кӯҳистони Яҳудо нақл мекарданд.66Ва ҳар кӣ мешунавид, инро дар дили худ ҷо дода, мегуфт: «Ин кӯдак кӣ хоҳад шуд?» Ва дасти Худованд бо ӯ буд.67Падари ӯ, Закарье, аз Рӯҳулқудс пур шуд ва нубувват намуда, гуфт:68«Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки қавми Худро парасторӣ намуда, ба вай халосй ато фармудааст,69«Ва барои мо дар хонадони бандаи Худ Довуд шохи наҷот барпо кардааст,70«Чунон ки аз қадим бо забони анбиёи муқаддаси Худ гуфтааст,71«Ки моро аз душманони мо ва аз дасти ҳамаи онҳое ки аз мо нафрат доранд, наҷот хоҳад дод;72«Ба падарони мо марҳамат намуда, аҳди муқаддаси Худро,73«Қасамеро, ки Ӯба падари мо Иброҳим ёд карда буд, ба хотир хоҳад овард,74«Ва ба мо имконият хоҳад дод, ки аз дасти душманони худ халос шуда, бе тарсу бим75«Ба Ӯ бо қудсият ва адолат хизмат кунем, дар ҳолате ки тамоми айёми умри худ пеши Ӯ бошем.76«Ва ту, эй кӯдак, набии Ҳаққи Таоло хонда хоҳӣ шуд, зеро ки пешопеши Худованд қадам хоҳй зад, то ки роҳҳои Ӯро муҳайё кунӣ.77«Ва ба қавми Ӯ бифаҳмонӣ, ки наҷот дар омурзиши гуноҳхои онҳост,78«Аз умқи марҳамати Худои мо, ки бо онморо Найири Толеъ аз олами боло парасторӣ намуд,79«То ки касони дар торикӣ ва сояи марг нишастаро мунаввар созад ва пойҳои моро ба роҳи осоиштагӣ равона кунад».80Ва кӯдак калон шуда, рӯҳаш қавӣ мегашт, ва то рӯзе ки бар Исроил зохир гардид, дар биёбонҳо буд.