Tajik

Luke

18

1ВА ба онҳо масале дар бораи он гуфт, ки кас бояд ҳамеша дуо гӯяд ва маъюс нашавад,2Ва гуфт: «Дар шаҳре қозие буд, ки ка тарсе аз Худо дошт ва на шарме аз мардум.3«Дар он шаҳр бевазане буд, ки назди ӯ омада, мегуфт: "Маро аз душманонам муҳофизат намо".4«Муддати дуру дарозе қозӣ беэътиноӣ кард. Вале баъдтар дар дили худ гуфт: "Гарчанде ки ман на тарсе аз Худо дорам ва на шарме аз мардум,5"Лекин азбаски ин бевазан маро ором намегузорад, вайро муҳофизат хоҳам кард, то ки ҳар дам омада, маро безор накунад"».6Ва Худованд гуфт: «Шунидед, ки ин қозии ноинсоф чӣ мегӯяд?7«Магар Худо баргузидагони Худро, ки рӯзу шаб ба даргоҳи Ӯ зорию илтиҷо мекунанд, муҳофизат намекунад, гарчанде ки дар муҳофизати онҳо таъхир менамояд?8«Ба шумо мегӯям, ки ба зудӣ онҳоро муҳофизат хоҳад кард. Лекин вақте ки Писари Одам биёяд, оё имонро бар замин ҳоҳад ёфт?»9Ҳамчунин барои касоне ки ба одил будани худ эътимод дошта, дигаронро хор медиданд, чунин масале гуфт:10«Ду кас ба маъбад барои ибодат даромаданд, ки яке фарисӣ ва дигаре боҷгир буд.11«Фарисӣ рост истода, дар дили худ чунин дуо мегуфт: "Худоё! Туро шукр мегӯям, ки монанди касони дигар: тороҷгарон, золимон, зинокорон, ё монанди ин боҷгир нестам:12"Ҳафтае ду карат рӯза медорам ва аз ҳар чизе ки ба даст меоварам, ушр медиҳам".13«Аммо боҷгир, дуртар истода, ҳатто ҷуръат надошт, ки чашмонашро сӯи осмон баланд кунад; балки синаи худро мезаду мегуфт: "Худоё! Ба мани гуноҳкор раҳм кун".14«Ба шумо мегӯям, ки ин шахс назар ба он шахс бештар сафед шуда ба хонаи ҳуд рафт: зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мешавад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз мешавад».15Кӯдаконро низ назди Ӯ меоварданд,то ки онҳоро ламс кунад; шогирдон инро дида, ба онҳо монеъ мешуданд.16Аммо Исо онҳоро ҷеғ зада, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро ки Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад;17«Ба ростй ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад».18Ва сардоре аз Ӯ пурсид: «Эй Ӯстоди некӯ! Чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?»19Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯй? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷуз Худои ягона.20«Аҳкомро медони: зино накун; қатл накун; дуздй накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун».21Гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакй нигоҳ доштаам».22Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Туро боз чизе намерасад: ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе ҳоҳй ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун».23Лекин вай, чун инро шунид, андӯҳгин шуд, зеро ки бағоят сарватдор буд.24Исо андӯҳи вайро дида, гуфт: «Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон чӣ гуна душвор аст!25«Зеро ки аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад».26Шунавандагон гуфтанд: «Пас кй метавонад наҷот ёбад?»27Гуфт: «Он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст».28Петрус гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем».29Ба онҳо гуфт: «Ба ростй ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё падару модар, ё бародарон, ё хоҳарон, ё зан, ё фарзандонро аз баҳри Малакути Худо тарк кунаду30«Дар ин замон ҳеле зиёдтар ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонй наёбад».31Ва он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба онҳо гуфт: «Инак, мо сӯи Ерусалим меравем, ва ҳар он чи бо забони анбиё дар бораи Писари Одам навишта шудааст, ба амал хоҳад омад:32«Зеро ки Ӯ ба дасти гайрияҳудиён таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро тамасхур кунанд, ҳақорат диҳанд, туфборон кунанд,33«Ва тозиёна зананд, бикушанд; ва дар рӯзи сеюм Ӯ зҳьё шавад».34Лекин онҳо чизе аз ин нафаҳмиданд; маънои ин суханон аз онҳо пӯшида буд, ва онҳо ба ин гуфтаҳо сарфаҳм нарафтанд.35Вакте ки Ӯ ба Ериҳӯ наздик мешуд, кӯре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид;36Ва чун шунид, ки аз пешаш мардум мегузаранд, пурсид: «Ин чист?»37Ба вай гуфтанд, ки Исои Носирй меояд.38Дарҳол фарьёд карда, гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун».39Онҳое ки дар пеш равона буданд, вайро ба ҳомӯш шуданводор карданд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун».40Исо истода, фармуд, ки вайро назди Ӯ биёранд. Ва ҳангоме ки наздик омад, аз вай пурсид:41«Чӣ меҳоҳӣ, ки барои ту бикунам?» Гуфт: «Худовандо! Мехоҳам бино шавам».42Исо ба вай гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо бахшид».43Вай дарҳол бино гашт ва, Худоро ситоишкунон, аз ақиби ӯ равона шуд. Ва тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано хонданд.