1РӮЗЕ Ӯ дар ҷое дуо мегуфт, ва ҳангоме ки тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ, чунон ки Яҳьё низ ба шогирдонаш ёд додааст».2Ба онҳо гуфт: «Вакте ки дуо мегӯед, чунин бигӯед: "Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд;3"Ризқу рӯзии моро ҳар рӯз ба мо бидеҳ;4"Ва гуноҳҳои моро биомурз, зеро ки мо низ ба ҳар қарздори худ мебахшем; ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ"».5Ва ба онҳо гуфт: «Фаразан, яке аз шумо, ки дӯсте дошта бошад, нисфи шаб пеши ӯ омада, гӯяд: "Эй дӯст! Ба ман сето нон қарз деҳ,6«Зеро ки як дӯстам аз роҳ назди ман даромадааст, ва ман чизе надорам, ки пешаш бимонам";7«Ва ӯ аз дарун дар ҷавоби вай гӯяд: "Маро ташвиш надеҳ; дари хонаам баста, ва бачаҳоям бо ман дар ҷогаҳ хобидаанд; наметавонам барҳоста, ба ту чизе диҳам", -8«Ба шумо мегӯям, ки ҳар чанд аз рӯи дӯстӣ барҳоста ба вай надиҳад ҳам, лекин ба сабаби шилқинии вай бархоста, ҳар қадар, ки пурсад, ба вая хоҳад дод.9«Ва Ман ба шумо мегӯям: биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд;10«Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ бичӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.11«Ва кист аз шумо, ки падар бошад, ва писараш аэ ӯ нон биталабад, ва санге ба вай бидиҳад? Ё моҳӣ биталабад, ва ӯ, ба ҷои моҳӣ, море ба вай бидиҳад?12«Ё, агар туҳме биталабад, каждуме ба вай бидиҳад?13«Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони ҳуд додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод».14Боре Ӯ як девро, ки гунг буд, берун кард; ва ҳангоме ки дев берун шуд, гунг ба гап даромад, ва мардум дар ҳайрат монданд.15Лекин баъзе аз онҳо гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи Баал-Забул, калони девҳо, берун мекунад».16Ва дигарон, озмуданй шуда, аз Ӯ аломати осмонӣ талаб мекарданд,17Вале Ӯ фикру хаёли онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам чудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад, ва ҳар хонае ки аз ҳам чудо шавад, фурӯ меғалтад.18«Ва агар шайтон низ аз ҳам ҷудо шавад, салтанати вай чӣ гуна устувор истода метавонад? Зеро шумо мегӯед, ки Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекунам.19«Агар Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кӣ берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо хоҳанд шуд.20«Лекин агар Ман девҳоро бо ангушти Худо берун мекарда бошам, пас Малакути Худо ба шумо омада расидааст.21«Вақге ки марди пурзӯр ҳонаи ҳудро бо яроқ нигаҳбонй мекунад, дороии вай дар амон аст,22«Вале вақте ки шахси аз вай пурзӯртар ба вай ҳучум карда, ғолиб мебарояд, он гоҳ тамоми яроқи вайро, ки ба он умед баста буд, кашида мегирад ва дороии вайро ба тороҷ медиҳад.23«Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман муқобил аст, ва ҳар кй бо Ман ҷамъ намекунад, вай пароканда мекунад.24«Вақте ки рӯҳи палид аз одам берун меояд, дар чустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва, чун наёфт, мегӯяд:"Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам".25«Ва гашта омада, онро ҷорӯбзада ва ороста меёбад;26«Он гоҳ рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва дохил шуда, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад».27Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро мегуфт, як зан аз байни мардум овозашро баланд карда, ба Ӯ гуфт: «Хушо шикаме ки Туро ҳамл кардааст, ва пистонҳое ки Туро шир додааст!»28Лекин Ӯ гуфт: «Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд».29Вақте ки мардум бештар ҷамъ омадан гирифтанд, Ӯ ба сухан оғоз карда, гуфт: «Ин насл насли шарир аст; вай аломате металабад, ва ба вай, ҷуз аломати Юнуси набӣ, аломате дода нахоҳад шуд;30«Зеро, чунон ки Юнус аломате барои мардуми Нинве буд, ҳамчунин Писари Одам низ барои ин насл хоҳад буд.31«Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бо мардуми ин насл бархоста, онҳоро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омад; ва инак, дар ин ҷо аз Сулаймон бузургтар аст.32«Мардуми Нинве дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳапд кард, зеро ки онҳо аз мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо аз Юнус бузургтар аст.33«Хеҷ кас шамъро даргиронда, дар чои ниҳоне ё дар зери зарфе намегузорад, балки бар шамъдон мегузорад, то онҳое ки ба хона медароянд, рӯшноиро бубинанд.34«Чароғи бадан чашм аст; пас, агар чашмат солим бошад, тамоми баданат низ равшан хоҳад буд; аммо агар он хира бошад, баданат низ торик хоҳад буд.35«Пас, ҳазар намо: мабодо нуре ки дар туст, зулмот бошад.36«Вале агар баданат комилан равшан буда, ҳеҷ як қисми торике надошта бошад, он тамоман нуронӣ хоҳад буд, ба монанди он ю! чароғе бо дурахши худ туро мунаввар карда бошад».37Вақте ки Ӯ ин суханонро гуфт, як фарисй Ӯро ба хонаи худ ба хӯрок таклиф кард; Ӯ омада, назди суфра нишаст.38Фарисй чун дид, ки Ӯ пеш аз хӯрок даст нашуст, мутааҷҷиб шуд.39Лекин Худованд ба вай гуфт: «Ҳоло шумо, фарисиён, беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, аммо даруни шумо аз дуздӣ ва шарорат иур аст.40«Эй беаклон! Оё Ҳамои ки берунро офаридааст, дарунро низ наофаридааст?41«Беҳтар аст, ки аз он чи Доред, садақа диҳед: ои гоҳ ҳама чиз барои шумо тоза хоҳад буд.42«Аммо вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки аз наъно, садоб ва ҳар навъ сабзавот ушр медиҳед, вале ба адолат ва муҳаббати Худо беэътиноӣ мекунед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед.43«Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки дӯст медоред дар куништҳо болонишин бошед ва дар кӯчаю бозорҳо салому табрикҳо бишнавед.44«Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёнц риёкор, ки шумо ба қабрҳои аз назар пинҳон монанд ҳастед, ки мардум дар болои онҳо роҳ мераванд ва инро намедонанд».45Дар ҷавоб яке аз шариатдонон баӮгуфт: «Эй Ӯстод! Бо ин суханопат моро низ таҳқир мекунй».46Аммо Ӯ гуфт: «Вой бар ҳоли шумо низ, эй шариатдонон, ки борҳои душворро бар дӯши Мардум мегузоред, лекин худатон як апгуштро Ҳам ба он борҳо намерасонед.47«Вой бар ҳоли шумо, ки мақбараҳои акбиёро бино мекунед, ва ҳол он ки падарони шумо онҳоро куштаанд;48«Бо ҳамин шумо шоҳнд ва шарики аъмоли падарони худ мегардед, зеро ки онҳо анбиёро куштаанд, ва шумо мақбараҳошонро бино мекунед.49«Барои ҳамин ҳам ҳикмати Худо гуфтааст: „Ба наздашон анбиё ва ҳаввориёнро мефиристам, ва аз онҳо баъзеро хоҳанд кушт, ва баъзеро таъқиб хоҳакд кард;50«То ки хуни тамоми анбиё, ки аз аввали офариниши ҷаҳон рехта шудааст, ба гардани ин насл гузошта шавад:51«Аз хуни Ҳобил то хуни Закарьё, ки ваи дар миёни қурбонгоҳ ва маъбад кушта шудааст". Оре, ба шумо мегуям, ки он ба гардани ин насл гузошта хоҳад шуд.52«Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон, ки шумо калиди донишро гирифтаед: худатон надаромадед ва ба онҳое ки даромадан мехостанд, монеъ шудед».53Вакте ки Ӯ ин суханонро ба онҳо мегуфт, китобдонон ва фарисиён бошиддат Ӯро фишор дода, боз бисьёр чизҳоро аз Ӯ пурсидан гирифтанд,54Ва мунтазир буданд, то ки аз забонаш чизе бишнаванду Ӯро айбдор кунанд.