1БАЪД аз гузаштани шанбе, Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъқуб буд, ва Салӯмит ҳанут хариданд, то рафта Ӯро тадҳин кунанд.2Ва саҳарии рӯзи якшанбе, чун офтоб тулуъ кард, онҳо ба сари қабр омаданд,3Ва ба ҳамдигар мегуфтанд: «Сангро аз дари қабр барои мо кӣ меғелонад?»4Чун нитаристанд, диданд, ки санг ғелонда шудааст; ва ҳол он ки он бисьёр бузург буд.5Ва чун ба қабр даромаданд, ҷавонеро дар тарафи рост нишаста диданд, ки либоси сафед дар бар дошт; ва ҳайрон шуданд.6Вай ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед. Исои Носирии маслубро ҷустуҷӯ мекунед; Ӯ эҳьё шуд ва дар ин ҷо нест. Инак ҷое ки Ӯро ниҳода буданд.7«Лекин рафта, ба шогирдоии Ӯ ва ба Петрус гӯед, ки Ӯ пеш аз шумо ба Ҷалил меравад; Ӯро, чунон ки ба шумо гуфта буд, дар он ҷо ҳоҳед дид».8Ва зуд баромада, тозон аз пеши қабр рафтанд; онҳоро ларза ва даҳшат фаро гирифта буд, ва ба касе чизе нагуфтанд, зеро ки метарсиданд.9Саҳарии рӯзи якшанбе эҳьё шуда, аввал ба Марьями Маҷдалия, ки аз вай ҳафт девро берун карда буд, зоҳир шуд.10Вай рафта, ба ҳамроҳони Ӯ, ки гирьену нолон буданд, ҳабар дод;11Лекин онҳо, чун шуниданд, ки Ӯ зинда аст, ва Ӯро вай дидааст, - бовар накарданд.12Баъд аз он ба сурати дигар ба ду нафари онҳо, ки ба Деҳа мерафтанд, дар роҳ зоҳир шуд.13Ва онҳо баргашта, ба дигарон ҳабар доданд; Лекин ба онҳо низ бовар накарданд.14Ниҳоят ба он ёздаҳ, ки дар сари суфра нишаста буданд, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабаби беимонй ва дилсахтиашон сарзаниш кард, зеро ба онҳое ки Ӯро эҳьёшуда дида буданд? бовар накардаанд.15Ва ба онҳо гуфт: «Ба тамоми олам биравед ва Инҷилро ба ҳамаи махлуқот мавъиза кунед.16«Ҳар кй имон оварда, таъмид ёбад, наҷот ҳоҳад ёфт; лекин ҳар кӣ имон наоварад, маҳкум хоҳад шуд.17«Ва ин аломот ҳамроҳи имондорон ҳоҳад буд: ба исми Ман девҳоро берун кунанд ва ба забонҳои нав сухан гӯянд;18«Ва морҳоро гиранд; ва агар заҳри қотиле бихӯранд, ба онҳо осеб нарасонад; ва даст бар беморон ниҳанд, онҳо шифо ебанд».19Ва Худованд, пас аз он ки ба онҳо суҳан гуфт, ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишаст.20Ва онҳо берун рафта, дар ҳар ҷо мавъиза мекарданд, ва Худованд ба онҳо мадад мерасонд ва бо аломоти баъдина каломро собит мегардонд.