Tajik

Luke

14

1ЯК рӯзи шанбе Ӯ ба хонаи яке аз сардорони фарисиён барои хӯрок хӯрдан омад, ва онҳо Ӯро мушоҳида мекарданд:2Ва инак, марде пеши Ӯ омад, ки гирифтори бемории истисқо буд.3Исо ба шариатдонон ва фарисиён рӯ оварда, гуфт: Юё дар рӯзи шанбе ншфо додан ҷоиз аст ё не?»4Онҳо хомӯш монданд. Ва Ӯ он мардро ламс намуда, шифо бахшид ва фиристод.5Ва ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки хараш ё говаш ба даруни чоҳе афтода бошад, дарҳол онро дар рӯзи шанбе берун наоварад?»6Ба ин гап эроде гирифта натавонистанд.7Чун Ӯ пайхас намуд, ки даъватшудагон барои нишастани худ пешгоҳро интихоб мекунанд, ба онҳо масале гуфт:8«Вақте ки касе туро ба тӯи арӯсӣ даъват менамояд, дар пешгоҳ нанишин: мабодо дар миёни даъватшудагон шахси аз ту мӯҳтарамтаре бошад,9«Ва он касе ки туро ва ӯро даъват намудааст, назди ту биёяду гӯяд: "Ҷои худро ба ӯ бидеҳ"; ва он гоҳ бо хиҷолат дар тюини хона ҷой гирифтанат лозим мешавад.10«Балки, агар туро даъват карда бошанд, омада, дар поини хона бинишин, то он касе ки туро даъват намудааст, назди ту биёяду гуяд: "Эй дӯст! Болотар бинишин"; он гоҳ туро пеши ҳамнишинонат эҳтироме хоҳад буд,11«Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад».12Ва ба он касе ки Ӯро даъват намуда буд, гуфт: «Вакте ки хӯроки пешинӣ ё хӯроки бегоҳй ташкил мекунӣ, дӯстон ё бародарон ё хешон ё ҳамсоягони сарватдори худро даъват накун: мабодо онҳо низ туро даъват намоянд, ва мукофоти ту дода шавад.13«Балки, чун зиёфат медиҳй, мискинон, маъюбон, шалон ва кӯронро даъват намо,14«Ва ту хушбахт хоҳӣ буд, ки онҳо имконият надоранд мукофоте ба ту бидиҳанд; зеро ки дар рӯзи эҳьёи одилон мукофоте ба ту ато хоҳад шуд».15Яке аз онҳое ки бо Ӯ назди суфра нишаста буданд, ин сухаконро шунида, ба Ӯ гуфт: «Хушо касе ки дар Малакути Худо хӯрок хӯрад!»16Ва Ӯ ба вай гуфт: «Шахсезиёфати калоне ташкил карда, бисьёр касонро даънат намуд;17«Чун вақти зиёфат расид, ғуломи худро фиристод, то ки ба даъватшудагон гӯяд: "Биёед, зеро ки ҳама чиз тайёр аст".18«Ва ҳама, гӯё ки забон як карда бошанд, ба узрхоҳӣ сар карданд. Аввалин ба вай гуфт: "Ман замин харидаам, ва рафта онро диданам лозим аст; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ".19«Дигаре гуфт: "Ман панҷ ҷуфт барзагов харидаам ва меравам, ки онҳоро имтиҳон намоям; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ".20«Сеюмин гуфт: "Ман зан гирифтаам ва ба ин сабаб наметавонам биёям".21«Ва он ғулом омада, инро ба оғои худ хабар дод. Он гоҳ соҳиби хона дарғазаб шуда, ба ғуломи худ гуфт: "Зуд ба кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр баро, ва мискинон, маъюбон, шалон ва кӯронро ба ин ҷо биёр".22«Ва ғулом гуфт: "Эй оғо! Он чи гуфтӣ, иҷро шуд, ва боз ҷой ҳаст".23«Ва оғо ба ғулом гуфт: „Ба сари роҳҳо ва кӯчабоғҳо баромада, мардумро ба омадан ризо кун, то ки хонаи ман пур шавад;24"Зеро ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ яке аз он шахсони даъватшуда хӯроки маро нахоҳад чашид: зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон - кам"».25Бо Ӯ мардуми бисьёре равона буданд; ва Ӯ ба онҳо рӯ оварда, гуфт:26«Агар касе назди Ман ояд ва аз падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳамчунин аз ҷони худ нафрат накунад, вай наметавонад шогирди Ман бошад;27«Ва ҳар кӣ салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намекунад, наметавонад шогирди Ман бошад;28«Зеро кист аз шумо, ки бурҷе сохтанй шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ӯ имконияти ба анҷом расондани онро дорад,29«Ки мабодо, баъд аз ниҳодани таҳкурсии он, ба тамом карданаш қуввати ӯ нарасад, ва ҳамаи касоне ки инро мебинанд, ӯро тамасхур кунанд.30«Ва гӯянд: "Ин шахс ба сохтан шурӯь намуд ва ба тамом кардан қувваташ нарасид?"31«Ё кадом подшоҳ аст, ки ба муқобили подшоҳи дигар ба ҷанг даромаданӣ шуда, аввал нишаста маслиҳат накунад, ки оё бо даҳ ҳазор аскар қодир аст ба касе муқовимат намояд, ки бо бист ҳазор аскар бар зидди ӯ меояд?32«Вагар на, ҳанӯз ки вай дур аст, назди вай элчӣ фиристода, сулҳ металабад.33«Ҳамчунин ҳар яке аз шумо, агар аз тамоми дороии худ даст накашад, наметавонад шогирди Ман бошад.34«Намак хуб аст; лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад?35«На барои замин кор меояд, на барои нурӣ; онро бароварда мепартоянд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»