Tajik

Luke

10

1БАЪД аз ин, Худованд боз ҳафтод нафари дигарро баргузид, ва онҳоро чуфтчуфт пешопеши Худ ба ҳар шаҳр ва ҷое ки Худаш рафтанӣ буд, фиристод,2Ва ба онҳо гуфт: «Дарав бисьёр аст, лекин коргарон кам; пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад.3«Биравед! Инак, пгуморо монанди баррагон ба миёни гургон мефиристам.4«Ҳеҷ ҳамьёне, тӯрбае ва чоруқе бо худ набаред, ва ба ҳеҷ кас дар роҳ салом нагӯед.5«Ба ҳар хонае ки медароед, аввал гӯед: "Салом бар ин хона бод!"6«Агар дар он ҷо писари осоиштагй бошад, саломи пхумо бар вай қарор мегирад; вагар на, сӯи шумо бармегардад;7«Дар ҳамон хона бимонед ва аз он чи доранд, бихӯред ва бинӯшед: зеро ки меҳнаткаш сазовори музди худ аст. Аз хона ба хона нагузаред.8«Агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул кунанд, аз он чи пеши шумо мемонанд, бихӯред;9«Ва беморонеро, ки дар он ҷо ҳастанд, шифо диҳед, ва ба онҳо бигӯед: "Малакути Худо ба шумо наздик шудааст".10«Ва агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул накунанд, ба кӯчаҳои он баромада, гӯед:11«"Ҳатто ғубореро, ки аз шаҳри шумо бар мо нишастааст, бар шумо меафшонем; лекин бидонед, ки Малакути Худо ба шумо наздик шудааст".12«Ба шумо мегӯям, ки ҳолати Садӯм дар он рӯз аз ҳолати он шаҳр сабуктар хоҳад буд.13«Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт-Сайдо! Зеро, агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд;14«Лекин дар рӯзи доварӣ ҳолати Сӯр ва Сидӯн аз ҳолати шумо сабуктар хоҳад буд.15«Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дӯзаҳ сарнагун хоҳӣ шуд.16«Ҳар кӣ шуморо шунавад, Маро мешунавад, ва ҳар кй шуморо рад кунад, Маро рад мекунад; ва ҳар кӣ Маро рад кунад, Фиристандаи Маро рад мекунад».17Он ҳафтод бо шодмонӣ баргашта, гуфтанд: «Худовандо! Девҳо низ бо зикри исми Ту ба мо итоат мекунанд».18Ба онҳо гуфт: «Ман шайтонро мисли барқ аз осмон афтода дидам;19«Инак, ба шумо қудрат медиҳам, ки морон ва каждумон ва тамоми қуввати душманро поймол кунед, ва ҳеҷ чиз ба шумо зарар нахоҳад расонд;20«Аммо аз он шод нашавед, ки арвоҳ ба шумо итоат мекунанд; балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудааст».21Дар ҳамон соат Исо аз Рӯҳулқудс ба ваҷд омада, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардй; оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту чунин буд».22Ва ба шогирдон рӯй оварда, гуфт: «Хдма чизро Падарам ба Ман супурдааст; ва ҳеҷ кас, ҷуз Падар, намедонад, ки Писар кист; ва ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад».23Ва алоҳида ба шогирдони Худ рӯ оварда, гуфт: «Хушо чашмоне ки он чиро, ки шумо дида истодаед, мебинад!24«Зеро ба шумо мегӯям, ки басе анбиё ва подшоҳон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мепгунавед, бишнаванд, ва нашуниданд».25Ва инак, як шариатдон бархост ва Ӯро озмуданй шуда, гуфт: «Эй Ӯстод! Чӣ кунам, ки вориси ҳаёти ҷовидонй шавам?»26Ба вай гуфт: «Дар Таврот чӣ навишта щудааст? Ва ту чй тавр меҳонй?»27Дар ҷавоб гуфт: «Худовағд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми қуввати ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор, ва ёри худро мисли худ дӯст бидор».28Ба вай гуфг: «Дуруст ҷавоб додӣ; чунин бикун, ва хоҳй зист».29Вале вай, ки меҳост худро сафед кунад, ба Исо гуфт: «Пас ёри ман кист?»30Исо дар ҷавоб гуфт: «Як мард, ки аз Ерусалим ба Ериҳӯ мерафт, ба дасти дуздон афтод; онҳо либосашро кашиданд, ӯро маҷрӯҳ карданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд.31«Тасодуфан коҳине аз он рох равона буд, ва ӯро дида, аз пешаш гузашта рафт.32«Ҳамчунин марде аз сибти Левй, ки дар он ҷо роҳгузар буд, наздик омада, ӯро дид ва аз пешаш гузашта рафт.33«Аммо як шахси сомарӣ, ки аз он роҳ мегузашт, ба ӯ дучор шуда ва аҳволи ӯро дида, дилаш сӯхт34«Ва наздик омада, ба захмҳои ӯ равған ва шароб рехгу ҷароҳатбандӣ кард; ва ӯро ба маркаби ҳуд савор карда, ба корвонсарое овард ва ба ӯ ғамҳорӣ намуд;35«Ва фардоӣ он, пеш аз рафтанаш, ду динор бароварда, ба соҳиби корвонсарой дод ва ба вай гуфт: "Ба ин мард нигоҳубин бикун; ва агар аз ин зиёдтар харҷ кунй, ҳангоми баргаштанам ба ту хоҳам дод".36«Пас, ба фикри ту, кадоме аз ин се нафар ёри он марде буд, ки ба дасти дуздон афтод?»37Гуфт: «Ҳамон ки ба ӯ марҳамат кард». Исо ба вай гуфт: «Бирав, ва ту низ чунин бикун»,38Ва дар аснои роҳ Ӯ вориди қасабае шуд, ва занеки Марто ном дошт, Ӯро дар хонаи худ пазироӣ намуд;39Вай Марьям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойҳои Исо нишаста, каломи Ӯро гӯш мекард,40Лекин Марто ба хизматгузорӣ банд буд, ва наздик омада, гуфт: «Худовандо! Оё Туро парвое нест, ки ҳоҳарам маро вогузоштааст, ки танҳо хизмат кунам? Бавай бигӯй, ки ба ман ёрдам диҳад».41Худованд дар ҷавоби вай гуфт: «Марто! Марто! Ту дар ҳусуси чизҳои бисьёр ғамхорй ва давутоз мекунӣ,42«Аммо фақат як чиз лозим аст. Марьям кисмати некӯро баргузидааст, ки он аз вай кашида гирифта намешавад».