Tajik

Mark

15

1БОМДОДОН фавран саркоҳинон бо пирон ва китобдонон ва тамоми шӯрои пирон машварат карданд ва Исоро баста бурданду ба Пилотус таслим карданд.2Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастй?» Ӯ ҷавоб дода гуфт: «Ту мегӯӣ».3Ва саркоҳинон Ӯро бисьёр айбдор мекарданд.4Пилотус боз аз Ӯ пурсид: «Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳӣ? Бингар, ки чӣ қадар Туро айбдор мекунанд».5Лекин Исо боз ҳеҷ ҷавоб надод, ба тавре ки Пилотус дар ҳайрат монд.6Дар ҳар ид вай як бандиро, ки меҳостанд, барои онҳо озод мекард.7Бараббос ном касе бо шариконаш дар ҳабс буд, ки онҳо дар вақти исьён одам кушта буданд.8Ва мардум фарьёд зада, илтимос карданд, ки он чиро, ки ҳамеша барои онҳо мекард, ба ҷо оварад.9Вай ба ҷавоби онҳо гуфт: «Оё мехоҳед, Подшоҳи Яҳудиенро барои шумо озод кунам?»10Зеро медонист, ки саркоҳинон Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд.11Лекин саркоҳинон мардумро барангеҳта буданд, ки Бараббосро барои онҳо озод кунад, беҳтар аст.12Пилотус боз ба ҷавоби онҳо гуфт: «Пас чй мехоҳед бикунам бо он Касе ки Ӯро Подшоҳи Яҳудиён меномед?»13Онҳо боз фарьёд заданд: «Ӯро маслуб кун!»14Пилотус ба онҳо гуфт: «Ӯ чй бадй кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарьёд заданд: «Ӯро маслуб кун!»15Пас Пилотус, мардумро хушнӯд карданй шуда, Бараббосро барои онҳо озод кард ва Исоро тозиёна зада, барои маслуб кардан таслим кард.16Ва сарбозон Ӯро ба даруни ҳавлй, яъне ба сарбозҳона бурданд ва тамоми фавҷро гирд оварданд;17Ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд;18Ва оғоз ба салом намуданд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!»19Ва қамиш бар сараш заданд ва бар Ӯ туф карданд ва, зону зада, ба Ӯ таъзим карданд.20Пас аз он ки Ӯро басе истеҳзо карданд, ҷомаи арғувонро аз танаш кашида, либоси худашро пушонданд ва Ӯро берун бурданд, то маслубаш кунанд.21Ва роҳгузареро аз Қурин, ки Шимъӯн ном дошт ва падари Искандар ва Руфус буд ва аз саҳро меомад, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад.22Ва Исоро ба ҷое бурданд, ки Ҷолҷолто, яъне «Ҷои косахонаи сар» ном дошт.23Ва шароби бо мур омехтаро барои нӯшиданаш доданд; лекин Ӯ нанӯшид.24Ононе ки Ӯро маслуб карданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд, то ҳар кас чизе бигирад.25Ва соати сеюм буд, ки Ӯро маслуб карданд.26Ва бар Ӯ чунин айбномае навишта шуда буд: «Подшохи Яхудиёнь.27Бо Ӯ ду роҳзанро, яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш, маслуб карданд.28Пас ба амал омад он Навиштае ки мегӯяд: «Аз ҷинояткорон шумурда шуд».29Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар чунбонда, мегуфтанд: «Эй! Ту ки маъбадро вайрон карда, дар се рӯз аз нав бино мекунй!30«Худатро наҷот дода, аз салиб фурӯд ой».31Ҳамчунин саркоҳинон ва китобдонон Ӯро истеҳзо карда, ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад!32«Масеҳ, Подшоҳи Исроил, бигзор акнун аз салиб фурӯд ояд, то бубинем ва имон оварем». Ва онҳое ки бо Ӯ маслуб шуда буданд, Ӯро дашном медоданд.33Чун соати шашум расид, тамоми заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гурифт.34Ва дар соаги нӯҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: «Элӯҳӣ, Элӯҳӣ! Ламма сабақтанӣ?», яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардай?»35Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд: «Инак, Илъёсро меҳонад».36Пас шахсе шитоб карда, исфанҷеро аз сирко пур кард ва бар сари най ниҳода, ба Ӯ нӯшониданӣ шуд ва гуфт: «Биистед, бубинем, ки оё Ильёс меояд, то Ӯро фурӯд оварад?»37Лекин Исо садои баланде бароварда, ҷон дод.38Ва пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд.39Мирисаде ки рӯ ба рӯи Ӯмеистод, чун дид, ки Ӯ бо чунин садо ҷон дод, гуфт: «Ба ростӣ ин Одам Писари Худо буд».40Якчанд зан низ буданд, ки аз дур нигоҳ мекарданд: аз он чумла Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъкуби кӯчак ва Йӯсе буд, ва Салӯмит,41Ки ҳангоми дар Ҷалил буданаш аз акиби Ӯ мерафтанд ва ба Ӯ хизмат мекарданд, ва бисьёр занони дигар, ки ҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омада буданд.42Ва чун шом шуд, зеро ки рӯзи ҷумъа, яъне бегоҳи шанбе буд,43Юсуф ном шахсе аз Ҳаромот, узви намоени шӯро, ки худаш низ интизори Малакути Худо буд, омад ва ҷасорат карда назди Пилотус даромад ва Ҷасади Исоро талаб кард;44Пилотус дар ҳайрат афтод, ки Ӯ зуд фавтидааст; ва юзбоширо талабида, аз вай пурсид, ки оё фавтид?45Ва чун аз юзбошӣ фаҳмид, Ҷасадро ба Юсуф дод.46Вай катоне харида ва Ҷасадро аз салиб фуроварда, ба он катон печонд ва ба қабре ки дар дохили санг тарошида буд, ниҳод; ва сангеро бар дари қабр гелонд.47Ва Марьями Маҷдалия ва Марьями модари Йӯсе диданд, ки куҷо гузошта шуд.