1ҲАМАИ боҷгирон ва гуноҳкорон назди Ӯ меомаданд, то ки суханони Ӯро гӯш кунанд.2Вале фарисиён ва китобдонон шиквакунон мегуфтанд: «Ӯ гуноҳкоронро пазироӣ мекунад ва бо онҳохӯрокмехӯрад».3Ва Ӯ ба онҳо ин масалро гуфт:4«Кист аз шумо, ки сад гӯсфанд дошта бошад ва яке аз онҳоро гум кунад, он наваду нӯҳро дар биёбон гузошта, аз ақиби он гумшуда намеравад, то даме ки онро биёбад?5«Ва чун ёфт, бо шодй онро бар китфи худ мегузорад;6«Ва ба хонаи худ омада, дӯстон ва ҳамсоягонро ҷеғ мезанад ва ба онҳо мегӯяд: "Бо ман шодӣ кунед, ки гӯсфанди гумшудаи худро ёфтаам".7«Ба шумо мегӯям, ки дар осмон барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, шодй зиёдтар хоҳад буд, назар ба наваду нӯҳ одиле ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд.8«Ё кадом зан аст, ки даҳ дирҳам дошта бошад ва як дирҳамро гум карда, шамъе дарнагиронад ва хонаро рӯфта, бодиққат ҷустуҷӯ накунад, то даме ки онро биёбад?9«Ва чун ёфт, дӯстон ва ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегӯяд: "Бо ман шодӣ кунед, ки дирҳами гумшудаи худро ёфтам".10«Ба шумо мегӯям, ки дар миени фариштагони Худо барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, ҳамин тавр шодӣ мешавад».11Боз гуфт: «Шахсе ду гщсар дошт;12«Ва хурдии онҳо ба падар гуфт: "Эй падар! Он қисми молу мулкро, ки бояд ба ман расад, ба ман деҳ". Ва падар дороии худро ба онҳо тақсим кард.13«Баъд аз чанд рӯз писари ҳурдӣ ҳар он чи дошт, ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо дороии ҳудро дар айшу нӯш исроф намуд.14«Вақте ки ҳамаашро сарф кард, қаҳтии сахте дар он кишвар рӯй дод, ва ӯ ба мӯҳтоҷӣ дучор шуд;15«Ва рафта, хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд, ки вай ӯро ба саҳрои худ фиристод, то ки хукбонӣ кунад;16«Ва ӯ орзу дошт шиками худро аз харнубе ки хукон мехӯрданд, пур кунад, лекин ҳеҷ кас онро ба ӯ намедод.17«Оқибат ӯ ба худ омада, гуфт: "Чй қадаре аз муздурони падарам нони фаровон доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасам!18«Бархоста, назди падарам меравам ва ба вай мегӯям: эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам,19«Ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам; марочун яке аз муздуронат қабул кун".20«Ва ӯ бархоста, сӯи падараш равона шуд. Ва ҳанӯз ӯ ҳеле дур буд, ки падараш ӯро дида, раҳмаш омад; ва тозон рафта, ӯро ба оғуш капшду бӯсид.21«Ва гщсар ба вай гуфт: "Эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам, ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам".22«Аммо падар ба ғуломони худ гуфт: "Либоси беҳтарине оварда, ба ӯ бипӯшонед, ва ангуштарин ба дасташ ва мӯза ба пойҳояш бидиҳед;23«Ва гӯсолаи охуриро оварда, сар буред: бихурем ва димоғчоқӣ кунем,24«Зеро ки ин писарам мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд". Ва ба димоғчоқй шурӯъ карданд.25«Лекин писари калонии вай дар саҳро буд; ва ҳангоме ки баргашта, ба хона наздик шуд, садоҳои суруду сурур ба гӯшаш расид;26«Ва яке аз хизматгоронро ҷеғ зада, пурсид, ки ин чӣ маъно дорад?27«Вай ба ӯ гуфт: "Бародарат омад, ва падарат гӯсолаи охуриро сар бурид, чунки ӯро сиҳат саломат дид".28«Ӯ ба хашм омада, нахост ба хона дарояд. Ва падараш баромада, ӯро ҷеғ зад.29«Аммо ӯ дар ҷавоби падараш гуфт: "Инак, чандин сол аст, ки ман ба ту хизмат мекунам ва ҳаргиз аз фармони ту гардан натофтаам; вале ту ҳаргиз ба ман як бузғола ҳам надодаӣ, то ки бо дӯстони худ димоғчоқӣ кунам;30«Ва чун ин писарат, ки дороии туро ба фоҳишаҳо барбод додааст, гашта омад, ту барои вай гӯсолаи охуриро сар буридаӣ".31«Ба ӯ гуфт: "Писарам! Ту ҳамеша бо ман ҳастй, ва ҳар он чи ман дорам, аз они туст;32«Аммо ба он мебоист шодй ва димоғчоқӣ мекардем, ки ин бародарат мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд"».