1ВА Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Хеҷ мумкин нест, ки васвасаҳо ба миён наоянд, лекин вой бар ҳоли касе ки ба воситаи вай ба миён оянд:2«Бар гардани вай санги осиёе овехта, вайро дар баҳр афкананд, барои вай беҳтар аст аз он ки вай яке аз ин тифлонро ба васваса андозад.3«Ба худ назорат кунед. Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, ба ӯ гап зада, фаҳмон, ва агар тавба кунад, ӯро афв намо;4«Ва агар рӯзе ҳафт карат ба ту гуноҳ кунад ва рӯзе ҳафт карат руҷӯънамуда, гӯяд: "Тавба кардам", - ӯро афв намо».5Ва ҳаввориён ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёд кун».6Худовапд гуфт: <сАгар шумо ба андозаи донаи хардал имон медоштед ва ба ин дарахти тут мегуфтед: "Решакан гардида, дар миёни баҳр ҷойгир шав", - он ба шумо итоат мекард.7«Кист аз шумо, ки ғуломаш ба шудгор ё ба чӯпонӣ машғул бошад ва ҳангоми аз саҳро баргаштанаш ба вай гӯяд: "Зуд омада, казди суфра бинишин"?8«Баръакс, оё ӯ ба вай намегӯяд: "Барои ман хӯроки бегоҳй тайёр кун ва камари худро баста, ба ман ҳизмат кун, то даме ки бихӯрам ва бинӯшам, ва баъд аз он худат биҳӯр ва бинӯш"?9«Оё ӯ ба он ғулом барои он ки фармонҳои ӯро ба ҷо овард, миннатдорӣ баён мекунад? Гумон намекунам.10«Ҳамчунин шумо низ, вақте ки ҳамаи фармонҳои ба шумо додашударо ба ҷо овардед, бигӯед: "Мо ғуломони ношоям ҳастем; чунки он чи карданамон лозим буд, кардем"».11Дар аснои роҳи Ерусалим Ӯ аз ҳудуди байни Сомария ва Ҷалил мегузашт.12Ва ҳангоме ки Ӯ ба қасабае дохил мешуд, даҳ шаҳси махавй аз пешаш баромаданд, ки аз дур истода,13Бо овози баланд мегуфтанд: «Эй Исои Ӯстод, ба мо марҳамат кун!»14Ва Ӯ, чун дид, ба онҳо гуфт: «Биравед ва худро ба коҳинон нишон диҳед». Ва онҳо дар вақти рафтанашон пок пгуданд.15Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, баргашта, бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонд,16Ва пеши пойҳоиӮ рӯй ба замин афтода, ба Ӯ ташаккур гуфт; ва ӯ марди сомарӣ буд.17Исо гуфт: «Оё даҳ нафар пок нашуданд?Пас он нӯҳ нафар куҷоянд?18Оё, ғайр аз ин аҷнабй, касе ёфт нашуд, ки баргашта, Худоро ҳамду сано ҳонад?»19Ва ба ваи гуфт: «Бархоста, бирав; имонат туро наҷот дод».20Чун фарисиён баӮ савол доданд, ки Малакути Худо кай меояд, дар ҷавоби онҳо гуфт: «Малакути Худо тавре намеояд, ки ба назар намоён шавад,21«Ва намегӯянд: "Инак, он дар ин ҷост", ё: "Инак, дар он ҷост"; зеро инак, Малакути Худо дар дохили шумост».22Ва ба шогирдон гуфт: «Айёме меояд, ки дидани фақат як рӯзи Писари Одамро орзу ҳоҳед кард, ва нахоҳед дид;23«Ва ба шумо хоҳанд гуфт: "Инак, дар ин ҷост", ё: "Инак, дар он ҷост", - наравед ва аз ақиби онҳо надавед;24«Зеро, чӣ тавре ки барқ аз як канори осмон дурахшида, то канори дигари осмон нур мепошад, Писари Одам дар рӯзи Худ ҳамин тавр хоҳад буд.25«Лекин аввал Ӯро лозим аст, ки бисьёр азоб кашад ва аз тарафи ин насл рад карда шавад.26«Ва чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ буд, дар айёми Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд:27«Мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд, ба шавҳар мерафтанд - то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштй даромад, ва тӯфон омада, ҳамаро нобуд кард.28«Ва чӣ тавре ки дар айёми Лут буд: мехӯрданд, менӯшиданд, мехариданд, мефурӯхтанд, мекоштанд, иморат мекарданд;29«Лекин дар рӯзе ки Лут аз Садӯм баромад, оташ ва кибрит аз осмон борид ва ҳамаро маҳв кард.30«Дар рӯзи зоҳир шудани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд.31«Дар он рӯз ҳар кӣ бар бом буда, чизҳояш дар хона бошад, барои гирифтани онҳо поён нафурояд; ва ҳар кӣ дар киштзор бошад, барнагардад:32«Зани Лутро ба хотир оваред.33«Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ онро барбод дихад, онро зинда хоҳад кард.34«Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре ки дар як ҷогаҳ бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;35«Аз ду зане ки якҷоя бо дастос машғул бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;36«Аз ду нафаре ки дар киштзор бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд».37Дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Куҷо, эй Худованд?» Ба онҳо гуфт: «Ҳар куҷо лоша бошад, каргасон низ дар он ҷо ҷамъ мешаванд».